Главная / Чамъият / Мошинхои назорати

Мошинхои назорати

Моддаи 38-и Кодекси Андоз. Истифодаи мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали

  1. Дар каламрави Чумхурии Точикистон хисоббаробаркунихои пули хангоми фуруши мол, ичрои корхо ва хизматрасонихо бо пули накд, кортхои пардохти бонки, чекхо бо истифодаи хатмии мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали ва додани чеки назорати анчом дода мешаванд.
  2. Мукаррароти хамин моддаба хисоббаробаркунихои пулии шахсони зерин татбик намегарданд:

1) Сохибкорони инфироди (ба истиснои фурушандагони молхои зераксизи), ки:

а) тибки патент фаъолият мекунанд;

б) агар аз лахзаи бакайдгирии давлатии андозсупоранда ба сифати сохибкори инфироди (ба истиснои онхое, ки тибки патент фаъолият мекунанд) се мох нагузашта бошад.

2) Андозсупорандагон дар кисми хизматрасонихо ба ахоли бо додани расидхо (квитансияхо), чиптахо, талонхо, тамгахои пардохти почтави ва дигар хуччатхои ба чекхо баробаркардашудаи хисоботи катъи тибки шаклхои тасдикнамудаи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон.

3) Шахсони вокеие, ки махсулоти кишоварзии истехсоли худашонро дар бозор ва дигар чойхои махсус чудошуда, берун аз бинохо мефурушанд.

4) Супорандагони андози ягона хангоми фуруши махсулоти истехсоли худашон дар махалли истехсол берун аз бинохо.

  1. Тартиби истифодаи мошинхои назорати–хазинавии дорои хотираи фискали (аз чумла хангоми муомилот бо кортхои пардохти ва штрихкодхо), талаботи техники ба мошинхои назорати-хазинавии дорои хотираи фискали (назорати), инчунин талабот нисбат ба системаи компютери оид ба назорати хизматрасонихои алокаи мобили ва хизматрасонихои электрониро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  2. Мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали – ин тачхизоти электрони бо блоки хотираи фискали ва (ё) системахои компютерие мебошанд, ки интиколи электронии маълумотро таъмин намуда, барои сабти хисоббаробаркунихои пули хангоми фуруши мол ва хизматрасони истифода бурда шуда, кайди тасхехнашавандаи харбасти ва нигохдории дарозмуддати маълумотро, новобаста ба мавчудияти кувваи барк, таъмин менамоянд. Макоми ваколатдори давлати ва макомоти дахлдори дигар Фехристи давлатии мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискалиро, ки барои истифодаи онхо дар каламрави Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, тасдик менамоянд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Дар холатхои аз чихати техники корношоям шудани мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали, набудани кувваи барк ё амали шартхои зербанди б) банди 1) кисми 2 хамин моддаистифода ва додани чекхои моли ба харидорон бо тартиби пешбининамудаи банди 2) кисми 2 хамин моддамуваккатан ичозат дода мешавад. Барои чунин андозсупорандагон пешбурди дафтари сабти кайди маблагхои пулии накд, ки шакли онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад, хатмист.
  4. Хангоми истифодаи мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали риояи талаботи зерин хатми мебошад:

-то огози фаъолият мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали дар макомоти андози махалли амали намудани фаъолият ба кайд гирифта мешаванд;

-додани чеки мошини назорати – хазинавии дорои хотираи фискали амали карда мешавад;

-дастрасии макомоти андоз ба мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали таъмин карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …