Главная / Чамъият / Мубориза бар зидди терроризм

Мубориза бар зидди терроризм

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи мубориза бар зидди терроризм 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с.1999, №11, мод. 275; с.2005, № 3, мод.116;  с.2007,  №5, мод.355; с.2008, №10, мод.802; с.2012, №8, мод.816, с.2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648 Конуни ЧТ аз 25.12.15с., № 1266)

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

terrorist_2015-11-17_103408

Фасли I.

Мукаррароти умуми

Моддаи1.Максадиконунимазкур

Максади конуни мазкур аз инхо иборат аст:

тадбики сиёсати давлати дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;

тадбики ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;

танзими хукукии муносибатхои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

ташаккули вазьи токатнопазири ахолии Чумхурии Точикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, ва пешгири ва кадь намудани фаьолияти террористи, бартараф кардани сабаб ва шароитхои пайдоиши терроризм.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин аз санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3.Мафхуми терроризм

 

Терроризм – яьне зуровари ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони вокеъи, мачбур кардан ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони хукуки, хамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё тахдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектхои моддии шахсони вокеьи ва хукуки, ки боиси хавфи халокати одамон, расонидани зарари басо чидди ба амвол ё ба миён омадани окибатхои барои чамьият хавфнок, ки бо максади халалдор сохтани амнияти чамьияти, тарсонидани ахоли ё расонидани таьсир чихати аз чониби макомоти хокимият кабул намудани карори барои террористон макбул ё каноатбахш намудани манфиатхои гайрихукукии амволи ва (ё) дигар манфиати онхо, инчунин тачовуз ба хаёти арбоби давлати ё чамьияти бо максади суст кардани сохти Конститутсиони ё амнияти давлат, хамчунин бо максади кать гардидани фаолияти давлати ё дигар фаьолияти сиёси ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиком барои чунин фаолият, инчунин суикасд ба хаёт, расонидани зарари чисмони ба ходими давлати ё чамьияти ё намояндаи хокимият, вобаста бо фаолияти давлати ё чамьиятии онхо, бо максади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир чихати кабули карор аз тарафи макомоти давлати ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё чамьияти, инчунин хамла ба намояндаи давлати хоричи ё корманди ташкилоти байналхалкии тахти химояаи  байналмилали карордошта ё аьзои оилаи бо у истикоматкунанда, инчунин ба бинохои хизмати  ё истикомати ё воситаи наклиёти ашхосе, ки тахти химояи байналмилали карор доранд, агар ин харакатхо бо максади барангехтани чанг ё мураккаб сохтани муносибатхои байналхалки содир шуда бошанд, мебошад.

 

Моддаи 4.Мафхумхое,  ки дар Конуни мазкур истифода шудаанд

 

Мафхумхое, ки дар Конуни мазкур истифода шудаанд, маьнои зеринро доранд:

амволи террористи – бевосита содир намудани чинояти дорои хусусияти террористи дар шакли таркиш, оташзани, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои таркандаи ядрои, моддахои радиактиви, биологи, таксики, захрнок сахттаьсир, захролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситахои наклиёт ва дигар обьектхо; суикасд ба хаёти ходими давлати  чамьияти, намояндаи милли, этники, дини ё дигар гурухои ахоли; гаравгонгири, дуздии одам; бавучуд овардани хатари расонидани зарар ба хаёт, саломати ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатхои дорои хусусияти техногени ё тахдиди вокеъии ташкили чунин хатар; пахн намудани тахдид дар хар гуна шакл ва тавассути хар гуна воситахо; содир намудани дигар амволхое, ки боиси хавфи халокати одамонро доранд; расонидани зарари басо чидди ба амвол ё ба вучуд овардани дигар окибатхои барои чамъият вазнин;

чиноятхои дорои хусусияти террористичиноятхое, ки дар моддахои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд. Ба чиноятхои дорои хусусияти террористи мумкин аст, дигар чиноятхое, ки Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, дар холати ба максади террористи содир намудани онхо дохил карда шаванд. Зимнан чавобгари барои содир намудани чунин чиноятхо мутобики Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон сурат мегирад; (КЧТ аз 27.11.14с., №1139)

гурухи террористи шахсоне, ки ба максади содир намудани фаъолияти террористи муттахид шудаанд;

террорист  шахсе, ки дар анчом додани фаъолияи террористи дар хама гуна шакл иштирок менамояд;

ташкилоти террористи – ташкилоте, ки ба максади содир намудани фаъолияти террористи таьссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористи ба хисоб меравад, агар аккалан яке аз чузъу томхои дохилии ташкилот ё бо огохии аккалан яке аз макомоти рохбарикунандаи он фаъолияти террористиро анчом медихад;

мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгири ва катъ намудан, то хадди камтарин расонидани окибати фаъолияти террористи;

амалиёти зиддитеррористи – чорахои махсус, ки барои пешгирии амали террористи, таъмини  амнияти шахсони вокеъи, безарар гардонидани террористон, инчунин то хадди камтарин расонидани окибати фаъолитяи террористи анчом дода мешавад;

минтакаи гузаронидани амалиёти зидди террористи – китъахои алохидаи махал, воситахои наклиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва каламрави дар атрофи онхо, ки дар худудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;

гаравгон – шахси вокеъи, ки бо максади мачбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алохида барои содир намудани ин ё он харакат ё худдори намудан аз содир намудани ин ё он харакат хамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;

субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда – субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хамчунин субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.

 

Моддаи 5. Хамкории байналхалкии Чумхурии Точикистон дар сохаи мубориза бар зидди

                  террористзм

 

Чумхурии Точикистон мутобики шартномахои байналхалки дар сохаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатхои хоричи, бо макомоти хифзи хукук ва хадамоти махсуси онхо,  инчунин бо ташкилотхои байналхалкии бар зидди терроризм муборизабаранда, хамкори менамояд.

 

Фасли  II.

Субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда

 

Моддаи 6. Субъектхои бар зиддитеррори муборизабаранда

 

Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифахои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соха тавассути  макомоти хокимияти конунгузори, ичроия ва суди амали менамояд.

Субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда таксим мешаванд.

Рохбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи хукумати Чумхурии Точикистон вогузор аст.

 

Моддаи 7. Субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

 

Субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз чумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатхое, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, хамин Конун, дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, макомоти зерин мебошанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон;

Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон;

Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон;

Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон;

Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон.

Номгуи субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда танхо тавассути конун тагйир дода ё илова карда мешавад.

 

Моддаи 8. Ваколати субъектхои  бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

 

Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, ки:

бо тартиби мукарраргардида ба Президенти Чумхурии Точикистон лоихаи барномахои давлати, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро тахия ва пешниход менамояд;

бо тартиби мукараргардида ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Президенти Чумхурии Точикистон ва хукумати Чумхурии Точикистон доир ба холати мубориза бар зидди терроризм ахборот медихад;

фаъолияти субъектхои  бар зидди терроризм муборизабарандаро мутобик мегардонад;

иттилоотро оиди холат ва тамоили терроризм, аз он чумла иттилооти аз субъектхои  зидди терроризм муборизабаранда ба нуктаи (банки) мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемахои терроризм дохил мешаванд, чамъ меоваранд, тахлил ва чамъбаст менамояд;

бо тартиби  мукараргардида оиди такмили конунгузори дар сохаи мубориза бар зидди терроризм, таклифхо пешниход менамояд.

Ба гайр аз ин  Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистонмуборизаро бар зидди терроризм тавассути инхо амали менамояд:

ошкор, пешгири ва катъ намудани чиноятхои дорои  хусусияти террористи, ки максади сиёси, милли, нажоди ё  ифроти дини доранд;

ошкор, пешгири ва катъ намудани фаъолияти террористии байналмилали;

таъмин намудани амнияти муассисахои Чумхурии Точикистон дар хорича, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисахо;

таъмини амнияти объектхои мухофизати давлати ва хифзи шахсони мухофизатшаванда;

ошкор, пешгири ва катъ кардани кушиши рахна намудани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон аз чониби террористон;

катъ намудани гайриконуни ба воситаи Сархади давлати гузаронидани силох, лавозимоти чанги, маводи тарканда, захрнок, радиоактиви ва дигар предметхо, ки бо максади террористи истифода шуданашон мумкин аст. (КЧТ аз 27.11.14с., №1139)

Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгири ва катъ намудани чиноятхои дорои хусусияти террористи, ки максади гаразнок доранд, амали менамояд.

Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон амнияти зиддитеррористии фазои хавоии Чумхурии Точикистонро таъмин намуда, дар мавридхои зарури ба макомоти амнияти давлати доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётхои зиддитеррористи кумак мерасонад.

Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон якчоя бо макомоти амнияти давлти ва субьектхои дигари бар зидди терроризм муборизабаранда хангоми бархамдихии окибати холатхои фавкулодда амнияти зидитеррористии махалли корхои анчомдихи   ва садамаю баркарокуниро таьмин менамояд.

Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад.

Гвардияи  миллииЧумхурии Точикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассути:

иштирок дар таьмин намудани амнияти зиддитеррористии обьектхои мухофизатидавлати ва хифзи шахсони мухофизатшаванда;

иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётхои зиддитеррористи, амали менамояд.

 

Моддаи 9. Субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда

 

Субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти хокимияти ичроия мебошанд, ки номгуи онхоро хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз чониби инхо ба амал бароварда мешавад:

Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон тавассути назорат ба фаьолияти иттиходияхои чамьияти ва хизбхои сиёси, ки бо тартиби мукаррари сабти ном шудаанд;

Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон тавассути гуфтушунид бо давлатхои хоричи хангоми ошкор, пешгири ва катъ намудани фаъолияти террористии байналхалки ва дар шаклхои дигаре, ки  конунгузории Чумхурии Точикистон  муайян кардааст;

Кумитаи гумруки назди хукумати Чумхурии Точикистон тавассути кать намудани гайриконуни аз сархади гумруки гузаронидани силох, лавозимоти чанги, маводи тарканда, захрнок, радиоактиви ва дигар предметхо, ки мумкин аст ба максадхои террористи истифода шаванд, инчунин бо расондани ёри ба макомоти амнияти давлати дар мубориза бар зидди фаьолияти террористии байналхалки. (КЧТ аз 27.11.14с., №1139)

Макомоти прокуратура ва судхои Чумхурии Точикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартхо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст иштирок менамоянд.

 

Фасли III.  

Фаъолияти террористи ва зиддитеррористи

 

Моддаи 10. Фаъолияти террористи

 

Фаъолияти террористи фаъолиятест, ки инхоро дар бар мегирад:

ташкил, банакшагири, тайёр кардан ва содир намудани амали террористи;

игво андохтан ба амали террористи, зуровари ба ашхоси вокеъи ё мачбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектхои модди бо максадхои террористи;

ташкили вохидхои гайриконунии мусаллах, иттиходи чинояткори (ташкилоти чинояткори), гуруххои муташаккил барои содир кардани амали террористи, хамчунин иштирок дар чунин амал;

чалб кардану мусаллах гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористхо;

бо маблаг таъмин кардани ташкилоти бараъло террористи ё гурухи террористи ё кумаки дигар ба онхо.

 

Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналхалки

 

Чумхурии Точикистон  ухдадорихои байналхалкии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналхалки эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад:

аз чониби террорист ё ташкилоти террористи дар каламрави бештар аз як давлат;

аз чониби шахрвандони як давлат нисбати шахрвандони давлати дигар ё дар каламрави давлати дигар;

дар холатхое, ки хам террорист, хам чабрдидаи терроризм шахрвандони хамон як давлат ё давлатхои гуногун буда, вале чиноят дар хоричи каламрави ин давлатхо содир шудааст;

бо максади вайрон кардани тартиботи хукукии байналхалки.

 

Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористи

 

Фаъолияти зиддитерроисти фаъолиятест, ки бо максади химояи шахс, чамъият ва давлат аз фаъолияти террористи ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 13. Принсипхои фаъолияти зиддитеррористи

 

Фаъолияти зиддитеррористи дар Чумхурии Точикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:

1)       конуният;

2)       эхтироми хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

3)       ногузирии чазо барои фаъолияти террористи;

4)       бо хам пайвастани усулхои ошкор ва пинхонии мубориза бар зидди терроризм;

5)       афзалиятнокии мухофизати хукуки шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;

6)       конуни будани расонидани зарар ба террорист;

7)       яккасардори дар рохбарии оперативи ба куввахо ва воситахои чалбшаванда хангоми гузаронидани амалиётхои зидди террористи;

8)       пинхонкории катъи хангоми гузаронидани амалиётхои махсуси зиддитеррори

 

Фасли IV.

Мубориза бар зидди терроризм

 

Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористи

 

Субектхои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мксади ошкор намудани фаолияти террористи ухдадоранд бо тартиби муайянкардаи конунгузори аз тамоми кувваю воситахо ва шаклу усулхои мукарраркардаи конунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шахрвандон ухдадоранд ба макомоти амнияти давлати ва (ё) макомоти корхои дохили аз хамаи ходисахое, ки аломатхоионхо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувохи медиханд, фавран хабар диханд.

Давлат мухофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кумак мерасонанд, кафолат медихад. Бо максади ошкор, пешгири ва кать намудани фаьолияти террористи бо тартиби муайянкардаи хукумати Чумхурии Точикистон дар назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон фонди махсус таьсис мешавад, ки аз маблаги он барои суьектхои бар зидди терроризм  муборизабаранда додани ахбороте, ки тадбики он боиси ба хабс гирифтан ё махкум намудани шахсони иштирокчии фаьолияти террористи ё пешгири ё кать кардани амали террористи гардидааст, мукофотпули дода мешавад.

Фош кардани маьлумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танхо бо розигии онхо мумкин аст.

 

Моддаи 15. Пешгири намудани фаьолияти террористи

 

Бо максади пешгири намудани фаьолияти террористи дар Чумхурии Точикистон инхо мань аст:

таьсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотхое, ки фаолияти террористиро максади худ карор додаанд;

фаъолияте, ки ба таргиби терроризм вобастаги дорад;

вориду хорич шудан ё бо транзит тавассути каламрави чумхури гузаштани шахсоне, ки дар фаьолияти террористи иштирок кардаанд;

додани хуччати зист ба шахсоне, ки дар фаьолияти террористи иштирок кардаанд;

ба шахрвандии Чумхурии Точикистон кабул кардани шахрвандони хоричи, ки дар фаьолияти террористи иштирок кардаанд;

бевосита ё бавосита пешниход намудан ё чамъ овардани маблагхо бо максади пурра ё кисман истифода кардани онхо барои амали намудани фаъолияти террористи ва ё бо дарки он, ки ин маблагхо барои амали кардани фаъолияти террористи истифода мешаванд; (КЧТ аз 13.06.13с. №969)

аз чониби кормандони автовакзалхо, вокзалхои рохи охан ва аэровокзалхо аз мусофирон ба амонат кабул намудани багоч, бори дасти (ба гайр аз кормандони ба ин максадхо ваколатдори багочхонахо);

гузаронидани гирдихамоихо, намоишхо ё пикеткуни дар чойхои мукаррарнашуда.

Ба максади пешгири намудани фаъоляти террористи дар Чумхурии Точикистон ба инхо рох дода мешавад:

хангоми гузарондани чорабинихои чамьиятию сиёси ва дигар чорабинихои оммави ба мухофизати тартиботи чамьияти чалб намудани кувваю воситахои иловагии субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда;

мустахкам намудани чорабинихои мухофизатию режими дар макомоти хокимияти давлати ва худидоракунии махалли, дар корхонахое, ки барои хаёт ва саломатии инсон ва мухити хист хатари калон доранд;

бо дархости макомоти салохиятдори давлатхои хоричи тибки меьёрхои хукуки байналхалки супурдани шахсоне, ки дар фаьолияти террористи дар каламрави ин давлатхо иштирок намудаанд;

чамьовари, тахлил, чамьбаст намудани маьлумотхо доир ба ташкилотхои террористи ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористи иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуктаи мутамарказии байниидорави маьлумот доир ба проблемахои терроризми назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дохил кардани онхо;

дар назди субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таьсис додани чузьу томхои махсус.

Пешгири намудани фаьолияти террористи, инчунин амали  гардонидани дигар чорабинихоро низ дар бар мегирад, ки онхоро конунгузории  Чумхурии Точикистон  ва  санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст  пешбини кардаанд.

 

Моддаи 16. Кать гардонидани фаьолияти террористи

 

Хизматчиёни харби, кормандон ва мутахассисони субьектхои бар зидди терроризм муборизабаранда хангоми кать гардонидани фаьолияти террористи умуман ё дигар амали алохидаи террористи ухдадоранд бо тартиби пешбини кардаи  конунгузори хамагуна чорахои мукаррар кардаи конунро истифода баранд.

 

Моддаи 17. Тафтиши чиноятхои дорои хусусияти террористи

 

Тахкик ва тафтишоти пешаки аз руи парвандахои чинояти оид ба чиноятхои дорои  хусусияти террористи аз чониби субьектхои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфатишони ин субьектхо бо шартхо ва тартиби пешбиникардаи конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 171. Руйхати шахсони бо терроризм алокамонд

 

Руйхати шахсони бо терроризм алокаманд аз чониби Кумитаи давлатии амнияти милли Чумхурии Точикистон тартиб дода мешавад.

Суди Олии Чумхурии Точикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористи эътироф менамояд. Шахсони вокеи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо карори суд террорист эътироф карда мешаванд. Нусхаи карорхои зикргардида барои дохил намудани шахсони вокеи ва ташкилотхо ба руйхати шахсони бо терроризм алокаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Чухурии Точикистон фиристода мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикитон, хамчунин ба руйхати шахсони бо терроризм алокаманд шахсони вокеи ва ташкилотхоеро, ки мутобики катъномаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттахид ва (ё) санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон террорист ё ташкилоти террористи эътироф шудаанд, дохил менамояд.

Нусха аз руйхати шахсони бо терроризм алокаманд аз чониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон бо маълумоти зарури дар бораи ин шахсон фавран ба субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии ( расмикунонии ) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм барои ичрои чорабинихои муковимат бо терроризм ва андешидани чорахо оид ба манъ намудани воситахои молияви ва дигар молу мулки шахсони мазкур фиристода мешавад.

Хорич намудан аз руйхати шахсони бо терроризм алокаманд бо тартиби мукаррарнамудаи кисмхои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи мазкур амали карда мешавад. (КЧТ аз 1.08.12с., №879)

 

Моддаи 172. Манъ кардани воситахои молияви ва дигар молу мулки шахсони бо терроризм алокаманд

 

Воситахои молияви ва дигар молу мулки шахсони вокеи ва ташкилотхо, ки ба руйхати шахсони бо терроризм алокаманд дохил карда шудаанд, аз чониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1138)

Мусодираи воситахои молияви ва дигар молу мулки шахсони вокеи ва ташкилотхои бо терроризм алокаманд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон амали карда мешавад.

Шахсони вокеи ва ташкилотхо хукук доранд аз руи карорхо оид ба террорист ё ташкилоти террористи эътироф намудани онхо ва оид ба манъ кардани воситахои молияви ва молу мулки дигарашон бо тартиби суди шикоят намоянд, хамчунин аз хисоби воситахои молиявии манъкардашуда, то мусодира гардидани онхо, оид ба пардохти харточоти хизматрасонихои тиббиву ичтимои ва таъмини моддию маишии ахли оила мурочиат намоянд.

Бекор намудани манъи воситахои молияви ва дигар молу мулки шахсони вокеи ва ташкилотхои бо терроризм алокаманд, ки ба руйхати шахсони бо терроризм алокаманд дохил карда шудаанд, аз чониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точкистон амали карда мешавад. (КЧТ аз 1.08.12с., №879) (КЧТ аз 27.11.14с., №1138)

Тартиби гузаронидани чорабинихо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситахои молияви ё дигар молу мулки шахсони вокеи ва ташкилотхо, ки ба руйхати шахсони бо терроризм алокаманд дохил карда шудаанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1138)

 

Моддаи 18. Истехсолоти суди аз руи парвандахои чинояти оид ба чиноятхои дорои хусусияти

                     террористи

 

Парвандахои чинояти оид ба чиноятхои дорои хусусияти террористи, инчунин парвандахои граждани дар бораи чуброн кардани зарар, мумкин аст бо карори суд дар мачлисхои пушидаи суди барраси карда шаванд.

 

Фасли V. 

Гузаронидани амалиёти зиддитеррористи

 

Моддаи 19. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористи

 

Амалиёти зиддитеррористи аз чониби субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористи хизматчиёни харби, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субьектхое, ки дар моддаи 7 хамин конун номбар шудаанд, инчунин дар холатхои истиснои  хайати шахси, кувваю воситахои субъектхои  дар кисми якуми моддаи 9 хамин конун номбаршуда чалб карда мешаванд.

Амалиёти зиддитеррористи бевосита тахти рохбарии ситод, ки бо хамин максад таъссис дода мешавад, гузаронида мешавад. Дар айни хол хамаи шахсоне, ки ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористи чалб карда мешаванд, аз лахзаи огози амалиёти мазкур ба рохбари ситод итоат мекунанд.

Дахолати хар гуна шахс ба рохбарии оперативии амалиёти зиддитеррористи,  манъ аст.

 

Моддаи 20. Минтакаи гузаронидани амалиёти зидди террористи ва режими хукукии он

 

Сархади минтакаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро рохбари ситод вобаста ба микёс ва дарачаи окибатхои хатари чмъиятии амали террористи муайян менамояд.

Дар минтакаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористи шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, хак доранд:

дар мавриди зарури барои муваккатан  махдуд кардан ё манъ намудани  харакати воситахои наклиёт ё пиёдагардхо дар кучахо ва роххо чорахо бинанд;

хуччатхои шахрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онхоро тасдик мекунад тафтиш кунанд, дар холати набудани чунин хуччатхо бо максади мукаррар кардани шахсияти онхо ин шахсонро дастгир намоянд;

шахсонеро, ки хукукро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зохир менамоянд, ки он ба талаботхои конунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористи халал мерасонад, инчунин амале, ки бе ичозат барои ворид шудан ё кушиши ворид шудан ба минтакаи гузарондани амалиёти зидди террористи иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба макомоти корхои дохили баранд;

ба бинохои истикомати ва дигар бинохои шахрвандон, ба худуд ва бинохои корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста ба шакли моликият, воситахои наклиёт хангоми катъ намдани амали террористи, таъкиб кардани шахсоне, ки ба содир кардани амали террористи гумонбар мешаванд, агар сусткори ба хаёт ва саломатии одамон хатари вокеи ба вучуд оварад, бемамониат ворид шаванд;

хангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтакаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ва хангоми даромадан ба  (баромадан аз) минтакаи мазкур воситахои наклиётро ба истиснои воситахои наклиёти намояндагихои дипломати, консули ва дигар намояндагихои давлатхои хоричи ва барои дар онхо кашондашаванда, аз чумла бо истифодаи воситахои техники тафтиш намоянд;

бо максадхои хизмати воситахои алока, аз чумла воситахои алокаи махсуси шахрвандон инчунин корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;

бо максадхои хизмати воситахои наклиётро, ки ба корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста ба шакли моликият ман субанд, истифода баранд, ба  истиснои воситахои наклиётии намояндагихои дипломати, консули ва дигар намояндагихои давлатхои хоричи, дар холатхои таьчили бошад, воситахои наклиётии шахрвандонро низ барои пешгирии амали террористи таькиб ва дастгир намудани шахсоне, ки амали террористи содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобати бурдани шахсоне, ки ба ёрии таьчилии тибби  эхтиёч  доранд, инчунин барои рафтан бачои вокеьа, истифода баранд.

Бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хизматрасонии алокаи барки ва истифодабарии воситахои вобаста ба он дар минтакаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористи, инчунин дар тамоми каламрави кишвар ва ё минтакахои чудогонаи он метавонад муваккатан боздошта шавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1266)

 

Моддаи 21. Махдудятхои дигар хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи

 

Рохбари ситод дар минтакаи гузаронидани амали зиддитеррористи хак дорад ба манфиати таьмини амнияти шахси рох додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтака, инчунин фаолияти онхоро дар бораи додани ахбор ба ахли чамьият оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористи бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки;

тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;

ба таргиб ва хакбаровардани терроризм мусоидат мекунад;

маьлумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;

маьлумотро, ки сирри давлати мебошад, ошкор менамояд;

маьлумотро, ки ошкор кардани он шаьну шарафи гаравгонро  паст мезанад, махдуд гардонад.

 

Фасли VI.

Чуброни зараре, ки дар натичаи амали террористи расонда шудааст.

Баркарорсозии ичтимоии шахсоне, ки аз амали терористи зарар дидаанд

 

Моддаи 22. Чуброни зараре, ки дар натичаи амали террористи расонда шудааст

 

Чуброни зараре, ки ба шахсони вокеьи ва хукуки дар натичаи амали террористи расонида шудааст, аз хисоби маблаги бучети чумхури ба амал бароварда, баьдан он ба тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз шахси зараррасонида ситонида мешавад.

 

Моддаи 23. Баркарорсозии ичтимоии шахсоне, ки дар натичаи   амал терористи   зарар дидаанд

 

Баркарорсозии ичтимоии шахсоне, ки дар натичаи   амали терористи   зарар дидаанд, аз хисоби маблаги бучети чумхури бо максади баргардонидани онхо ба хаёти муьтадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии хукуки, психологи, тибби, баркарорсозии касби, дар холатхои зарури ба кор баркарор кардан, ба онхо  додани манзилро дар бар мегирад.

Тартиби баркарорсозии ичтимоии шахсонеро, ки аз амали терористи зарар дидаанд, хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Фасли VII.

Химояи хукуки ва  ичтимоии шахсоне,

ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок кардаанд

 

Моддаи 24. Шахсоне, ки ба химояи хукуки ва ичтимои дахл доранд

 

Ба химояи хукуки ва ичтимои инхо дахл доранд;

1) хизматчиёни харби, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористи бевосита иштирок кардаанд;

2) шахсони ба макомоти давлатии барандаи мубориза бо чинояткори, пешгири, ошкор ва кать намудани фаьолияти террористи ва то хадди камтарин расонидани окибатхои он дар асоси доими ё муваккати кумак мерасонанд;

3) шахсони дар бораи фаьолияти террористи ва хар гуна дигар вазьият маълумот додаанд ва ахбороти онхо барои пешгири, ошкор ва кать намудани фаьолияти террористи мусоидат намудааст;

4) аьзоёни оилахои шахсоне, ки дар бандхои 1-3 хамин модда номбар шудаанд, агар зарурати таьмини химояи онхоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.

 

Моддаи 25. Чуброни зарари шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм  иштирок менамоянд ва

                    баркарорсозии ичтимоии онхо

 

Зараре, ки ба саломати ё амволи хизматчиёни харби, кормандон ва мутахассисони субъектхои  бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда расонда шудааст, ба тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад. Дар сурати халок гардидани ин шахсон хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи  ё маъюб шудан ё мачрух (захмин) шудан, ки боиси маъюби нашудааст, чорахои химояи хукуки ва ичтимои бо назардошти статуси хукукии чунин шахсон, ки конухои дахлдор ва дигар санадхои меьёрию хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар кардаанд, тадбик карда мешаванд.

Зараре, ки ба саломати ё амволи шахсони дар бандхои 2-3 моддаи 24 хамин Конун номбаршуда бинобар иштироки онхо дар мубориза бар зидди терроризм бо тартиби муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

Дар сурати халок гардидани шахсони дар бандхои 2 моддаи 24 хамин Конун номбаршуда хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ё маъюб шудан ё мачрух (захмин) шудан, ки боиси маъюби нашудааст, чорахои химояи хукуки ва ичтимоии дар Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бори фаьолияти оперативи-чустучуи» пешбинигардида, тадбик карда мешавад.

Дар сурати хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи  мачрух (захмин) шудани шахсони дар бандхои 3 моддаи 24 хамин Конун номбаршуда, ки боиси маъюби нашудааст, ба онхо кумакпулии яквакта дар хачми  сад нишондиханда барои хисобхо; хангоми мачрух(захмин) шудани онхо ки боиси маъюби шудааст,- дар хачми панчсад нишондиханда барои хисобхо дода мешавад, дар сурати халок шудан ба аъзоёни оилаи онхо дар хачми якхазор нишондиханда барои хисобхо кумакпули дода, нафака бо сабаби гумкардани саробон таьин карда мешавад.

Баркарорсозии ичтимоии шахсони дар бандхои 2-3 моддаи 24 хамин Конун номбаршуда, ки дар натичаи иштироки онхо дар амалиёти зиддитеррористи зарар дидаанд, аз хисоби маблаги бучети чумхури пардохта мешавад.

Тартиби баркарорсозии ичтимоии ин шахсон, инчунин дар холати ба амнияти онхо тахдид кардани хатар, тагйир додани маьлумотхои шиноснома, чои истикомат, кор (тахсил), тагйир додани андоми ин шахсон бо рохи тибби аз чониби хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Фасли VIII.

Чавобгари барои фаьолияти террористи ва озод кардан аз чавобгари

 

Моддаи 26. Чавобгари барои фаьолияти террористи

 

Шахсоне, ки ба фаъолияти террористи машгул мешаванд ё бо террористхо  ва ташкилотхои террористи ёри мерасонанд, инчунин фаъолияти онхоро  таргиб менамоянд, мувофики Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористи набуда, аммо аз номи онхо амали террористи содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблаг, таъмин ва мусаллах гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотхои террористи чавобгар мебошанд.

Шахсоне, дар бораи мавчудияти ташкилоти террористи ё шахсони алохида ба фаъолияти террористи шарик буда, маълумот дошта, аммо дар ин бора ба макомоти дахлдори давлати хабар надодаанд, тибки Кодекси чинояти Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Чавобгарии ташкилот барои фаъолияти террористи.

 

Дар сурати аз чониби суд террористи эътироф карда шудани ташкилот, он бо карори суд бархам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад.

 

Моддаи 28. Озодкуни аз чавобгари.

 

Шахсоне, ки ба субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда ёри мерасонанд, барои шугл варзидан бо фаъолияти террористи мутобики Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз чавобгари озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористи будани онхо касдан чиноят содир накарда бошанд.

Хизматчиёни харби, кормандон ва мутахассисони субъектхои  бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънави, модди ва чисмони расонданашон ба террористон бинобар истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон, ки онхоро конун пешбини кардааст, мутобики Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон, чавобгар нестанд.

Шахсоне, ки бо хохиши намояндагони макомоти хифзи хукук ё дигар макомоти давлати, командирони киштихои хавои барои кать ё пешгири кардани амали террористи ёри расонидан, барои амали ба мукобили террористон истифода бурдаашон мутобики Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон,  чавобгар намебошанд.

 

Фасли IХ.

Мукарароти хотимави

 

Моддаи 29. Хисоботи имтиёзноки хизмати дарозмуддат ва иловапулихо ба маоши хизмати

 

Ба хизматчиёни харби, кормандон ва мутахассисоне, ки дар чузьу томхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба мухлати хизмати дарозмуддат барои таъмини нафака як рузи хизмат хамчун ду руз ва хангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористи- як рузи хизмати хачун се руз (агар ин мухлатхо тибки конунгузори барои онхо ба андозахои бештар хисоб карда нашаванд) хисоб карда мешавад ва мутобики маоши вазифави ва маоши рутбави меафзояд.

 

Моддаи 30. Хавасманд гардонидани шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм  иштирок

                    менамоянд (иштирок намудаанд)

 

Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористихизматчиёни харби,  кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар чузъу томхои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёри расонидаанд, мумкин аст аз чониби рохбарони макомоти дахлдори давлати бо мукофоти яквактаи пули ба андоза ва тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон хавасманд гардонида шаванд.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                  Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе,16 ноябри соли 1999

№ 845

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ  ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1999, №11, мод. 276)

 

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонкарор мекунад:

 

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон:

ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мувофик гардонидани конунхои Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд;

карорхои худро ба Конуни мазкур мувофик намояд.

 

 

Раиси

Мачлиси Олии                                                                                                                  С. РАЧАБОВ

Чумхурии Точикистон

 

ш. Душанбе, 16 ноябри соли 1999

№ 846

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …