Главная / Маданият ва санъат / Мохи шарифи Рамазон муборак (Табрикот)

Мохи шарифи Рамазон муборак (Табрикот)

МОХИ РАМАЗОН РАФТ

Афсус, сад афсус, ки мохи рамазон рафт,
Нахли тараб аз панчаи айёми хазон рафт

Чону дили ман бастаи занчири вафо буд,
Чону дили ман аз ману аз мулки чахон рафт.

Аз хони сахояш бари ман файзу сахо буд,
Дар як нафасе файзу футухи сари хон рафт.

Аз савмаи дил бурун рафт ба як бор,
Аз гуши малак савти хуши бонги азон рафт.

Не аз Шаби Кадр монд нишон, не зи таровех,
З-ин ид наболам, ки зи ман гавхари кон рафт.

Чун боди сахар буд пур аз накхати чонбахш,
Эй вой, ки ин накхати чонбахши аён рафт.

Не хур кунад чилваю не Кавсару Туби,
Садбарги умедам зи дили боги чинон рафт.

Овард сафохою бибурд бори маъоси,
Чун сарви сихи омаду бо кадди камон рафт.

Андешаи маргам набуду лек дили реш,
Дар рафтани ин мох ба худ марсияхон рафт.

Аз гуссаи дил гуфт, Зарифи, ба сад афгон:
Афсус, сад афсус, ки мохи рамазон рафт.

tabrikoti-ramazonkomron

ТАХНИЯТ БАР ДУСТОН

“Идат муборак” гуямат, эй ошнои муътабар!
Боши чу начми осмон, хам бахри ёрон муфтахар.

Хар тоате карди адо, бар даргахаш макбул бод,
Чонат шавад аз растахо, аз ту бади мардуд бод!

Чони азизатро Худо, созад рахо аз хар бало,
Ихлосу сидкатро Худо, созад хамеша дар само!

Дидан туро дар офият, пурсам зи Мавло хар замон,
Умрат хама тоат шавад, боши хамеша дар амон!

Идат муборак дустам, осудахоли хостам,
Бахри Шумову хонадонт, ин тахният оростам!

tabrikoti-ramazon-agentstva

idi-ramazon-1 idi-ramazon-2 Шаби лайлатулкадр

Иди рамазон муборак бошад

Иди саиди фитр муборак idi-ramazon-6 Табрикоти иди рамазон

idi-ramazon-8

Инчунин кобед

teatri-luxtak

Театри лухтак дар шахри Душанбе

Дар Точикистон ягона театри лухтак аз 7 сентябри соли 1985, ки дар шахри Душанбе, дар …