Главная / Биология / Мубодилаи моддахои гайриорганики

Мубодилаи моддахои гайриорганики

Мубодилаи об ва намакхои минерали. Об кариб аз се ду хиссаи вазни баданро ташкил медихад. Дар ситоплазма аз ядрои хучайра назар ба моддахои дигар об бисёртар аст. Тагйироти сершумори кимиёвии моддахои хучайра танхо дар махлули об ба вучуд меояд.

Об дар таркиби хун, лимфа ва ширахои хозима хеле бисёр аст. Организм мунтазам обро талаф медихад. Об аз бадани одам бо пешоб, араки бадан, начосат ва буги нафас берун меравад. Бинобар ин микдори оби организми одам бояд хамеша пурра бошад. Одам бе об хамаги якчанд шабонаруз зиндаги карда метавонад.

Сангхои талхадон

Ба организм инчунин намакхои минерали заруранд. Таркиби доимии мухити дохили ба туфайли онхо нигох дошта мешавад. Иштироки намакхои калсий барои лахта шудани хун хатмист.

Кисми зиёди моддаи байни хучайрахои бофтаи устухон аз намакхои минерали иборатанд. Кариб хамаи намакхои минералии барои организм зарур буда, дар таркиби хуроки мукаррари ба микдори кофи мавчуданд. Дар он факат намаки хлориди натрий ками мекунад. Бинобар ин ба хурок намаки оши илова мекунанд.

Вазифаи гадудхои тарашшухи дохили дар танзими мубодилаи моддахо. Хамаи гадудхои тарашшухи дохили мубодилаи моддахоро танзим мекунанд. Хормонхои гадуди сипаршакл равандхои оксидкунандаро танзим карда, хамчунин ба афзоиш ва нашъунамои организм таъсир мерасонанд. Суст шудани фаъолияти гадуди сипаршакл ё гирифта партофтани он боиси хеле вайроншавии мубодилаи моддахо (микседема) мегардад.

Дар бофтахои беморони микседема равандхои оксидкунанда суст шуда, харорати баданашон паст, набзашон суст ва худ фарбех мешаванд, ва ангезиши системаи асабашон кам мегардад.

Агар беморон мувофики фармоиши духтур хар руз дорухои хормониеро, ки аз гадудхои сипаршакли хайвонот тайёр карда мешаванд, истеъмол кунанд, бемори табобат меёбад. Чунин муоличаро бе таваккуф тамоми умр давом додан лозим аст. Паст шудани фаъолияти гадудхои сипаршакл сабзиш ва инкишофи кудаконро суст мегардонад.

Хангоми афзоиши фаъолияти гадудхои сипаршакл суръати равандхои мубодила меафзояд. Дар ин хол дил тез-тез кашиш хурда, фишори хун баланд мешавад ва хаячонпазирии системаи асаб меафзояд. Одам асабони гардида, зуд монда мешавад. Ин

нишонахои дарди Базедов аст. Беморони дарди Базедов доимо гурусна мемонанд, бисёр хурок мехуранд ва дар баробари ин хеле логар мешаванд. Гадуди сипаршакли ин кабил одамон калон буда, чашмонашон аз косахонааш мебарояд.

Барои табобати дарди Базедов дорухоеро кабул мекунанд, ки ба чудошавии хормонхо монеъ мешавад. Баъзан бо рохи чаррохи кисми гадудхои сипаршаклро гирифта партофтан рост меояд.

Гадудхои болои гурда якчанд хормонхо хосил мекунанд. Онхо мубодилаи карбогидрат, чарб, сафедаро назорат карда, боиси ба карбогидрат табдил ёфтани сафедахо мешаванд ва мубодилаи намаку обро танзим мекунанд.

Вайрон шудани танзими мубодилаи моддахо боиси пайдоиши беморихои гуногун, ба монанди пайдошавии санг дар талхадон мегардад.

Саволхо:

  1. Об, намакхои минерали дар организм чи накш мебозанд?
  2. Гадуди сипаршакл дар мубодилаи моддахо чи накш мебозад?
  3. Танзими кадом намуди мубодилахо аз гадудхои болои гурда вобаста аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …