Главная / Илм / Момирон дар Канзи Шифо (Китоб)

Момирон дар Канзи Шифо (Китоб)

momiron-640x330Момирон — ин гиёх як намуди зардчубахост. Поя ва шоххои он аз замин баланд. Баргаш монанди баргхои печаки калон, моил ба гирдак, сафеди зардтоб ва часпак мебошад. Решааш шоха-шоха аз як чо ба хар тараф кашида, кучактар ва бориктар аз решаи зардчуба, гирехдор ва качтар аст, пашмакрешахои муйшакл дорад, ки дар чохои намнок ва наздики обхо меруяд. Тухмаш ба кунчид шабохат дорад; бехтарини он зард, борик, сахт ва гирехдори нави он мебошад. Кувваташ то бист сол боки мемонад. Ин гиёхро ба забони руси чистотел большой меноманд. Аксар дар кукистонхо месабзад.

Мизочаш дар охири дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: хусусиятхои умумиаш: поккунанда, тахлилдихандаи варам ва моддахои гализ, инчунин решкунандаи пусти бадан аст, нохунро метарконад.

Агар онро куфта, бо асал даромехта, ба даруни бини бирезанд, майнаро аз олоишхои зарарнок пок мегардонад. Хушки онро куфта, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки онро дафъ мекунад, торикии чашмро бархам медихад ва рушноии онро зиёда мегардонад.

Агар бихоянд, дарди дандонро таскин медихад. Решаашро куфта, бо шароб бихуранд, зардпарвинеро, ки сабабаш гиреххои узвхои дохили бошанд, шифо мебахшад; бодхои гализро тахлил медихад, исхолро манъ мекунад, дарди рудахоро сокин менамояд, беихтиёр рафтани пешобро ислох мекунад.

momiron-2Ин решаро куфта, гузошта банданд ё бимоланд, бачадони чаппагашта ва баргаштаро ба чояш мебарад ва шифо мебахшад, бавосирро низ нест мекунад. Баъзе табибон ошомидани инро ба гурда зарар дорад, гуфтаанд. Агар зарар кунад, асал бихуранд ё бо асал бихуранд, зарараш ислох меёбад.

Микдори як бор хурдан аз он дар як руз то 2,25 грамм аст. Ба чойи ин ба хамин вазн зардчубаро бихурадд, равост. Момиронро куфта, бо асал ва сирко даромехта бимоланд, нохуни сафедшударо ислох мекунад, догхои кунчидак ва нуктахои сафеди пуст, кутур ва догхои дигари гуногуни пустро дафъ мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …