Главная / Илм / Мош дар Канзи Шифо (Китоб)

Мош дар Канзи Шифо (Китоб)

mosh-600x330Мош — ин растани ва дони машхури зироати аст, ки тухмашро пухта мехуранд. Рангаш ба сабзи зардтоб моил аст. Мизочи мош дар дарачаи якум сард ва моил ба хушкист. Агар мукашшар карда, яъне аз пусташ чудо карда бошанд, баъд мизочаш муътадил дар тари ва хушки мегардад. Мизочи пусташ мураккаб-ул-кувват моил ба хушкист.

Хислатхои шифобахши он: ин хамчун гизо сабуктар аз наск мебошад, бодаш камтар назар ба бокило ва бехтарин аз донхои хуроки мебошад. Агар бихуранд, гизои хуб, аз он моддаи солим дар чигар пайдо мешавад, вале аз меъда суст мегузарад, хусусан, ки мукашшари онро пухта бихуранд. Зеро ки хушки, куввати тахлилдихандаги дар худи пусташ мавчуд мебошад.

Мош аз хурданихои фаслхои бахор, тобистон, мавзеъхои гармодор, одамони гарммизоч, инчунин беморони иллатхои гарм ва тездошта аст. Зеро ки мош таскиндихандаи харорат, тези ва тафсонидани сафро ва хун аст.

Агар инро пухта бихуранд, асаб ва узвхои асабониро кувват мебахшад, тавоногии чашмро меафзояд; барои дарди сари аз гарми, назлахо, варами забончаи халк, сурфа, табхои гарму тез ва беморихои гурда даво мебошад, зеро ки табиатан худаш мувофики гурда аст.

Мошро мукашшар карда, бо равгани бодоми ширин кичири пухта бихуранд, моддахои солим дар бадан пайдо мекунад. Аммо барои табхои сафрови бо барги чилмангуштак (семизут), коху, чави куфта бояд, ки бипазанд. Мошро мукашшар нокарда бо туршак (щавель) пухта бихуранд, дарунро мебандад.

Яке аз хусусиятхои мош он аст, ки бо вучуди сардии мизочаш моддаи савдоро харакат намедихад, хам барои мулоим кардани дарун ва хам барои банд кардани дарун фоида дорад. Аммо хар гох дарунро мулоим кардан мурод бошад, бояд ки мукашшар карда, бо оби тухми махсар ва равгани бодоми ширин бипазанд, вале агар максад бастани дарун бошад, бо пусташ бирён намуда, баъд бипазанд ё ин ки дар об чушонида, он обро рехта дур намоянд, то ки куввати гарммизочи ва поккунандагии он дур шавад, сони оби холиси дигар андохта, пухта бихуранд.

Агар дарунро банд намудан бо паст гардонидани харорат, чушиш ва фишори баланди хун мурод бошад, бо оби туршак ё бо оби анори турш, ки хангоми бо пардахои дарунаш будан куфта фишурда гирифта бошанд, ё бо татум ва равгани бодоми ширин бипазанд. Мошхурдаи он аз моши мукашшар пухташуда барои сурфа ва назлахои гарм даво мебошад.

Вале хурдани мош барои одамони хунукмизоч пирон, инчунин ба касоне, ки дар меъдаашон рутубат, моддахои мурдор ва бод бисёр бошанд, зарар мекунад, хусусан, мукашшари он; ба дандон ва бох хам зиён дорад. Давои ин барои одамони сардмизоч хуришхои хушбуйи гарммизоч, монанди: занчабил, дорчини, зира, мурч, каранфули гардан, хардал (горчица) ва гайра хушбуйихои гарммизоч хурдан аст; вале барои гарммизочон онро бо оби тухми махсар, туршихои номбурда ва равгани бодоми ширин пухта хурдан аст.

Моши пухтагиро бо сирко хамир сохта, дар вакти хаммом кардан гузошта банданд, кутури решгаштаро шифо мебахшад; агар онро бо оби холис хамир сохта бибанданд, узвхои сустгаштаро кувват мебахшад ва дарди онхоро таскин медихад. Пухтаи онро бо шароб ё бо заъфарон пухта гузошта банданд, дарди узвхои латхурда ва катъшударо таскин медихад.

Мошро хоида гузошта банданд, узв ва чохои сармозадаи баданро, агарчи кухна шуда бошад, шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …