Главная / Чамъият / Мудофиаи граждани

Мудофиаи граждани

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи мудофиаи граждани

 МаЧлиси намояндагон 3 декабри соли 2003 кабул кардааст

МаЧлиси милли 12 феврали соли 2004 чонибдори намудааст 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2004, № 2, мод.38; с. 2007, № 3, мод.161;

Конуни ЧТ аз 27.11.2014 с., № 1147)

Конуни мазкур вазифахо, асосхои хукукии ташкил ва ба рох мондани мудофиаи гражданиро дар каламрави Чумхурии Точикистон, салохияти макомоти хокимияти давлати, ташкилотхо, сарфи назар аз шакли ташкили ва хукукиашон, шахсони мансабдор ва шахрвандон, инчунин кувва ва воситахои мудофиаи гражданиро дар сохаи мудофиаи граждани муайян менамояд.

 

Боби 1.

Мукаррароти умуми 

Моддаи 1. Мафхуми мудофиаи граждани

Мудофиаи граждани – маЧмуи чорабинихои умумидавлатии мудофиави ва мухофизатие мебошад, ки бахри химояи ахоли, иктисодиёт ва каламрави Точикистон то огоз ва хангоми сар задани амалиётхои чанги равона шудаанд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукуки байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифахои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон

 

Вазифахои асосии мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон аз инхо иборатанд:

– пешаки, дар замони осоишта, ба накша гирифтан ва гузаронидани чорабинихои мудофиаи граждани оид ба омода сохтани ахоли ва каламрави Точикистон бахри химоя хангоми сар задани амалиётхои Чанги ва баланд бардоштани устувории фаъолияти сохахои иктисодиёт дар замони Чанг;

– таъсис додан ва дар холати омодагии доими нигох доштани макомоти идора, кувва ва воситахои мудофиаи граждани, системаи идора, алока ва огохони, барои иЧрои вазифахо дар замони Чанг;

– ташкил, омода сохтан ва дар холати омодагии доими нигох доштани кисмхои харби ва Чузъу томхои зудамали кушунхои мудофиаи граждани, сохторхои наЧотдихи ва нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани бахри иЧрои вазифахо оид ба хифзи ахоли, иктисодиёт ва худуди Точикистон дар замони Чанг;

– ташкили захирахои эхтиётии сафарбарсозии амволи молу мулки махсуси мудофиаи граждани; (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

– ташкили фонди зарурии иншоотхои мухофизатии (панохгоххо) мудофиаи граждани;

– ташкили захирахои эхтиётии озука ва дорувори;

– ташкили тайёрии хайати рохбарикунанда ва фармондехи – сардорони макомоти идора ва куввахои мудофиаи граждани Чихати иЧрои вазифахояшон дар замони Чанг;

– ташкили омузиши ахоли оид ба мудофиаи граждани;

– анЧом додани назорати давлати ба риоя намудани талаботхои мухандиси – техникии мудофиаи граждани хангоми тахияи лоихахои сохтмони иншоотхо, бинохои маъмури, истикомати ва ба истифода додани онхо;

– ташкили шабакахои дидбони ва назорати лаборатории мудофиаи граждани;

– сари вакт огохонидани ахоли аз тахдиди сар задани амалиётхои Чанги, хатари хавои, радиатсиони, кимиёви, биологи (бактериологи) ва хатари дигар;

– Чойгирони ва эвакуатсияи ахоли аз шахрхои ба гурухи мудофиаи граждани мансубдонисташуда ва дигар махалхои ахолинишини дорои иншоотхои махсусан мухим, инчунин аз минтакахои тахти тахдиди зериобмони карордошта ва нохияхои наздисархади ба махалхои бехатар;

– ташкили панох намудани ахоли дар иншоотхои мухофизати ва таъмини онхо бо воситахои хифзи инфироди ва дорувори;

– гузаронидани чорабинихои рушноипинхонкуни дар махалхои ахолинишин ва иншоотхои иктисодиёт;

– анЧом додани корхои наЧотдихи ва таъхирнопазир;

– таъминоти аввалиндараЧаи ахолии дар натиЧаи амалиётхои Чанги зарардида, аз он Чумла бо хизматрасонии тибби, хамчунин расонидани ёрии аввалиндараЧаи тибби, таъминот бо Чои зист ва дидани чорахои дигари зарури;

– мубориза бар зидди сухторхое, ки дар натиЧаи амалиётхои Чанги ба вукуъ меоянд;

– муайян намудан ва нишон додани махалхое, ки дучори захролудшавии радиоактиви, кимиёви, биологи ва дигархо гаштаанд;

– безараргардонии ахоли, техника, бинохо, худуд ва гузаронидани чорабинихои дигари зарури;

– баркарор кардан ва нигох доштани тартибот дар махалхое, ки дар натиЧаи амалиётхои Чанги зарар дидаанд;

– таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи граждани хангоми Чанг;

– дафн намудани Часадхо хангоми Чанг;

– тахия ва амали намудани чорахо бахри нигох доштани иншоотхое, ки барои фаъолияти устувори иктисодиёт ва зисту зиндагонии ахоли, ки дар холати Чанги заруранд;

– таъмини омодагии доимии кувва ва воситахои мудофиаи граждани.

 

Моддаи 4. Асосхои ташкил ва Чори намудани мудофиаи граждани

 

Ташкил ва ба рох мондани мудофиаи граждани яке аз вазифахои мухимтарини давлат, кисми таркибии сохтмони мудофиави, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.

Мудофиаи граждани дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон аз руи принсипи худудию истехсоли ва бо назардошти хусусиятхои вилоятхо, шахру нохияхо ва дигар махалхои ахолинишин, инчунин ташкилотхо новобаста аз шакли ташкили ва хукукиашон ташкил карда мешавад.

Тайёрии давлат ба мудофиаи граждани пешаки дар замони осоишта бо дарназардошти тараккиёти силоху аслиха, техникаи харби ва воситахои хифзи ахоли аз воситахои хозиразамони хуЧум ва хатархое, ки дар натиЧаи амалиётхои Чанги ба вукуъ меоянд, амали карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба рох мондани мудофиаи граждани дар каламрави Чумхурии Точикистон ё дар махалхои алохидаи он аз лахзаи эълон шудани холати Чанги, амалан огоз ёфтани амалиётхои харби ё аз Чониби Президенти Чумхурии Точикистон эълон намудани вазъияти харби дар каламрави Чумхурии Точикистон ё дар махалхои алохидаи он огоз меёбад.

 

Моддаи 5. ДараЧабандии худудхо ва иншоотхои мудофиаи граждани

 

ДараЧабандии шахрхо, махалхои ахолинишин ва объектхои иктисодиёт бо максади ба таври комплекси ва тафрикави гузаронидани чорабинихои мудофиаи граждани амали карда мешавад.

ДараЧабандии шахрхо, махалхои ахолинишин ва объектхои иктисодиёт вобаста ба ахамияти сиёси, иктисоди ва мудофиави доштани онхо, мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Боби 2.

Ваколатхои макомоти хокимияти давлати дар

сохаи мудофиаи граждани

 

Моддаи 6. Ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани

 

Президенти Чумхурии Точикистон:

– сиёсати давлатиро дар сохаи мудофиаи граждани муайян месозад;

– Накшаи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

– Накшаи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро дар каламрави Чумхури ё дар махалхои алохидаи он ба таври пурра ё кисман Чори менамояд;

– сохтор, хайати кушунхои мудофиаи граждани, вохидхои штати ва махалхои Чойгиршавии онхо, Низомномаи кушунхои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

– ба хайати олии афсари рутбахои харби медихад ё рутбахои онхоро паст менамояд, махрум месозад ё баркарор менамояд;

– дигар ваколатхоро дар сохаи мудофиаи граждани, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, амали мегардонад.

 

Моддаи 7. Ваколатхои Хукумати Чумхурии  Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани

 

Хукумати Чумхурии Точикистон:

– татбики сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи мудофиаи граждани таъмин менамояд;

– дар доираи ваколатхои худ санадхои меъёрии хукукиро оид ба масъалахои мудофиаи граждани кабул менамояд;

– ба ташкил ва ба рох мондани мудофиаи граждани рохбари менамояд;

– тартиби банакшагири, маблаггузори ва таъминоти моддию техникии мудофиаи гражданиро муайян намуда, иЧрои онро назорат менамояд;

– ба Накшаи рушди иктисодию иЧтимоии Чумхурии Точикистон чорабинихои мудофиаи гражданиро дохил намуда, Чудо намудани маблагхои заруриро барои татбики онхо таъмин месозад;

– тартиб ва меъёрхои ба гуруххои мудофиаи граждани мансуб донистани шахрхо ва махалхои ахолинишин, инчунин иншоотхои махсусан мухимро, ки дар иктисодиёти мамлакат накши мухим мебозанд ё ба бехатарии ахоли таъсир мерасонанд, муайян месозад;

– Накшаи муайян намудани махалхои Чойгиркуни ва эвакуатсияи ахоли, инчунин арзишхои моддии мамлакатро дар холатхои ба миён омадани хавф ва огоз ёфтани амалиётхои Чанги тасдик менамояд;

– чорабинихоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти иктисодиёти мамлакат дар замони Чанг амали мегардонад;

– номгуи техникаи махсус ва молу мулкеро, ки макомоти идора, кисмхо ва Чузъу томхои мудофиаи граждани бо онхо муЧаххаз гардонида мешаванд, тасдик менамояд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

– номгуй, сохтор, хайат, пуррагардони ва муЧаххазгардонии макомоти идора ва нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани ва заминаи таъсисёбии онхоро муайян ва тасдик менамояд;

– ба вазоратхо, идорахо, макомоти  иЧроияи махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхо вазифахоро оид ба тайёр намудан ва ба макомот ва кушунхои мудофиаи граждани додани техника, воситахои алока ва дигар воситахои моддию техники хангоми эълони сафарбарсози ва иЧро намудани дигар вазифахои сафарбарсози мукаррар менамояд;

– тартиби ташкили фонди иншоотхои мухофизати ва дигар иншоотхои мудофиаи граждани, инчунин тартиби захиранамои, нигохдори ва истифодабарии захирахои моддию техники, хуроквори, тибби ва дигар воситахоро бо максадхои мудофиаи граждани муайян месозад;

– тартиб ва мухлатхои гузаронидани Чамъомадхои таълими ва махсуси хайати рохбарикунандаи мудофиаи гражданиро муайян месозад;

– шартномахои байнихукуматиро Чихати хамкорихо дар риштаи мудофиаи граждани ба имзо расонда, барои таъмини иЧрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон оид ба мудофиаи граждани чорахо меандешад;

– дигар ваколатхоро дар сохаи мудофиаи граждани тибки конунгузории Чумхурии Точикистон анЧом медихад.

 

Моддаи 8. Ваколатхои Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати

                    Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани

 

Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистонмакомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи мудофиаи граждани амали месозад.

Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистондар доираи ваколатхои худ:

– рохбарии хамарузаи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро амали сохта, барои ба рох мондан, тараккию ташаккул, тайёри ва омодагии доимии он Чавобгу мебошад;

-лоихахои санадхои меъёрии хукукиро оид ба таъсис, сохтор ва хайати макомоти идора, куввахо ва воситахои мудофиаи граждани, системаи идора, огохонидан ва алока, хифзи ахоли ва иктисодиёт хангоми руй додани амалиётхои Чанги ва оид ба дигар масъалахои мудофиаи граждани тахия ва ба баррасию  тасдики Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

-дар доираи салохиятхои худ карорхоро оид ба ташкил ва хамохангсозии чорабинихои мудофиаи граждани, ки иЧрои онхо ба рохбарони вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, раисони вилоятхо ва шахру нохияхо, инчунин ташкилотхо новобаста аз шакли ташкили ва хукукиашон, тамоми шахсони мансабдор ва ахолии Чумхурии Точикистон хатмист, кабул менамояд;

-Накшаи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро тахия менамояд;

-самтхои асосии фаъолияти мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро муайян месозад;

-сари вакт огохонидани хайати рохбарикунандаи мудофиаи граждани ва ахолии мамлакатро аз хавфи руй додани амалиётхои Чанги ва хатархое, ки дар натиЧаи амалиётхои Чанги ба амал меоянд, таъмин менамояд;

-тайёри ва омодагии сафарбарсозии макомоти идора ва куввахои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро амали ва таъмин месозад;

-идораи куввахои мудофиаи гражданиро дар Чараёни анЧом додани корхои наЧотдихи ва бартараф намудани окибатхои амалиётхои Чанги амали месозад;

-рохбарии кушунхои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро анЧом медихад;

-бонгхои огохкунии мудофиаи гражданиро дар каламрави Чумхурии Точикистон тахия ва Чори намуда, амалхои ахолиро дар асоси онхо ташкил ва идора менамояд;

-созмон, муЧаххаз гардондан ва дар холати омодагии доими нигох доштани нерухои гайрихарбии мудофиаи гражданиро таъмин менамояд;

-тайёрии хайати рохбарикунанда ва фармондехи-сардорони мудофиаи граждани, инчунин омузиши ахолии мамлакатро оид ба мудофиаи граждани ташкил менамояд;

-гуруххои куввахо ва воситахои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро созмон дода, идоракунии онхоро дар рафти бурдани корхои наЧотдихи ва таъхирнопазир ташкил менамояд;

-тахияи воситахои таълимию методи, барномахои тайёрии хайати рохбарикунанда, фармондехи-сардорон ва хайати шахсии макомоти идора, кушунхо ва нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани ва омузиши ахолиро оид ба мудофиаи граждани хамоханг месозад ва тасдик менамояд;

-бо тартиби мукарраргардида дархостхоро ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба ихтироъ, истехсол ва таъмини аслиха, техникаи харби, молу мулки махсус, инчунин таъмири техника ва дигар амволи мудофиаи граждани пешниход менамояд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

-ташкил ва назорати таъмини хаёт ва фаъолияти ахолии дар натиЧаи амалиётхои Чанги зарардидаро амали месозад;

-пешниходотро оид ба ташкили фондхои эхтиётии сафарбарсозии молу мулкимахсуси мудофиаи граждани тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон манзур менамояд, назорати доимиро Чихати пуррагардони, Чойгиркуни, шароити нигохдори ва сари вакт ивазкунии онхо вобаста ба мухлатхои нигохдориашон ба рох мемонад; (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

-гузаронидани корхои илми-тадкикоти, илми-техники ва таЧрибавию ихтироотиро оид ба масъалахои хифзи ахоли, иктисодиёт ва каламрави мамлакат аз воситахои хозиразамони зарбазананда ва хатархое, ки хангоми амалиётхои Чанги ба вукуъ меоянд, ташкил менамояд;

-назорати иЧрои конунгузории Чумхурии Точикистонро оид ба масъалахои мудофиаи граждани таъмин менамояд;

-хамкорихои байналмилалиро дар сохаи мудофиаи граждани анЧом медихад;

-дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани муайян намудааст, анЧом медихад.

 

Моддаи 9. Ваколатхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани

 

Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон:

-макомоти идораи мудофиаи гражданиро аз хавфи сар задани амалиётхои Чанги ва хатархое, ки дар натиЧаи амалиётхои Чанги ба вукуъ меоянд, инчунин аз эълони сафарбарсози огох месозад;

-ба макомоти идораи мудофиаи граждани маълумотро оид ба иншоотхои зарбахои эхтимолии мушаки ва хавоии душман, инчунин иншоотхо ва махалхои эхтимолии амалиётхои диверсиони-Чосусии душман пешниход менамояд;

-оид ба хайат, шумора ва таЧхизоти кисмхои харби ва сохторхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, ки барои иЧрои корхои наЧотдихи ва таъхирнопазир дар замони Чанг Чудо карда шудаанд, макомоти идораи мудофиаи гражданиро огох месозад;

-макомоти идораи мудофиаи гражданиро аз нохияхо ва махалхои ахолинишини каламрави Чумхурии Точикистон, ки барои Чойгир намудани ахолии эвакуатсияшуда ва куввахои мудофиаи граждани истифодаашон имконнопазир аст, огох месозад;

-ба макомоти идораи мудофиаи граждани маълумотро оид ба нуктахои Чамъшавии даъватшавандагон ва эхтиёЧоти нуктахои мазкур ба иншоотхои мухофизати ва воситахои хифзи инфироди пешниход менамояд;

-ба макомоти идораи мудофиаи граждани маълумотро оид ба хайати даъватшавандагони эхтиёти ва манбаъхои техникии иншоотхои иктисоди, ки дар замони Чанг барои эхтиёЧоти мудофиаи граждани истифода бурда мешаванд, пешниход менамояд;

-накшахои хамкорихоро оид ба масъалахои мудофиаи граждани тахия менамояд.

Дигар ваколатхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистонро дар сохаи мудофиаи граждани конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатхои вазорату идорахои Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани

 

Вазорату идорахои Чумхурии Точикистон:

-рохбарии мудофиаи граждании сохаро анЧом медиханд;

-санадхои меъёриро оид ба масъалахои мудофиаи граждани кабул намуда, талаботи онхоро ба маълумоти сохторхои таркибии худ расонида, иЧрои онхоро назорат мекунанд;

-чорабинихои мудофиаи гражданиро ба накша гирифта, онхоро дар сохторхои таркибии худ доир менамоянд;

-макомоти идора, кувва ва воситахои мудофиаи гражданиро таъсис дода, дар холати омодагии доими нигох медоранд, инчунин пуррагардони ва бо молу мулки зарури таъмин намудани онхоро амали месозанд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

-тайёрии хайати рохбарикунанда ва омузиши коргарону хизматчиёни соха ва ташкилотхои тобеъро оид ба мудофиаи граждани ташкил менамоянд;

-чорабинихои ташкили ва мухандисию техникии мудофиаи гражданиро, ки бахри нигох доштани ташкилотхо ва устувории фаъолияти онхо дар давраи Чанг равона карда шудаанд, тахия ва амали месозанд;

-чорабинихоро оид ба Чойгиркунони ва эвакуатсияи ташкилотхои тобеъ ва коргарону хизматчиёни онхо ба махалхои бехатар, ки мувофики накшаи мудофиаи граждани мукаррар карда шудааст, ба накша гирифта, дар таъмини омодагии саривактии ин махалхо барои кабули эвакуатсияшавандагон иштирок менамоянд;

-оид ба Чалби куввахои мудофиаи граждании тобеъ барои гузаронидани корхои наЧотдихи ва таъхирнопазир дар дигар ташкилотхо карор кабул менамоянд;

-бо тартиби мукарраршуда таъминоти молияви ва модди-техникии чорабинихои мудофиаи гражданиро, ки дар ташкилотхои тобеъ ва умуман дар соха гузаронида мешаванд, таъмин менамоянд;

-хангоми ба лоихагирии сохтмон ва баистифодадихии ташкилотхои тобеъ риоя гардидани меъёрхои мукарраршудаи мухандисию техникии мудофиаи гражданиро таъмин менамоянд;

-вобаста ба эхтиёЧоти мудофиаи граждани захирахои моддию техники, хуроквори, тибби ва дигар воситахоро ташкил ва нигох медоранд;

-дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани муайян намудааст, анЧом медиханд.

 

Моддаи 11. Ваколатхои макомоти иЧроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи мудофиаи граждани

 

Макомоти иЧроияи махаллии  хокимияти давлати:

-рохбарии мудофиаи гражданиро дар каламрави худ анЧом медиханд;

-таъсис додани макомоти идора, кувва ва воситахои мудофиаи гражданиро дар каламрави худ анЧом медиханд;

-дар доираи салохияти худ вобаста ба масъалахои ташкил ва ба рох мондани мудофиаи граждани дар каламрави худ карорхо кабул менамоянд;

-гузаронидани чорабинихои мудофиаи гражданиро ташкил намуда, накшахои мудофиаи гражданиро тахия ва амали месозанд;

-бахри дар холати омодагии доими нигох доштани макомоти идора, системаи огохкуни ва алока, кувва ва воситахои мудофиаи граждани чорахо меандешанд;

-тайёрии хайати рохбарикунанда ва фармондехи-сардорон, хайати шахсии нерухои гайрихарбии мудофиаи гражданиро амали месозанд;

-омузиши ахолиро оид ба мудофиаи граждани ташкил менамоянд;

-сари вакт огохонидани ахолиро оид ба сар задани амалиётхои Чанги ва хатархое, ки дар натиЧаи бурдани амалиётхои Чанги ба вукуъ меоянд, таъмин менамоянд;

-махалхои бехатар ва муассисахои табобатиро барои Чойгир намудани ахолии эвакуатсияшаванда тайёр менамоянд;

-чорабинихоро Чихати эвакуатсия намудани ахоли ва арзишхои модди ва фарханги ба махалхои бехатар Чойгир намудани онхо, кушодани муассисахои табобати ва дигар муассисахое, ки барои таъминоти аввалиндараЧаи ахолии зарардида заруранд, анЧом медиханд;

-Чалб ва истифода бурдани кувва ва воситахои дар ихтиёрашон бударо барои амали намудани чорабинихои мудофиаи граждани таъмин менамоянд;

-фонди зарурии иншоотхои мухофизатии (панохгоххои) мудофиаи гражданиро дар каламрави худ ташкил медиханд;

-барои нигохдори ва хифзи захирахои сафарбарсозии молу мулки махсуси мудофиаи граждани шароит мухайё намуда, инчунин захираи амволи хамаруза истифодашавандаи мудофиаи гражданиро ташкил ва нигохдории онхоро таъмин менамоянд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

-чорабинихои баланд бардоштани устувории фаъолияти сохахо ва ташкилотхоро дар замони Чанг амали месозанд;

-вобаста ба эхтиёЧоти мудофиаи граждани захирахои моддию техники, хуроквори, тибби ва дигар воситахоро ташкил ва нигох медоранд;

-назорати холати мудофиаи гражданиро дар каламрави худ анЧом медихад;

-дигар ваколатхоро оид ба масъалахои мудофиаи граждани тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардонанд.

 

БОБИ 3.

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ТАШКИЛОТХО ВА ШАХРВАНДОН ДАР

СОХАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНи

 

Моддаи 12. Хукук ва ухдадорихои ташкилотхо дар сохаи мудофиаи граждани

 

Ташкилотхо дар доираи салохияти худ ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон:

-чорабинихои мудофиаи гражданиро ба накша мегиранд ва доир менамоянд;

-макомоти идора, кувва ва воситахои мудофиаи гражданиро таъсис дода, тайёри, омодагии доими ва таъминоти моддию техникии онхоро бахри иЧрои вазифахои мудофиаи граждани таъмин менамоянд;

-дар доираи салохияти худ оид ба масъалахои ташкил ва ба рох мондани мудофиаи граждани дар ташкилотхо карорхо кабул менамоянд;

-тайёрии хайати рохбарикунанда ва фармондехи-сардорон, хайати шахсии нерухои гайрихарби, инчунин омузиши коргарону хизматчиёни муассисахоро оид ба мудофиаи граждани ташкил менамоянд;

-чорабинихоро оид ба хифзи коргарону хизматчиён ва аъзои оилаи онхо, фондхои асосии истехсоли, ашёи хом ва махсулоти тайёр дар замони Чанг ба накша гирифта, амали месозанд;

-чорабинихоро Чихати баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотхо дар замони Чанг тахия ва татбик менамоянд;

-системаи огохкуни ва алокаро ташкил намуда, онро дар холати омодагии доими барои истифодабари нигох медоранд;

-вобаста ба эхтиёЧоти мудофиаи граждани захирахои моддию техники, хуроквори, тибби ва дигар воситахоро ташкил ва нигох медоранд;

-амалиёти дурусти коргарону хизматчиёни муассисахоро дар асоси бонгхои огохкунандаи мудофиаи граждани ташкил менамоянд;

-корхои наЧотдихи ва таъхирнопазирро дар худуди худ ташкил менамоянд ва анЧом медиханд;

-бо макомоти махаллии мудофиаи граждани дар иЧрои вазифахои гузошташуда хаматарафа мусоидат ва хамкори менамоянд, оид ба хифзи иЧтимоии хизматчиёни харби ва хайати шахсии нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани, коргарону хизматчиён ва дигар шахсоне, ки барои иЧрои чорабинихои мудофиаи граждани Чалб карда мешаванд, чорахои иловаги меандешанд.

Ташкилотхое, ки дорои истехсолоти нисбатан хатарнок мебошанд, ё ин ки дар рафти истехсолот моддахои хатарнокро истифода мебаранд, инчунин дорои ахамияти мудофиави ва иктисоди ё ин ки ифодакунандаи дараЧаи баланди хавфи ба вукуъ омадани холатхои фавкулодда дар замони осоишта ва Чанг мебошанд, нерухои махсуси гайрихарбии мудофиаи гражданиро таъсис дода, онхоро дар холати омодагии доими нигох медоранд.

 

Моддаи 13. Хукукхо ва вазифахои шахрвандони Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиаи граждани

 

Шахрвандони Чумхурии Точикистон мувофики конунхо ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон:

-дар иЧрои чорабинихои мудофиаи граждани иштирок намуда, талаботи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукиро дар ин соха иЧро менамоянд;

-воситахои хифз аз хатархоеро, ки хангоми сар задан ва рафти амалиётхои Чанги ба вукуъ меоянд, меомузанд;

-ба макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхо дар халли масъалахои сохаи мудофиаи граждани ёри мерасонанд.

 

Боби 4.

Рохбари ва идораи мудофиаи граждани

 

Моддаи 14. Рохбарии мудофиаи граждани

 

Рохбарии мудофиаи гражданиро дар Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон амали месозад.

Раиси Хукумати Чумхурии Точикистон Сардори мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон мебошад. У рохбари ва идораи умуми ва бевоситаи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро амали менамояд.

Муовини аввали Сардори мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон –  Раиси Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад. У рохбарии хамарузаи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистонро дар асоси нишондодхои Сардори мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон амали сохта, фармондехи кушунхои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон мебошад.

Рохбари ва идораи мудофиаи граждани дар вазорату идорахо ва ташкилотхо аз Чониби вазирон, рохбарони идорахо ва ташкилотхо, ки мутобикан сардорони мудофиаи граждании вазорату идорахо ва ташкилотхо мебошанд, амали карда мешавад.

Рохбари ва идораи мудофиаи граждани дар каламрави Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо аз Чониби раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо, ки мутобикан сардорони мудофиаи граждании вилоятхо, шахру нохияхо мебошанд, амали карда мешавад.

Сардорони ситодхои оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилоятхо ва шахру нохияхо бошанд, муовинони аввали сардорони мудофиаи граждании вилоятхо ва шахру нохияхо мебошанд ва рохбарии хамаруза ва ба рох мондани мудофиаи гражданиро дар каламрави вилоятхо ва шахру нохияхо амали месозанд.

 

Моддаи 15. Макомоти идораи мудофиаи граждани

 

Макомоти идораи мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон дар Чумхури, Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо инхо мебошанд:

а) дар Чумхури, вилоятхо, шахру нохияхо:

–  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон,  ситодхои оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилоятхо ва шахру нохияхо;

-комиссияхои эвакуатсионии Чумхурияви, вилояти, шахри ва нохияви;

-комиссияхои Чумхурияви, вилояти, шахри ва нохияви оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти сохахо ва ташкилотхо дар замони Чанг;

-хадамоти мудофиаи граждании Чумхурияви, вилояти, шахри ва нохияви.

б)  дар вазоратхо, идорахо ва ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкили ва хукукиашон:

-дастгохи идораи дахлдор ва ситодхои оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани;

-комиссияхои эвакуатсиони;

-комиссияхои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти сохахо ва ташкилотхо дар замони Чанги;

-хадамотхои мудофиаи граждани.

Ба ситодхо оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилоятхо ва шахру нохияхоро хизматчиёни харбие, ки аз Чониби  раиси кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистонба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, рохбари менамоянд.

Ситодхо оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилоятхо ва шахру нохияхо аз хисоби хизматчиёни харби ва хизматчиён, дар асоси Чадвали штатии аз Чониби  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистонтахияшуда, вобаста ба шумораи штатии хайати шахсии барои он мукарраршуда, пурра карда мешаванд.

Ситодхо оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании вазоратхо, идорахо, ташкилотхо ва хадамотхои мудофиаи гражданиро муовинони аввали рохбарони (сармухандисони) вазоратхо, идорахо ва ташкилотхо сардори менамоянд.

Вазорату идорахо ва ташкилотхое, ки ба гуруххои мудофиаи граждани мансуб дониста шудаанд, ё ин ки дар базаи онхо хадамоти мудофиаи граждани таъсис дода шудааст, инчунин дар таъмини фаъолияти хаётии мамлакат ахамияти багоят мухим доранд, ухдадоранд дар Чадвали штатиашон кормандони масъулро (сармутахассисро) оид ба мудофиаи граждани дар доираи хукукхои шуъбахои асоси бо иЧрои вазифаи муовини сардори ситоди холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани ё дигар вазифаи рохбарикунанда дар ситоди зикршуда дошта бошанд.

Комиссияхои эвакуатсиони ва комиссияхои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти сохахо ва ташкилотхо дар замони Чанг бо максади пешаки ба накша гирифтан, тайёри ва амали сохтани вазифахои махсуси мудофиаи граждани дар замони Чанг таъсис дода мешаванд.

Хадамоти мудофиаи граждани бахри иЧрои чорабинихои мухандиси-техники, тибби ва дигар чорабинихои махсуси мудофиаи граждани ва вобаста ба ин вазифахо тайёр намудани кувва ва воситахо, шароитхо ва инчунин таъмини амалиёти куввахои мудофиаи граждани дар рафти гузаронидани корхои наЧотдихи ва таъхирнопазир таъсис дода мешаванд.

Макомоти идораи мудофиаи граждании хама гуна дараЧахо бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон, карорхои раисони вилоятхо, шахру нохияхо ва дар вазорату идорахо ва ташкилотхо бошад, бо фармонхои алохидаи сардорони мудофиаи граждании онхо таъсис дода мешаванд.

Хукук ва вазифахои макомоти идораи мудофиаи граждани, сохтор, тартиби таъсисдихи ва пуррагардонии онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян месозад.

 

Боби 5.

Куввахо, шабакахои дидбони ва назорати

лаборатории мудофиаи граждани

 

Моддаи 16. Куввахои мудофиаи граждани

 

Куввахои мудофиаи граждани аз кисмхои харби ва Чузъу томхои мудофиаи граждани, дигар вохидхои харбикунонидашудаи  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон,  нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани, ки дар вазорату идорахо, ташкилотхо, хадамоти мудофиаи граждани, инчунин кисмхои харби, Чузъу томхои сохторхои кудратии Чумхурии Точикистон, ки мувофики накшахои мудофиаи граждани барои бартараф сохтани окибатхои амалиётхои Чанги ва холатхои фавкулоддаи замони осоишта Чудо карда мешаванд, иборатанд.

 

Моддаи 17. Кушунхои мудофиаи граждани ва вазифахои асосии онхо

 

Кушунхои мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон сохтори давлатии харби буда, барои халли масъалахои мудофиаи граждани таъин шудаанд.

Кушунхои мудофиаи граждани асоси куввахои мудофиаи гражданиро ташкил медиханд.

Кушунхои мудофиаи граждани бо техникаи махсус, инчунин бо силохи оташфишон ва сард таЧхизонида мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

Фаъолияти кушунхои мудофиаи граждани аз лахзаи эълон шудани холати Чанги, хакикатан огоз ёфтани амалиётихои харби ё аз Чониби Президенти Чумхурии Точикистон дар каламрави Чумхурии   Точикистон ва ё дар махалхои алохидаи он Чори карда шудани вазъияти харби, инчунин дар замони осоишта дар холатхои ба вукуъ омадани офатхои табии, эпидемияхо, эпизоотияхо, эпифитотияхо, садамахои калон ва фоЧиахое, ки саломатии ахолиро зери хатар монда, гузаронидани корхои наЧотдихи ва таъхирнопазирро талаб менамоянд, огоз меёбад.

Вазифахои асосии кушунхои мудофиаи граждани аз инхо иборатанд:

-кофтуков ва наЧотдихии одамоне, ки хангоми амалиётхои Чанги ва холатхои фавкулодда дар зери вайронахо, дар бинохо ва иншоотхои харобгардида, осебдида ва оташгирифта дармондаанд;

-расонидани ёрии аввалаи тибби ба Чабрдидагон ва тайёр намудани онхо барои эвакуатсия ба муассисахои муолиЧави;

-бурдани тадкикоти мухандиси, кушодани таххонахои зери вайронахо монда ва харобгардида, тоза намудани вайронахо, дар онхо сохтани рохравхо ва гузаргоххо, рафъи садамахо ва окибатхои онхо дар шабакахои коммуналию энергетики ва технологи омодасозии хати харакат, таЧхизонидани нуктахои идоракуни;

-таъмини гузаронидани корхои наЧотдихи ва таъхирнопазир  бо пешбурди тадкикоти радиатсиони, кимиёви, бактериологи (биологи), анЧом додани назорати дозиметри ва кимиёвии вохидхо;

-гузаронидани коркарди махсуси хайати шахсии вохидхо ва нерухои ба ихтиёри онхо додашуда;

-гузаронидани дегазатсия, дезактиватсия ва дезинфексияи сару либос ва дигар воситахои модди, махалхо, роххо, иншоотхо ва хангоми зарурат гузаронидани коркарди санитарии ахоли;

-гузаронидани муоинаи зиддисухтори, махдуд ва хомуш сохтани сухторхо дар хатхои харакат ва мавзеъхои осебдида;

-рафъи садамахо дар хатхои алока бахри таъмини алокаи боэътимод, ки идоракунии вохидхо ва нерухои ба ихтиёри онхо додашуда, инчунин алокаро бо макомоти идораи болои ва куввахои хамкор таъмин менамоянд;

-муоинаи сарчашмахои об, ба даст овардан, тоза кардан ва бо об таъмин намудани хайати шахсии Чузъу томхо ва нерухои ба ихтиёри онхо додашуда;

-ошкор сохтан, безарар ва нобуд сохтани лавозимоти Чангии натаркида (аз Чумла бомбахои авиатсиони) ва дигар маводи хатарноки тарканда, инчунин тоза кардани вайронахо ва кисмхои осебдидаи конструксияхои иншоотхо бо усули тарконидан;

-гузаронидани санЧишхои кимиёвию радиометри Чихати муайян намудани моддахои радиоактиви, захролудкунанда ва дигар маводи захрнок, танзими дараЧа ва таъмири таЧхизотхои дозиметри ва воситахои хифзи инфироди, назорати холати воситахои хаводихии иншоотхои мухофизати;

-таъминоти техники ва акибгохии Чузъу томхо.

Рохбарии бевоситаи кушунхои мудофиаи гражданиро  Раиси Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии ТочикистонанЧом медихад.

Тартиби пурра кардан ва таЧхизонидани кушунхои мудофиаи граждани, хайат ва вазифахои онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани

 

Нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани – ин отрядхо, командахо, бригадахо, дружинахо ва дигар нерухое мебошанд, ки дар заминаи ташкилотхо бо принсипи худудию истехсоли дар асоси штатхои мукарраркардашуда таъсис дода шуда, бо техника ва молу мулки махсус муЧаххаз ва барои иЧрои вазифахои мудофиаи граждани омода карда шудаанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба нерухои гайрихарби шахрвандони Чумхурии Точикистон метавонанд дохил шаванд: мардхои синни аз 18 то 63-сола, занхои синни аз 18 то 58 – сола, гайр аз шахсони ухдадории харби дошта, ки амрномахои сафарбарсози доранд, маъюбони гуруххои I, II, III, занхои хомиладор, занхое, ки дорои фарзандони то синни 8 – сола мебошанд, инчунин занхое, ки маълумоти миёна ва олии тибби гирифта, фарзандони то синни 3-сола доранд.

Тартиби таъсис додан ва фаъолияти нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани аз Чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Шабакахои дидбони ва назорати лаборатори

 

Назорати захролудшавии мухити зист бо моддахои радиоактиви, кимиёви, биологи (бактериологи) ва дигар воситахо, инчунин хангоми сар задани эпидемияхо, эпизоотияхо, эпифитотияхо ва дигар касалихои сирояткунанда аз Чониби шабакахои дидбони ва назорати лаборатори бурда мешавад.

Ба хайати шабакахои дидбони ва назорати лаборатории мудофиаи граждани дохил мешаванд:

-стансияхои санитари-эпидемиологи;

-лабораторияхо ва стансияхои ветеринари;

-лабораторияхои агрокимиёви;

-стансияхои мухофизати растанихо;

-стансияхои обу хавосанЧи;

-лабораторияхои назорати аналитикии мухити зист.

Шабакаи дидбони ва назорати лаборатори дар замонхои осоишта ва Чанг вазифадор аст, ки мунтазам ва сари вакт оид ба холати мухити зист ва сар задани эпидемияхо, эпизоотияхо, эпифитотияхо ва дигар касалихои сирояткунанда ба макомоти идораи мудофиаи граждани маълумот дихад, чорахои зарури андешад ва вазифахое, ки оид ба мудофиаи граждани дар назди онхо гузошта мешаванд, иЧро намояд.

Тартиби ташкил ва пешбурди шабакахои дидбони ва назорати лаборатори аз Чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 6.

Тайёри ва омузиш оид ба мудофиаи граждани

 

Моддаи 20. Тайёрии хайати рохбарикунанда, фармондехи ва сардорон, хайати шахсии кушунхо ва

                       нерухои гайринизомии мудофиаи граждани

 

Тайёрии хайати рохбарикунанда ва фармондехи  ва сардорони мудофиаи граждани чунин амали сохта мешавад:

-дар Маркази таълими-методии оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон, дар курсхои оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилояти ва байнинохияви бо озод намудан аз истехсолот, нигох доштани музди миёнаи мехнат ва пардохти хароЧоти сафари хизмати аз Чои кори асоси, тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон;

-дар ташкилотхо, хар сол бе озод намудан аз истехсолот, тибки барномахои тайёрии онхо, ки аз Чониби  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистонтахия ва тасдик карда мешаванд.

Тайёрии хайати фармондехи ва шахсии кушунхои мудофиаи граждани ва сохторхои наЧотдихи дар марказхои таълими , дар махалхои Чойгиршавии доими, инчунин дар Чамъомадхо ва машгулиятхои гуногун, ки берун аз кисмхои харби ва Чузъу томхо гузаронида мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистонва мувофики барномахои тайёрии онхо баргузор мегарданд.

Тайёрии хайати шахсии нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани дар Чои кор бе озод намудан аз истехсолот, мувофики барномахои тайёрии онхо, ки аз Чониби  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик карда мешавад, амали мегардад.

 

Моддаи 21. Омузиши ахоли оид ба мудофиаи граждани

 

Омузиши ахоли оид ба мудофиаи граждани дар Чои кор ва истикомат мувофики барномахои омузиши ахоли оид ба мудофиаи граждани, ки аз Чониби  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистонтахия ва тасдик шудаанд ва дар асоси тартиби мукаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон бо роххои гузаронидани машгулиятхо ва машкхо, инчунин аз тарики воситахои ахбори умум анЧом дода мешавад.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба синни 16-солаги расидаанд, ба омузиши мудофиаи граждани Чалб карда мешаванд.

Омузиши кормандоне, ки ба хайати нерухои гайрихарби ва хадамоти мудофиаи граждани шомил нагаштаанд, дар Чои кор бе озод намудан аз истехсолот амали карда мешавад.

Омузиши хонандагони мактабхои тахсилоти хамагони ва омузишгоххои касбию техники, донишЧуёни мактабхои оли, миёнаи махсус ва дигар муассисахои таълими дар вакти таълим, мувофики барномахои аз Чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикшуда ва бо тартиби мукаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

Омузиши ахолии бекор дар Чои зист бо тартиби мукаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

 

Боби 7.

Таъминоти молияви ва моддию техникии мудофиаи граждани.

МОЛУ МУЛКИ мудофиаи граждани

(КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Моддаи 22. Таъминоти молиявии чорабинихои мудофиаи граждани

 

Таъминоти молиявии чорабинихои мудофиаи граждани ба таври зайл сурат мегирад:

-дар вазорату идорахо ва ташкилотхои буЧетии тобеи онхо-аз хисоби маблагхои буЧети давлати;

-дар вилоятхо, шахру нохияхо ва ташкилотхои буЧетии тобеи онхо-аз хисоби маблагхои буЧетхои дахлдор;

-дар дигар ташкилотхо-аз хисоби маблагхои худи онхо.

Таъминоти молиявии чорабинихои мудофиаи граждани метавонад аз хисоби маблагхои фондхои Чамъияти амали гардад.

Гурухбандии чорабинихои мудофиаи граждани аз Чониби  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон  дар мувофика бо вазорату идорахои дахлдори Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 23. Таъминоти кушунхо ва дигар сохторхои харбикунонидашуда, макомоти идора ва

                       муассисахои мудофиаи граждани

 

Кисмхои харби, Чузъу томхо ва дигар сохторхои харбикунонидашудаи мудофиаи граждани, инчунин хизматчиёни макомоти идора, нуктахои фармондехи, Маркази таълимию методии оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании Чумхурии Точикистон, курсхои вилояти ва байнинохиявии оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани, лаборатория ва дигар муассисахои оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани аз хисоби буЧетхои махалли ва Чумхурияви бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд.

Макомоти идора, курсхо, озмоишгоххо, нуктахои идоракуни, дигар муассисахои мудофиаи граждани дар вазоратхо, идорахо ва ташкилотхои вилоятхо, шахрхо инчунин кормандони ин макомоту идора ва муассисахо ба истиснои хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро дар  Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистонва сохторхои таркибии он адо менамоянд, мутобикан аз хисоби сметаи хароЧоти нигохдории вазорату идорахо, ки аз буЧети Чумхурияви ва маблагхои худии ташкилотхо Чудо карда мешавад, нигох дошта мешаванд.

 

Моддаи 24. Таъминоти моддию техникии эхтиёЧоти мудофиаи граждани

 

Таъминоти моддию техникии халли вазифахои мудофиаи граждани аз хисоби воситахое, ки барои маблаггузории чорабинихои мудофиаи граждани, нигохдории кисмхои харби, Чузъу томхо, макомоти идоракунанда ва дигар муассисахои мудофиаи граждани Чудо карда мешаванд, сурат мегирад.

Барои таъмини макомоти идора, нерухои гайрихарбии мудофиаи граждани, кормандон, хизматчиёни ташкилотхо ва ахоли бо молу мулки мудофиаи граждани дар вилоятхо, шахру нохияхо, манбаъхои эхтиёти ва дар ташкилотхо бошад, захирахои эхтиётии ин воситахо ташкил карда мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

Номгуй, хаЧм, тартиб ва мухлати Чамъоварии манбаъхо ва захирахои эхтиётии ин воситахо, инчунин тартиби истифодаи онхо аз Чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 25. Молу мулки мудофиаи граждани

(КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Ба молу мулки мудофиаи граждани иншоотхои мухофизати, воситахои огохкунии мутамарказонидашуда, озмоишгоххо, анборхои воситахои хифзи инфироди, таЧхизоти тадкикоти, радиатсионию кимиёви, назорати дозиметри ва дигар воситахои моддию техникие, ки моликияти Чумхурияви ё коммуналии мудофиаи граждани мебошанд, инчунин аз хисоби буЧетхои дахлдор, маблагхои вазорату идорахо ва муассисахо ташкил ё харидори гардидаанд ва ба манфиати мудофиаи граждани истифода мешаванд, дохил мешаванд.

Бо дигар максадхо истифода бурдани молу мулки мудофиаи граждани манъ аст.

Дар иншоотхои радиатсиони, кимиёвии хатарнок ва тарканда, додани молу мулки мудофиаи граждани хамчун моликияти вохидхои маъмурию худуди, моликияти коммунали, инчунин ба иЧора додани онхо манъ аст.

Ба дигар ташкилотхо додани молу мулки мудофиаи граждани дар асоси тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Дар сурати тагйир ёфтани сохтори идора, шакл ва усулхои фаъолияти хоЧагидори, ташкилотхои ба дигар сохтор додашаванда ё ба дигар шакли ташкили ва хукуки гузаранда, таъиноти максадноки молу мулки мудофиаи граждани инчунин супоришхо оид ба ташкил ва захираи онхо нигох медоранд.

(КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Боби 8.

Кафолатхои давлатии химояи хукуки ва иЧтимоии

хизматчиёни харбии мудофиаи граждани

 

Моддаи 26. Кафолатхои давлатии химояи хукуки ва иЧтимоии хизматчиёни харбии мудофиаи граждани

 

Хизматчиёни харбии кисмхои харби, Чузъу томхо, макомоти идора ва муассисахои мудофиаи граждани хизмати хакикии харбиро адо мекунанд. Хизматчиёни харби дар масъалахои адои хизмати харби, таъминоти пули ва дигар навъхои таъминот, химояи хукукию иЧтимои ва дигар намудхои химоя аз тамоми хукукхо, кафолатхои давлати ва Чубронпулихое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои хизматчиёни харбии Куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон муайян кардааст, истифода мебаранд.

Чалб кардани хизматчиёни харбии кушунхо, Чузъу томхо ва дигар вохидхои харбикунонидашуда, макомоти идора ва муассисахои мудофиаи граждани ба иЧрои вазифахои ба онхо мансубнабуда манъ аст.

Хукук, кафолатхои  давлати ва Чубронпулихо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои аъзои оилаи хизматчиёни харбии Куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон пешбини менамояд, ба аъзои оилаи хизматчиёни харби, кушунхо, Чузъу томхо, вохидхои харбикунонидашуда ва макомоти идораи мудофиаи граждани низ татбик карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Сугуртаи шахсоне, ки барои иЧрои чорабинихои мудофиаи граждани Чалб карда мешаванд.

 

Шахсоне, ки бо карори макомоти давлати барои кор, Чихати чорабинихои мудофиаи граждани Чалб карда мешаванд (ба сафари хизмати фиристода мешаванд) дар холати ба халокат расидан (фавтидан) ё расидани осеб ба саломатиашон, бояд пешаки бо сугуртаи хатмии давлати фаро гирифта шаванд.

Тартиби сугуртаи хатмии давлатии шахсоне, ки барои иЧрои чорабинихои мудофиаи граждани Чалб карда мешаванд, аз Чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 9.

Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 28. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

(КЧТ аз 27.11.14с., №1147)

 

 

Моддаи 29. Дар бораи беэътибор донистани Конуни амалкунандаи Чумхурии Точикистон

                       «Дар бораи мудофиаи граждани»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи мудофиаи граждани» (Ахбори МаЧлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1995, №22, моддаи 274, соли 1998, № 22, моддаи 316) аз эътибор сокит карда шавад.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                            Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе,  28 феврали соли 2004

№ 6

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …