Главная / Илм / Морчуба

Морчуба

morchuba_sparja-660x330Морчуба  — ин калимаи точикист ва ба руси спаржа меноманд. Морчуба растаниест, ки баргхояш монанди сузани борик-борики бисёр мебошад, рангаш сабз аст, ки ба баргхои сарсабил шабохат дорад. Гулаш сафед. Самараш ба андозаи самари сарсабил аст, хангоми нораси кабуди сабзтоб ва дар вакти расидан сурх мегардад. Ин боги ва сахрои низ мешавад. Гулфурушон аксар ба дастахои гул хамрох менамоянд.

Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст ва хушкии сахроии он зиёдтар мебошад. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, торикии чашмро дафъ мекунад, зардоби дар гавхараки чашм фуромадаро дар давраи аввал бошад, дафъ месозад; дарди узвхои даруни сина ва шуш, дарди пахлу ва истискоро шифо мебахшад.

Агар инро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Инро бихуранд, гирехи чигар, сипурз ва гурдаро мекушояд, дарун ва чигарро мулоим мекунад, бодхои гуногун ва кулинч (колит)-ро тахлил медихад, хамчун гизо пуркувват аст, хазмкунандаи таом мебошад, буйи пешоб ва араки баданро дигар мегардонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, гурдаро аз моддахои бегона пок месозад ва пешобро меронад.

Инро пухта бихуранд, дарунро мулоим мекунад, балгами ба меъда часпидаро бо кай берун меоварад, дарди рудахоро дафъ мекунад, бохро ба харакат меоварад, пешобро равон мекунад ва агар бо шароб биёшоманд, чакмезакро шифо мебахшад.

Инро ба дили нахор бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, инчунин иллатхои гурда ва хичакро бархам медихад. Пухтаи онро бо шароб бихуранд, газидани гундаро дармон мешавад.

Вале агар инро аз хад зиёд бихуранд, ба сар зарар мекунад — давои ин зиёнаш асал хурдан аст. Инро бардавом бихуранд, ба дарди пайвандхо гирифтор мекунад, таомро дар меъда вайрон месозад ва дилро бехузур (бечо) мекунад. Давояш: агар ба одамони сардмизоч зиён расонад, асал хурдан аст, вале барои гарммизочон худи морчубаро дар сирко чушонида хурдан аст.

morchuba_sparja-2Морчубаро дар шир пухта бихуранд ва инчунин танхо бо гушт пухта тановул намоянд, бохро кувват мебахшад ва ин тавр истеъмолаш, назар ба он ки танхо худашро пухта мехурда бошанд, бехтар таъсир дорад.

Тарики расмшудаи истеъмоли он чунин аст, ки аввал инро дар об чушонида, он обро рехта мепартоянду баъд бо тухми мург пухта мехуранд. Зеро оби чуши аввалаш дилро бехузур мекунад. Инчунин ошомидани сиканчабин ислохкунандаи зарари он аст барои одамони гарммизоч, вале барои одамони сардмизоч ва кухансолон давои ислохбахш хочат нест.

Микдори як бор хурдан аз морчуба дар як руз то 10,5 грамм аст. Гуфтаанд, ки морчуба кушандаи саг аст. Тухмашро бихуранд, гирехи сипурзро мекушояд. Агар инро бо асал ва равгани баласон бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Занони Миср тухми инро махин куфта, ба тухми мурги нимпухта пошида. нимгарм мехуранд, ба гумони он ки баданро фарбех мекарда бошад.

Агар тухми инро занхо аз таг бардоранд, хайзи бандгаштаро равон мекунад ва дар ин амал аз худи растаниаш кавитар мебошад. Микдори як бор хурдан аз тухми он дар як руз то 9 грамм аст. Ба чойи ин ханзал (тарбузи абучахл) бихуранд, раво мебошад. Вале ба дарун истеъмол кардани тухми ин ба майна зарар дорад — давояш сиканчабин ошомидан аст.

Решаашро бихоянд, дарди дандонро таскин медихад. Решаи хушкашро ос карда, ба дандон гузоранд, дарди дандони напусидаро таскин медихад, вале худаш дандонро мепусонад. Решаи хушкашро ба гардан овезанд, дарди дандонро таскин медихад ва боиси бе хеч гуна дард кандани он мегардад, агар ин тавр мурод бошад.

Решаашро дар об чушонида, он обро бо сирко даромехта, дар дахан гардонанд, инчунин оберо, ки тухми он низ чушонида шуда бошад, хамин тавр кунанд, хосияти боло зикрёфтаро дорад. Ва решаашро дар об чушонида, он обро батанхой ё бо асал биёшоманд ва ё бо тухми харбуза бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, иллатхои хичакро шифо мебахшад, дарди гурда ва рохи пешобро, ки аз гирех ба амал омада бошад, дафъ мекунад.

Дар китоби «Филоха» кайд ёфтааст, ки чун шохи гусфандро дар замин гур кунанду батакрор об диханд, морчуба меруяд — ин озмуда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …