Главная / Биология / Мубодилаи модахои органики

Мубодилаи модахои органики

Тавсифи умуми ва ахамияти мубодилаи моддахо. Дар байни организму мухити мунтазам мубодилаи моддахо ва неру ба амал меояд. Аз лахзаи ба организм дохил шудани об ва моддахои гизои мубодилаи моддахою мухити беруни сар мешавад, як кисми моддахо дар нойи хозима то хадди оддитарин тачзия шуда, ба мухити дохили организм – ба хун ба хучайрахо дохил мешаванд. Дар хучайрахо раванди дигаргунихои кимиёвии онхо – биосинтези сафедаю чарбхо ва карбогидрадхои ба организм хос, инчунин тачзияи пайвастагихои мураккаби органики ба амал меояд. Дигаргуншавии моддахо дар натичаи таъсири ферментхо ба вучуд омада, бо рохи асаби – хуморали танзим мешавад.

mubodilai-moda

Махсули охирини мубодилаи моддахо бо пешоб, начосат, арак ва бо рохи нафас берун бароварда мешавад.

Силсилаи мураккаби табаддулоти моддахоро дар организм мубодилаи моддахо меноманд, ки он аз лахзаи ба организм дохил шудани онхо то пурра хорич шудани махсули тачзияро дар бар мегирад. Дар раванди мубодилаи моддахо организм барои бунёди хучайрахо модда ва барои раванди хаётгузарони неру мегиранд.

Мубодилаи сафедахо. Сафедахо чун масолехи асосии таркиби хучайрави хизмат мекунанд. Бисёр корхои мухим, ба монанди пахншавии оксиген кашишхурии мушакхо ба сафеда вобастаанд.

Дар хучайра хамаи реаксияхои химияви тавассути ферментхо – сафедахо тезонда шуда, аз сафедахо тамоми органоидхои хучайрахо ба вучуд меояд.

Сафедахо хеле гуногунанд. Гуногунии сафедахо дар он зохир мегардад, ки аз 20 навъи аминокислотахои бо якдигар пайваст шуда, молекулахои гуногунсохти сафеда ташкил меёбанд.

Махсулоти наботот ва хайвонот сафеда доранд. Дар рохи хозима сафедахои хурок то ба аминокислотахо тачзия шуда, ба хун медароянд. Дар хучайрахо аз аминокислотахо сафедаи ба организм хос синтез мешавад. Дар як вакт сафедахои хучайрахо ва як кисми аминокислота то хадди – гази карбонат, об ва гайра тачзия мешаванд. Махсулоти тачзия ва оби зиёдати аз организм ба воситаи гурда, шуш ва пуст бароварда мешавад.

Мубодилаи карбогидрадхо. Карбогидрадхо барои хучайрахоимагзи сар, мушакхо манбаи неру буда, то ба моддахои оддитарин – глюкоза тачзия шуда ба хун чаббида мешаванд. Дар хун глюкоза доиман як хел (0,10-0,12%) буда, онро хормони гадуди зери меъда – инсулин танзим мекунад. Ба туфайли ин хормон зиёдатии канд дар чигар ва мушакхо мемонад. Дигар хормони гадуди зери меъда хангоми дар хун нарасидани глюкоза боиси ба глюкоза табдил ёфтани гликоген шуда, баръакс амал мекунанд. Дар сурати норасогии инсулин одам ба бемории вазнин гирифтор мешавад, ки дар он микдори глюкозаи хун зиёд мегардад. Як кисми он мунтазам ба воситаи пешоб берун мешавад. Аз хамин сабаб ин бемориро диабети канд меноманд.

То ба таври сунъи хосил кардани инсулин ин бемори марговар буд. Холо ба беморон мунтазам хормони инсулин гузаронда, ба онхо хурокхоеро, ки карбогидрат надоранд, тавсия медиханд.

Мубодилаи чарбхо. Чарбхо дар пардахои мансуби бофтаи пайванди захира гашта, ба бечоншави ва осеби механикии узвхо монеъ мешавад. Чарби зери пуст гармиро дуруст намегузаронад ва ин боиси нигох доштани харорати доимии бадан мегардад.

Нисбат ба тачзияи 1г сафеда ё карбогидрат хангоми тачзияи 1г чарб 2 баробар зиёд неру сарф мешавад. Чарби хурок дар узвхои хозима то ба глисерин ва кислота равган тачзия шуда, аввал ба лимфа ва баъд ба хун дохил мегардад. Бо хурок хам равгани хайвонот ва хам равгани набототро истеъмол кардан зарур аст.

Кисми зиёди чарб захира мешавад. Захираи чарбхо хангоми дар организм нарасидани гизо ва сарфи неру истифода мешаванд. Тагйирёбии пайвастагихои узви дар организм. Дар хурок нарасидани баъзе пайвастагихои органики аз хисоби фаровонии дигар пайвастагихои узви баробар мешавад. Ин равандхо дар чигар бо таъсири ферментхои махсус мегузаранд. Сафедахо, чарб ба карбогидратхо, баъзе карбогидратхо бошанд, ба чарб табдил ёфта метавонанд. Мумкин аст чарбхо ба карбогидрат табдил ёбанд.

Бо нарасидани сафедахо хурокро рафъ кардан мумкин нест, зеро онхо факат аз аминокислотахо ба вучуд меоянд ва аминокислотахо на аз чарб ва на аз карбогидратхо хосил шуда метавонанд. Нарасидани сафеда хусусан барои организми инкишофёбанда хатарнок аст.

Ба одамон хам хуроки аз хайвонот ва хам хуроки аз наботот гирифташуда зарур аст. Сафедахои таркиби наботот хама гуна аминокислотахои ба одам зарур ва барои хосил шудани сафедахои ба у хосро надоранд. Таркиби аминокислотахои махсулоти аз хайвонот гирифташуда – гушт, тухм, шир бошад, ба талаботи организм мувофикат мекунанд.

Саволхо:

  1. Чаро мубодилаи моддахо мегуянд?
  2. Сафеда дар организм кадом накшро мебозад?
  3. Мубодилаи сафедахо чи тавр ба амал меояд?
  4. Мубодилаи карбогидрат чи хел ба амал меояд?
  5. Доимияти глюкозаи хун чи хел танзим карда мешавад?
  6. Чарбхо дар организм кадом накшро ичро мекунанд?
  7. Чаро ба одамон хуроки хам аз хайвонот ва хам аз наботот гирифташуда зарур аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …