Главная / Чамъият / Муайян намудани хисса хангоми таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад

Муайян намудани хисса хангоми таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад

Моддаи 39-и Кодекси оила. Муайян намудани хисса хангоми таксими молу мулкие, ки  моликияти  муштараки зану  шавхар мебошад 

  1. Хангоми таксими молу мулкие, ки дар моликияти муштараки зану шавхар мебошад ва муайян намудани хиссаи зану шавхар дар ин амал хиссаи онхо баробар дониста мешавад, агар дар ахдномаи никох тартиби дигар пешбини нагардида бошад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Суд метавонад хиссаи зан ё шавхарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиг, инчунин фарзандони болиги корношоями эхтиёчманд ё манфиати кобили таваччухи зан ё шавхар, зиёд кунад. Хиссаи зан ё шавхар бо назардошти корношоямии онхо, инчунин агар яке аз онхо бо сабабхои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати чой доштани холатхои дигари кобили таваччух мумкин аст зиёд карда шавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Хангоми таксими молу мулки умумии зану шавхар суд бо талаби онхо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онхо дода шавад. Агар ба зан ё шавхар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз хиссаи барои у муайяншуда зиёд бошад, барои хамсари у метавонад чубронпули ё чуброни дигар мукаррар карда шавад.
  4. Карзи умумии зану шавхар хангоми таксими молу мулки умуми дар байни зану шавхар баробар ба хиссаи ба хар яки онхо мукарраршуда таксим карда мешавад.
  5. Ашёе, ки махсус барои конеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиг харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобхои мусики, китобхои кудакона ва гайра) ба ихтиёри зан ё шавхар, ки фарзандон бо у зиндаги мекунанд, бе чуброн гузошта мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …