Главная / Гуногун / Мубориза барои ишголи Уротеппа

Мубориза барои ишголи Уротеппа

Хокими шучоъ ва тавонои Уротеппа Фозилби юз писари Содикби хонхои Бухороро ба ташвиш гузошт. Ба сифати сарвари кабилаи юз у ба мукобили Нодиршох низ омода буд. Баъд аз ду соли катли Нодиршох Фозилби хокими Уротеппа шуда, бар зидди Хуканду Бухоро истодагари намуд. Хони Бухоро Мухаммадрахимхон дар мубориза ба мукобили хокими Уротеппа заифии худро хис намуда, ба хони Хуканд Ирдонабий (1751-1770), сарварони кабилаи кипчок ва хокими Карши иттифок баст. Соли 1754 у ба мукобили Уротеппа лашкар кашид. Дар чунин холат Фозилби танхо бо лашкари Уротеппа ба мукобили иттифокчиён истодагари карда наметавонист. Бинобар ин у ба хеш ва хамкабилаи худ, хокими Хисор Мухаммадаминбий юз мурочиат намуда, имдод талабид. Хашт хазор лашкари Хисориён ба воситаи дараи Каратог ба сардии хаво ва барфпуш будани агбаи мушкилгузар нигох накарда, ба ёрии Уротеппаи мухосирашуда расида омаданд.

muhammad-murad-samarkandi-battle-_-shah-name-_-1556-300x161

Барои иттифокчиён, яъне хони Бухоро, хони Хуканд ва дигарон дар фасли номусоид зери деворхои калъа хозир шудани Мухаммадамини юз бо лашкараш гайричашмдошт буд. Хонхои Бухорову Хуканд пай бурданд, ки пайдоиши ногахонии Мухаммадамин окибати хуб надорад.

Задухурди рузи аввал 18 майи соли 1754 сурат гирифт. Лашкари Уротеппа мавкеи хуб интихоб карда буд. Онхо байни гopy сойхо чойгир шуда буданд, ки ин чойхоро факат ахолии махалли медонист. Ин буд, ки Уротеппагихо дар айни авчи задухурд аз чойхои панахёфта ба душман хамла карда, онро ба танг оварданд. Душман мебоист чорахои фаври андешад. Мухаммадрахимхон лашкари Бухороро бар зидди лашкари Хисор равон кард. Эълон шуд, ки хар касе сари буридаи душманро оварад, номи уро ба тумори махсус навишта, сонитар тухфа медиханд. Хони Хуканд низ ба шахсони дар задухурд шучоат нишондода инъому тухфахо медод. Вале бо хамаи ин хони Бухоро каноатманди хосил накард. У медонист, ки бо ин навъ чорахо галаба ба даст овардан аз имкон берун аст. Бинобар ин у ба Насаф (Карши), Якабог ва Шахрисабз чопархо равон карда, лашкари он чойхоро ба хузури худ хост.

Аз накшахои душман Уротеппагихо ва Хисориён огох гаштанд. Мухаммадамини Хисори рохи осони галабаро чуста, чорае андешид. У ду мактуб тартиб медихад. Яке ба номи хони Бухоро ва дигаре ба номи хони Хуканд. Ба Ирдонабий аз номи Фозилбий навишта буд, ки мо хамсоя ва хешутабор мебошем, бинобар ин бо хамдигар начангем ва хони Бухоро дустии моро набояд бархам дихад.

Дар мактуби хони Бухоро навишта буданд, ки ба Шумо 29 кабилаи узбекияи Мовароуннахр мутеъ аст. Мо низ ба Шумо мутеъ мешавем. Мактуби ба номи хони Бухоро навиштаро ба Ирдонабий ва мактуби ба у навиштаро ба Мухаммадрахимхон мерасонанд. Баъди расидани мактубхо харду тараф (Бухоро ва Хуканд) иродаи чанг нанамуданд. Лашкари Бухоро акиб гашт. Лашкари Хуканд ба суи Хучанд равон шуд. Нисбат ба бухорихо Хукандихо камаслиха ва кампушок буданд. Бинобар ин лашкари Уротеппаву Хисор хукандиёнро таъкиб намуданд. То расидан ба Хучанд лашкари Хуканд талафоти зиёд дод. Касони бисёр аз онхо кушта ва асир шуданд. Аз каллаи сарбозони Хуканд дар сохили Оксу калламанора бардоштанд.

Асирони Хукандиро ба Уротеппа оварда, ба катл расонданд ва аз сари онхо калламанораи дуюм бардоштанд.

Мухаммадаминбий юз баъд аз чанде аз Уротеппа ба воситаи Киштути Панчакент ба чониби мулки худ, Хисори Шодмон баргашт. Дар Такоби Киштут у маликонро, ки хукуматдори Фон буданд ва калони он кавм Малик Мизробро бо дувоздах нафар акрабояш ба катл расонд. Мухаммадамин касоси хуни кози Хусайни миракони – хокими Фалгарро, ки соли 1743 Малик Мизроб уро кушта буд, гирифт. Дар Киштут Мусоби, писари Оллохёрби хоким таъин шуд.

Галабаи соли 1754 бар лашкари Бухорову Хуканд истиклолияти Уротеппаро ним аср, яъне то охири асри XVIII баркарор намуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …