Главная / Гуногун / Муборизаи миллию озодихохии халки мугул

Муборизаи миллию озодихохии халки мугул

Охирхои асри XIX аввали асри XX даврае буд, ки харакати миллию озодихохи мамлакатхои зиёди Шаркро фаро гирифта буд, аз он чумла Мугулистонро хам. Баромадхои номуташаккили аратхо бар зидди манчурхо ва феодалони худи, ки дар тамоми тули асри XIX чой доштанд, дар огози асри XX оммахои васеи ахолиро фаро гирифтанд.

Соли 1900 бо сардории арат Энх-Тайван шуриши аскархои гарнизони Улятсутай ба амал омад. Ин аскарон аз хисоби ахолии мугул ба хизмат сафарбар карда шуда буданд, то ки тавассути онхо шуриши “ихэтуан”-хои Чин пахш карда шавад. Лекин аскарони мугул аз пахш кардани шуриши “ихэтуан”-хо руй тофта, худашон ба шуриши зидди зулми чиноихо бархостанд.

m4

Шуриши аратхои аймаки Дзасактухан, ки дар гарбии Халха вокеъ гардидааст, хеле овозадор буд. Ба он Аюша ном арат рохбари мекард. Барои фаъолияти озодихохи манчурхо уро борхо ба махбас партофтаанд. Соли 1911, вакте ки баромадхои зиддитеини тамоми Мугулистонро фаро гирифта буданд, дар зери рохбарии Аюша дар хошуни у макомоти худидоракуни (дугуйлан)-и аратхоро ташкил намуд, ки он хокимияти хошун ва амалдорони манчуриро эътироф намекард.

Яке аз муборизони машхури дигари харакати миллию озодихохонаи зидди Чин дар Мугулистон Тогтохо буд. У дастаи фидоиёнро ташкил карда, дар аймаки Сетсенхан (шаркии Мугулистон) амал мекард. Соли 1909 дастаи чазодихандагони ба ин чо фиристодаи Чин фидоиёни Тогтохоро шикаст медихад. У бо хамрохии як гурухи начандон калони фидоиён бо ичозати хукуматдорони Русия аз сархад гузашта, дар Забайкале сокин мешавад. Кисми дигари ин фидоиён то аз хоки Мугулистон пеш карда шудани манчурхо, яъне то соли 1911 аз мубориза даст накашид.

Аввалхои соли 1911 баромадхои зиддитеини кариб тамоми Мамлакатро фаро мегиранд. Ба харакати миллию озодихохи акнун кулли табакахои ахолии Мугулистон хамрох шуда буданд. Мохи июли соли 1911 дар мачлиси махфии ашрофони дунявию дини бо сардории Богдо-гзгэн баргузоргардида карор кабул карда шуд, ки хукмронии сулолаи Теин сарнагун ва давлати сохибистиклоли Мугулистон эълон карда шавад. Мачлиси мазкур инчунин карор кабул кард, ки ба Русия хайати вакилони Мугулистон равон карда шавад, то ки он истиклолияти Мугулистонро дастгири кунад. Ба хайати вакилони ба Петербург рахсипоршуда сарфармондехи артиши аймаки Тешетухан Ханддорж рохбари мекард. Вакилони Мугулистон ба ин шахр мохи августи хамон сол омада расиданд. Онхоро дар он чо вазири корхои хоричии Русия С. Д. Сазонов кабул кард. Ханддорж ба у мактуби ба номи императори Русия имзокардаи Юогдо-гэгэн ва хонхои 4 аймаки Мугулистонро супорид. Гуфтушуниди хайати вакилони Мугулистон бо шахсони расмии Русия бо муваффакият анчом ёфт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …