Главная / Гуногун / Молдоре монанди Хотами Той

Молдоре монанди Хотами Той

Молдореро шунидам, ки ба бухл чунон маъруф буд, ки Хотами Той дар камар. Зохири холаш ба неъмати дунё ороста ва хиссати нафси чибилли дар вай хамчунон мутамаккин то ба чоне аз даст надоди ва гурбаи Абу Хурайраро ба лукмае нанавохти ва саги асхоб-ул-кахфро устухоне наяндохти. Филчумла, хонаи уро кас надиди даркушода ва суфраи уро саркушода.

Дарвеш ба чуз буи таомаш нашуниди,
Мург аз паси нон хурдану у дона начиди.

2400Шунидам, ки ба дарёи Магриб андар рохи Миср баргирифта буд ва хаёли Фиръавни дар сар. Боде мухолифи кишти баромад.

Бо табъи малулат чи кунад дил, ки насозад.
Шурта хама вакте набувад лоики кишти.

Дасти дуо баровард ва фарёди бефоида хондан гирифт.

Дасти тазарруъ чи суд бандаи мухточро,
Вакти дуо бар худой, вакти карам дар багал.

***
Аз зару сим рохате бирасон,
Хештан хам таматтуе баргир.
В-он гах ин хона, к-аз ту хохад монд,
Хиште аз симу хиште аз зар гир.

Овардаанд, ки дар Миср акориби дарвеш дошт, ба бакияти моли у тавонгар шуданд ва чомахои кухан ба марги у бидариданд ва хазу димёти буриданд. Хам дар он хафта якеро дидам аз эшон бар бодпое равон ва гуломе дар пай давон.
Вах, ки гарм мурда бозгардиди
Ба миёни кабилаву пайванд,
Ради мерос сахттар буди,
Воисонро зи марги хешованд.

Ба собикаи маърифате, ки дар миёни мо буд, остинаш гирифтам ва ин байт бар у хондам:

Бихур, эй нексирате сарамард,
К-он нагунбахт гирд карду нахурд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …