Главная / Биология / Мубодилаи газхо дар шуш ва бофтахо

Мубодилаи газхо дар шуш ва бофтахо

Харакатхои нафасгири. Нафас гирифтан ва нафас баровардан якдигарро мавзун иваз карда, ба воситаи шуш гузаштани хаво ва авотозакунии шушро таъмин месозанд.  Ивазшавии нафасгири ва нафасбарориро маркази нафасгири танзим мекунад, ки он дар магзи дарозруя чойгир аст. Дар маркази нафасгири импулсхо мунтазам ба амал омада, тавассути асабхо ба мушакхои байни кабургаги ва диафрагма дода мешаванд.

mub-gaz

Дар натича мушакхо кашиш хурда, кабургахо боло мешаванд, диафрагма кариб хамвор мегардад. Ковокии кафаси сина васеъ мегардад. Дар натича нафасгири ба амал меояд. Баъд мушакхои байни кабургахою диафрагма суст шуда, хачми ковокии кафаси сина хурд мегардад ва аз шуши фишурдашуда хаво берун мебарояд. Дар ин хол нафасбарори ба амал меояд.

Одами калонсол дар холати нисбатан ором дар як дакика тахминан 12-16 маротиба нафас мегирад. Дар хонае, ки хавояш тоза нашудааст, харакатхои нафасгири дучанд ва аз ин хам бештар мешаванд. Ин аз он сабаб руй медихад, ки хучайрахои асаби маркази нафасгири гази карбонати таркиби хунро хис мекунанд. Хангоми зиёд шудани микдори он ангезиши нафасгири авч гирифта, импулсхо тавассути асабхо ба мушакхои нафасгири пахн мешаванд. Дар натича одам тез-тез ва чукур нафас мегирад. Хамин тавр нафасгири бо рохи асаби ва хуморали танзим карда мешавад.

Хачми хаётии шуш. Хангоми ором нафасгири ба шуши одами калонсол кариб 500 см3 хаво дохил мешавад. Дар вакти ором нафас боровардан хам аз узви нафасгири хамин микдор хаво хорич мешавад.

Микдори зиёдтарини хавое, ки одам баъди нихоят чукур нафас гирифтан мебарорад, такрибан ба 3500 см3 баробар аст, ки онро хачми хаётии шуш меноманд. Хачми хаётии шуши одамони гуногун хар хел аст. Онро хангоми муоинаи тибби бо ёрии асбоби махсус – спирометр муайян мекунанд.

Мубодилаи газхо дар шуш. Микдори газхо хангоми нафасгири ва нафасбарори як хел нест. Дар хавои нафасгири кариб 21% оксиген, наздики 79% нитроген, такрибан 0,03% гази карбонат, каме буги об ва газхои инерти мавчуданд.

Таркиби хавое, ки мо хорич мекунем, дигар аст. Дар он хамаги 16% оксиген боки мемонад, вале микдори гази карбонат то ба 4% меафзояд, микдори буги об низ зиёд мешавад. Факат нитроген ва газхои инерти дар хавои хоричкардаамон ба хамон микдоре, ки дар хавои нафасгирифтаамон буданд, боки мемонанд.

 Микдори гуногуни оксиген ва гази карбонат дар хавои нафасгирифтаамон ва хоричкардаамон ба воситаи мубодилаи газхо дар хубобчахои шуш маънидод карда мешавад. Микдори гази карбонат дар муйрагхои варидии хубобчахои шуш назар ба хавои хубобчахои шуш хеле зиёд аст. Гази карбон аз хуни вариди ба хубобчахои шуш дохил шуда, дар вакти нафасбарори  аз организм хорич мешавад. Оксиген аз хубобчахои шуш ба хун дохил шуда, бо гемоглобин бо рохи кимиёви пайваст мешавад.

 Дар натича хуни вариди ба хуни шарёни мубаддал мегардад. Хуни шарёни тавассути рагхои вариди шуш аввал ба дахлези чапи дил, баъд ба меъдачаи чап ва нихоят ба даври калони гардиши хун дохил мешавад.

 Мубодилаи газ дар бофта. Оксиген аз муйрагхои даври калони гардиши хун ба бофтахо дохил мешавад (расми 60). Дар хуни шарёни нисбатан хучайрахои ба оксиген эхтиёчманд зиёд аст. Аз хамин сабаб онхо ба осони мавкеъ ёфта, дар раванди оксидшави иштирок мекунанд. Гази карбонат бошад, аз хучайрахо ба хун медарояд. Хамин тавр бофтахои узвхои хуни шарёни ба хуни вариди мубаддал мешаванд.

 Хуни вариди бо рагхои вариди даври калони гардиши хун ба дахлези рости дил дохил шуда, баъд ба меъдачаи рост ва аз он чо ба шуш меравад.

 Саволхо

  1. Хамохангии нафасгири чи тавр таъмин мегардад?
  2. Нафасгири ва нафасбарори чи хел ба амал меояд?
  3. Хачми хаётии шуш чист?
  4. Мубодилаи газхо дар шуш чи хел ба амал меояд?
  5. Мубодилаи газхо дар бофтахо чи хел ба амал меояд?

Кори амали

Чен кардани гунчоиши хаётии шуш Тачхизот барои амалиёт: спирометри намнок ё хушк, пахта, спирт.

Рафти амалиёт:

а) Спирометрро ба дахон гузошта дар холати ороми нафас

бароред ва микдори хаворо муайян кунед.

б) Баъд чукур нафас бароварда, хавои беруншударо чен кунед.

в) Чукур нафас гирифта нафас бароред ва ин хаворо хам чен кунед.

г) Хамаи микдори хаворо ба хам чамъ кунед ва гунчоиши хаёти шушро муайян созед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …