Главная / Чамъият / Мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи – Конуни ЧТ

Мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи – Конуни ЧТ

Конуни ЧТ «Дар бораи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи»

АМОЧТ с.2013, №8-9, мод.654) 

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба фаъолият дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи танзим намуда, ба таъмини ахоли  бо мохи ва махсулоти он, афзоиши  мохи ва хифзи мухити зисти он равона шудааст. 

mohi

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

— мохипарвари – фаъолият оид ба парвариш, нигохдори, афзун гардонидан, хифз кардан ва ба фуруш баровардани мохи ва махсулоти он;

— мохипарварии истирохати – фаъолият оид ба нигохдори ва парвариши мохи бо максади мохигирии хаваскори ва варзиши, нигох доштани мохи дар аквариум ва шаклхои дигари парвариш;

— мохипарварии моли – фаъолияти сохибкори оид ба нигохдори ва парвариши мохи дар шароити табии ё сунъи офаридашудаи зист бо максади ба даст овардани даромад;

— мохигири – фаъолият оид ба сайди мохи инчунин коркард, интикол, нигохдори, истехсол, фуруши мохи ва махсулоти он;

— мохигирии хаваскори – сайди мохи барои истеъмоли шахси бе максади ба даст овардани даромад;

— мохигирии варзиши – намуди истирохати фаъол вобаста ба дошта гирифтани мохи аз манбаъхои об бо максади мусобика ё истирохат бо истифодаи воситахои мохигирии варзиши;

— захирахои мохи – сарватхои мохие, ки дар обхавзахои табии мавчуданд;

— мохии зоти – хамаи фардхои нарина ва модинаи мохи, насли он, нутфа ва тухмхои бордоршудаи (зиготаи) дорои сертификат ё шаходатномаи зоти;

— мохии моли – хамаи намудхои мохии дусола ва сесола, ки барои фуруш мувофик аст;

— квотаи мохигири – меъёри имконпазири сайди мохие, ки бо максади мохигири илман асоснок карда шудааст;

— бозтавлиди захирахои мохи – фаъолият оид ба нигохдори ва парвариши мохи дар шароити табии ё сунъи бо максади баркарор намудан ва нигох доштани захирахои мохи;

— Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари – мачмуи ба низомдаромадаи иттилооти хуччатгузоришуда дар бораи захирахои мохи, истифода ва хифзи онхо;

— мутобиккунонии (акклиматизатсияи) мохи – фаъолият оид ба  хавзхои нав сар додани селаи мохии дорои ахамияти истехсоли бо максади зиёд кардани махсулоти мохи;

— объектхои мохигири – объектхои нигохдори ва парвариши мохи, аз чумла парвариши он дар шароити табии ё сунъи;

— объектхои обии дорои ахамияти мохипарвари (минбаъд — объектхои оби) – хавзу обанборхо, дарёву каналхо, инчунин китъахои алохидаи онхо, ки мухити зисти захирахои мохи буда, барои мохипарвари истифода мешаванд;

— махсулоти мохи – мохии зинда ва гайризинда, мохии шур, мохии хушк, мохии дудхурда, консервкардашуда, тухми мохи;

— воситахои мохигири – дастгох ва асбобу олоти мохидорие, ки барои сайди мохи истифода мешаванд;

— мониторинги давлатии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи – кисми таркибии низоми ягонаи давлатии мониторинги экологии Чумхурии              Точикистон, ки  системаи мушохидахои мунтазам оид ба сифат, бозтавлид, микдор, таксими захирахои мохи, холати мохигири, мухити зист ва хифзи  захирахои мохиро дар бар мегирад;

— макоми ваколатдори давлати дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи – макоми ичроияи марказии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, ки сиёсати давлатиро дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи амали менамояд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифахои Конуни мазкур

Вазифахои Конуни мазкур инхоянд:

— таъмини истифодаи асоснок ва окилона, хифзи захирахои мохи ва мухити зисти онхо, таъмини амнияти озукавори;

— пешгирии вайрон намудани коидахои мохигири ва рох надодани сайди гайриконунии мохи;

— мукаррар намудани принсип ва механизмхои татбики сиёсати давлати ва дастгирии давлати, ки ба нигохдории захирахои мохи, рушди хочагихои мохипарвари, мохигири ва зиёд кардани махсулоти он равона шудаанд;

— пешгирии камшави, таъмини нигохдори ва бозтавлиди захирахои мохи;

— пешгири, кам намудан ва рафъи ифлосшавии мухити зисти захирахои мохи бо партову моддахои хатарнок ва зараровар.

Моддаи 4. Принсипхои танзими давлати дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

Принсипхои танзими давлати дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи инхоянд:

— ба назар гирифтани мохияти захирахои мохи хамчун яке аз асосхои хаёту фаъолияти инсон;

— афзалияти нигохдории захирахои мохи ва истифодаи окилонаи онхо;

— пешгирии окибатхои номатлуби экологи;

— иштироки чомеа дар халли масъалахои марбут ба мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи;

— ошкорбаёни хангоми ба истифода додани объектхои обии дорои ахамияти мохипарвари ва мохигири. 

БОБИ 2. ИДОРАКУНИ ДАР СОХАИ МОХИПАРВАРИ, МОХИГИРИ ВА ХИФЗИ ЗАХИРАХОИ МОХИ

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

— амали намудани сиёсати давлати дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи;

— тасдик ва амали намудани барномахои давлати;

—  тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки;

— муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

— амали намудани хамкории байналмилали;

— салохиятхои дигаре, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

Моддаи 6. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи (минбаъд — макоми ваколатдори давлати) дохил мешаванд:

— танзими меъёрии хукуки дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи;

— амали намудани тадкикоти илми дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи, ташкил ва маблаггузори дар ин соха;

— ташкили низоми махсуси омузиши захирахои мохи дар хавзахои табии, дарёву каналхои ахамияти истехсолидошта, тахия ва тасдики санадхои меъёрию техники ва методи;

— омодасозии тавсияхо оид ба парвариш ва истифодаи зотхои бехтарини мохи, бехсозии сифати махсулот ва афзунгардонии махсулнокии сохаи мохипарвари;

— тахия ва тасдики чорабинихо оид ба хифз ва истифодаи окилона, омузиш ва бозтавлиди захирахои мохи ва мухити зисти он;

— гирифтани иттилооти зарури аз шахсони вокеи ва хукуки, ки дар ин соха фаъолият менамоянд;

— андешидани тадбирхо оид ба пешгири ва кам кардани таъсири зараровар ба захирахои мохи ва мухити зисти онхо;

— назоратбарии фаъолияти шахсони вокеи ва хукукии дар  ин соха фаъолиятдошта, холати захирахои мохи ва мухити зисти онхо;

— бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешгирии сайди гайриконунии мохи;

— гузаронидани тахкикоти илми-техники ва дигар тахкикот дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи мохи;

— тахия ва тасдики коидахои мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи;

— пешбурди Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари;

— ваколатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Моддаи 7. Мониторинги давлатии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

  1. Маълумотхои дар натичаи мониторинги давлатии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи бадастовардашуда ба максадхои зерин истифода бурда мешаванд:

— тахияи Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари;

— омодасозии иттилооти харсола ва истифодаи он дар гузоришхои давлати оид ба вазъи сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи;

— ошкор ва пешгуи намудани равандхое, ки ба вазъи захирахои мохи ва мухити зисти онхо таъсир мерасонанд;

— ташкили истифодаи окилонаи захирахои мохи, аз чумла бо тартиби мукарраргардида ворид намудани махдудиятхо барои мохигири;

— тахияи тадбирхо оид ба хифзи захирахои мохи ва мухити зисти онхо, ворид намудани онхо ба коидахои мохигири;

— таъмини эхтиёчоти давлат, шахсони вокеи ва хукуки ба иттилооти боэътимод оид ба захирахои мохи ва мухити зисти онхо.

  1. Мониторинги давлатии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи аз чониби макоми ваколатдори давлати якчоя бо муассисахои илмии тахкикоти, бо чалби ташкилотхои мохипарвари ва мохигири гузаронида мешавад.
  2. Тартиби амалигардонии мониторинги давлатии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи ва истифодаи маълумоти он ба максадхои дар кисми 1 хамин модда пешбинишуда аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад. Пешниходи маълумот оид ба мониторинг ба макомоти дахлдори давлати тибки дархости онхо, инчунин мубодилаи ин маълумот байни онхо ройгон мебошанд.

Моддаи 8. Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари

  1. Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари аз иттилооти зерин иборат мебошад:

— хусусиятхои микдори, сифати ва иктисодии захирахои мохи;

— объектхои оби;

— сохибкорони инфироди ва шахсони хукукие, ки ба мохипарвари машгуланд;

— дар бораи воситахои сайди мохи;

— карорхои макоми ваколатдори давлати, ки дар асоси онхо хукуки сайди захирахои мохи ба миён меояд;

— дар бораи хачми сайди харсолаи мохи;

— иттилооти дигари хуччатгузоришуда оид ба истифода ва хифзи захирахои мохи.

  1. Иттилооти хуччатгузоришудаи Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари ба иттилооти дастраси умум мансуб мебошад, ба истиснои иттилооте, ки дастраси ба он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд карда шудааст.
  2. Шахсони вокеи ва хукукие, ки ба мохигири машгуланд (ба истиснои мохигирии хаваскори ва варзиши), ухдадоранд бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати иттилоотеро, ки ба Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари ворид карда мешаванд, пешниход намоянд.
  3. Номгуи иттилооте, ки пешниходи он хатми мебошад, шартхои пешниход, инчунин тартиби пешбурди Фехристи давлатии хочагихои мохипарвари аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешаванд.

БОБИ 3. ХУКУК БА ЗАХИРАХОИ МОХИ

Моддаи 9. Хукуки моликият ба захирахои мохи

  1. Захирахои мохии объектхои обии хусусияти табиидошта, моликияти истисноии давлат мебошанд.
  2. Захирахои мохии китъахои алохидаи объектхои оби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд дар моликияти давлати ё хусуси бошанд.

Моддаи 10. Махдуд ва катъ кардани хукуки сайди мохи

  1. Хукуки сайди захирахои мохи дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур мумкин аст, махдуд карда шавад.
  2. Хукуки сайди мохи дар холатхои зерин катъ карда мешавад:

— ба охир расидани мухлати амали хукуки сайди мохи;

— тибки шартномаи байни макоми ваколатдори давлати ва шахсе, ки ба ихтиёраш захирахои мохи барои истифода дода шудаанд;

— аз хукуки сайди мохи даст кашидани шахсе, ки ба ихтиёраш захирахои мохии мазкур барои истифода дода шудаанд;

— бархам додани шахси хукуки ё фавти шахси вокеи, ки ба ихтиёри у захирахои мохи барои истифода дода шуда буданд;

— дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точтикистон.

Моддаи 11. Додани объектхои оби ва китъахои алохидаи онхо барои истифода бо максадхои мохипарвари ва мохигири

  1. Объектхои оби ё китъахои алохидаи онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд, бо максадхои мохипарвари ва мохигири ба сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки дода шаванд.
  2. Шахсони вокеи ва хукукие, ки ухдадорихои худро мувофики шартномахои мохипарвари ва мохигири дар объектхои оби ё китъахои алохидаи он пурра ичро кардаанд, барои истифодаи ин объектхо дар мухлати нав хукуки имтиёзнок доранд.
  3. Мохипарвари ва мохигири дар объектхои оби ё китъахои алохидаи онхо махдуд карда намешаванд, ба истиснои:

— сайди намудхои мохии кучанда ва дигар намудхои ба хифзи махсус эхтиёчдошта;

— холатхои махдуд намудани сайди мохи бо максади хифзи онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

 

 

БОБИ 4. НАМУДХОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ МОХИПАРВАРИ,

МОХИГИРИ ВА ХИФЗИ ЗАХИРАХОИ МОХИ

Моддаи 12. Намудхои фаъолият дар  сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

  1. Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд намудхои фаъолияти зеринро дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи амали намоянд:

— бозтавлиди сунъии мохи;

— мохипарварии моли;

— мохипарварии истирохати.

  1. Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд бо як ё якчанд намуди фаъолияти сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини шудаанд, машгул шаванд.

Моддаи 13. Бозтавлиди сунъии захирахои мохи

  1. Бозтавлиди сунъии захирахои мохи дар объектхои оби дар асоси тадбирхои илман асоснок анчом дода мешавад.
  2. Тадбирхо оид ба бозтавлиди сунъии захирахои мохи парвариш намудан ва ба объектхои оби сар додани селаи мохичахо, инчунин анчом додани корхо оид ба мутобиккунони (акклиматизатсия) ва мелиоратсияи объектхои оби, аз чумла дошта гирифтани фардхои ахамияти истехсолидоштаро аз хавзахои табии дар бар мегиранд.
  3. Тадбирхо оид ба бозтавлиди сунъии захирахои мохи аз чониби муассисахои махсусгардонидашуда, инчунин аз тарафи субъектхои дигар аз хисоби маблаги худи онхо дар асоси шартномахои бо макоми ваколатдори давлати басташуда гузаронида мешаванд.

Моддаи 14. Мохипарварии моли

  1. Мохипарварии моли дар хавзхо, обанборхо, кафасхои сунъи, кулхои мохипарвари, палхои шоли, инчунин дар дигар объектхои оби ё китъахои алохидаи онхо анчом дода мешавад.
  2. Мохипарварии моли бо истифодаи мохие, ки барояш мухити зисти сунъи фарохам оварда шудааст, ба рох монда мешавад.
  3. Мохии молие, ки дар шароити табии ва мухити зисти сунъи парвариш меёбад, ба ихтиёри шахсони вокеи ва хукуки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои истифода дода мешавад.
  4. Коидахои истифодаи объектхои оби ё китъахои алохидаи онхо барои мохипарварии моли аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 15. Мохипарварии истирохати

  1. Мохипарварии истирохати дар хавзхо, кулхои минтакахои истирохати, инчунин дар объектхои оби дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур ба рох монда мешавад.
  2. Мохипарварии истирохати аз хисоби захирахои мохие, ки дар шароити табии ва мухити зисти сунъи парвариш меёбад, ба рох монда мешавад.
  3. Коидахои истифодаи объектхои обиро барои мохипарварии истирохати макоми ваколатдори давлати мукаррар менамояд.

Моддаи 16. Истехсоли махсулоти мохи

Истехсоли махсулоти мохи, инчунин мониторинг, назорати сифат ва бехатарии хамлу накли он мувофики меъёрхои технологи ва шартхои техникии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

Моддаи 17. Селаи мохии зоти ва такмили

  1. Селаи мохии зоти ва такмили аз фардхои арзишманд, ирси (генетики) ва дорои ахамияти хочаги бо максади хифзи гуногунии биологи ва мунтазам гирифтани насл ташаккул дода мешаванд.
  2. Селаи мохии зоти ва такмили мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд дар моликияти давлати ё хусуси карор дошта бошанд.
  3. Тартиби ташаккул ва истифодаи селаи мохии зоти ва такмили аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 5. МОХИГИРИ

Моддаи 18. Намудхои мохигири

  1. Шахсони вокеи ва хукуки (истифодабарандагон) метавонанд намудхои зерини мохигириро амали намоянд:

— бо максади илмию тахкикоти ва назорати;

— дар объектхои обии худудхои табии махсус мухофизатшаванда;

— бо максади мохипарвари, бозтавлид ва мутобиккунонии (акклиматизатсияи) захирахои мохи;

— хаваскори;

— варзиши.

  1. Номгуи намудхои мохигири аз чониби макоми ваколатдори давлати тасдик карда мешавад.

Моддаи 19. Коидахои мохигири

Коидахои мохигири, хамчун санади танзимкунанда, барои амали намудани мохигири ва хифзи захирахои мохи, аз чониби макоми ваколатдори давлати тахия ва тасдик карда мешаванд.

Моддаи 20. Мохигири бо максади илмию тахкикоти ва назорати

  1. Мохигири бо максади илмию тахкикоти ва назорати барои омузиш ва нигохдории захирахои мохи, инчунин мухити зисти онхо, гузаронидани мониторинги давлати, муайян кардани сайди имконпазир ва тахияи тадбирхои нигохдории онхо амали мешавад.
  2. Мохигири бо максади илмию тахкикоти ва назорати дар асоси барномахои харсолаи тахкикот ва мониторинги захирахои мохи амали мегардад. Барномахои тахкикот ва мониторинги захирахои мохи аз чониби макоми ваколатдори давлати тасдик карда мешаванд.
  3. Сайди захирахои мохи бо максади илмию тахкикоти ва назорати дар хачми зарури гузаронидани тахкикоти илми ва назорати амали мешавад.
  4. Тартиби сайди мохи бо максади илмию тахкикоти ва назорати, аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

Моддаи 21. Мохигири бо максади мохипарвари, бозтавлид ва мутобиккунонии (акклиматизатсияи) захирахои мохи

  1. Мохигири бо максади мохипарвари, бозтавлид ва мутобиккунонии (акклиматизатсияи) захирахои мохи аз чониби истифодабарандагон мувофики коидахое, ки макоми ваколатдори давлати тибки Конуни мазкур тасдик кардааст, амали карда мешавад.
  2. Мохигири бо максади мохипарвари, бозтавлид ва мутобиккунонии (акклиматизатсияи) захирахои мохи дар доираи квотахои чудошудаи сайди мохи амали мегардад.
  3. Мохигири бо максади парвариши мохии моли барои амалхои зерин анчом дода мешавад:

— бунёд намудани саршумори зарурии мохии наслдихандаи зоти бо максади бозтавлид;

— ташаккули селаи мохии зоти  ва такмили.

  1. Мохигири бо максади бозтавлид ва гани гардонидани захирахои мохи, бо рохи дошта гирифтани фардхои пурарзиши мохихо аз объектхои оби амали карда мешавад.
  2. Мохигири бо максади мутобиккунонии (акклиматизатсияи) захирахои мохи, бо рохи ба объектхои оби интикол додани селаи мохи ва устувор намудани захирахои пурарзиши мохи анчом дода мешавад.
  3. Мохии бо максади бозтавлид сайдшуда баъд аз анчом додани корхои дахлдор дар минтакаи зотпарварии хочагихои мохипарвари бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати истифода мешаванд.

Моддаи 22. Мохигири дар объектхои обии худудхои  табии махсус мухофизатшаванда

Сохибкорони инфироди ва шахсони хукукие, ки бо мохидории истехсоли машгуланд, метавонанд дар объектхои обии худудхои табиии махсус мухофизатшаванда дар мувофика бо макомоти дахлдори ваколатдори давлати мохи сайд кунанд.

Моддаи 23. Мохигирии хаваскори ва варзиши

  1. Шахсони вокеи хукук доранд бо истифода аз воситахои мохигири дар объектхои оби, мохигирии хаваскори ва варзиширо ройгон анчом диханд, агар дар Конуни мазкур тартиби дигар пешбини нагардида бошад.
  2. Мохигирии хаваскори бо максади истеъмоли шахси ва (ё) конеъ гардонидани эхтиёчот ба истирохати фаъол амали карда мешавад. Назорати мохигирии хаваскори аз чониби макоми ваколатдори давлати амали карда мешавад.
  3. Мохигирии варзиши метавонад бо шарти баргардонидани захирахои мохии сайдшуда ба мухити зисташон ва бе чунин шарт анчом дода шавад.
  4. Тартиби мохигирии хаваскори ва варзиши, инчунин номгуи воситахои мохигирии истифодаашон бо ин максадхо ичозатдодашуда аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешаванд.
  5. Мохигирии хаваскори ва варзиши дар объектхои обие, ки моликияти шахсони вокеи ва хукуки мебошанд, бо мувофикаи сохибмулкони онхо анчом дода мешаванд.

Моддаи 24. Махдудият ба мохигири

  1. Бо максади таъмини нигохдории захирахои мохи ва истифодаи окилонаи онхо метавонанд ба мохигири махдудиятхои зерин мукаррар карда шаванд:

— манъ кардани мохигири дар худудхои муайян ва (ё) нисбат ба  намудхои алохидаи захирахои мохи;

— андоза ё вазни хадди акалли сайди захирахои мохи;

— намуд ва микдори воситахои ичозатшуда ва усулхои сайди захирахои мохи;

— хачм ва таркиби захирахои мохи;

— даврахои мохигири дар объектхои оби.

  1. Махдудияти мохигири аз чониби макоми ваколатдори давлати бо назардошти тавсияхои муассисахои илмию тахкикоти мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 25. Махдудияти сайди намудхои нодир ва зери хатари  нобудшави карордоштаи захирахои мохи

  1. Махдудияти сайди намудхои нодир ва зери хатари нобудшави карордоштаи захирахои мохи, ки ба Китоби сурх дохил карда шудаанд, вобаста ба максади сайди онхо муайян карда мешавад, ки дар натичаи ин набояд ба захира ва мухити зисти онхо зарар расонида шавад.
  2. Хангоми сайди намудхои нодир ва зери хатари нобудшави карордоштаи мохи, воситахо ва усули сайд бояд мувофик буда, ба захирахои мохи зарар нарасонанд.
  3. Дар хусуси сайди гайриконунии намудхои нодир ва зери хатари нобудшави карордоштаи захирахои мохи санад тартиб дода мешавад.

Моддаи 26. Квотахои сайди мохи

  1. Сайди имконпазири мохи хар сол аз чониби макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Шурои илмию истехсолии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи нисбат ба квотахои зерин чудо ва тасдик карда мешавад:

— мохигирии истехсоли;

— мохигири бо максади илмию тахкикоти ва назорати (квотахои илми);

— бо максади бозтавлид ва мутобиккунонии  (акклиматизатсияи) захирахои мохи;

— бо максади ташкили мохигирии хаваскори ва варзиши.

  1. Квотахои сайди мохи мувофики дархости истифодабарандагон ва натичаи корхои илмию тадкикоти оид ба намудхои мохи бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати ва Шурои илмию истехсолии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи тасдик карда мешаванд.
  2. Квотахо тавассути бастани шартномахо бо истифодабарандагон ба мухлати як сол тасдик карда мешаванд.
  3. Сайди имконпазири умумии мохи барои хар як объекти оби бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати тасдик карда мешавад. Сайди имконпазири умумии мохи бо тонна, сентнер ва килограмм хисоб карда мешавад.
  4. Сайди имконпазири умумии мохи бо максади илмию тахкикоти ва назорати (квотахои илми) бо килограмм ё бо вохидхои алохида (фардхо) хисоб карда мешавад.

Моддаи 27. Шурои илмию истехсолии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

  1. Шурои илмию истехсолии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи бо максади тахияи тавсияхо оид ба истифодабари ва хифзи захирахои мохи, аз чумла пешниходхо оид ба таксими квотахои сайди мохи таъсис дода мешавад.
  2. Тартиби фаъолияти Шурои илмию истехсолии мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи аз тарафи макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 6. ХИФЗИ ЗАХИРАХОИ МОХИ ВА МУХИТИ

ЗИСТИ ОНХО

Моддаи 28. Мелиоратсияи объектхои оби

  1. Мелиоратсияи объектхои оби тадбирхои бехтар гардонидани нишондихандахои холати гидротехники, гидрологи, гидрогеохимияви ва экологии объектхои обиро бо максади фарохам овардани шароитхои муносиб чихати хифз, бозтавлид, зист ва истифодаи окилонаи захирахои мохи дар бар мегирад.
  2. Объектхои мелиоратсия метавонанд объектхои оби бошанд.
  3. Тартиби гузаронидани мелиоратсияи объектхои оби ва мохигири аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

Моддаи 29. Мутобиккунонии (акклиматизатсияи) мохи

  1. Мутобиккунонии (акклиматизатсияи) мохи ба максади зиёд кардани махсулноки ва арзиши хавзу обанборхо, бехтар намудани таркиб ва намудхои мохи, хифз ва зиёд кардани микдори намудхои алохидаи мохии хушзот амали мегардад.
  2. Назорат ва тартиби амали намудани тадбирхо оид ба мутобиккунонии (акклиматизатсияи) мохи аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешавад.
  3. Пеш аз тадбирхои мутобиккунонии (акклиматизатсияи) мохи асосномаи биологии гузаронидани чунин тадбирхо бояд тахия ва тасдик карда шаванд. Асосномаи биологи аз чониби муассисахои илмию тахкикоти тахия гардида, бояд аз экспертизаи давлатии экологи гузарад ва аз тарафи макоми ваколатдори давлати тасдик карда шавад.
  4. Мушохидаи натичаи тадбирхо оид ба мутобиккунонии (акклиматизатсияи) мохи аз чониби муассисахои илмию тахкикоти якчоя бо сохторхои махаллии макоми ваколатдори давлати таъмин карда мешавад барои:

— чамъовари ва тахлили маълумоти пурра дар бораи натичаи ба объектхои оби оварда сар додани мохи;

— халли масъалахо дар бораи катъ намудани мутобиккунонии (акклиматизатсияи) мохи ба объектхои оби.

Моддаи 30. Меъёрхои сифати объектхои оби, талабот нисбат ба низоми ин объектхо

  1. Нигох доштани объектхои оби ва мохигири дар холати чавобгуии талаботи дахлдори экологи, инчунин талаботи хифзи захирахои мохи ва бозтавлиди онхо тавассути мукаррар ва риоя намудани меъёрхои сифати объектхои об таъмин мешавад.
  2. Меъёрхои сифати об дар объектхои оби ва мохигири, аз чумла хадди имконпазири моддахои зараровар дар онхо бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик карда мешаванд.
  3. Ба объектхои оби ва мохигирии худудхои табиии махсус мухофизатшаванда партофтани моддахои зараровар, ки хадди имконпазири онхо барои объекти обии мазкур мукаррар нагардидааст, манъ мебошад.

Моддаи 31. Объектхои оби ва мохигирии худудхои табиии махсус мухофизатшаванда

  1. Бо максади хифзи шароити бозтавлиди захирахои мохи худудхои табиии махсус мухофизатшаванда мукаррар карда мешаванд, ки дар худуди онхо фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият махдуд мегардад.
  2. Объектхои оби ва мохигири ё китъахои алохидаи онхо, ки барои хифзи захирахои мохии намудхои пурарзиш мухиманд, метавонанд худудхои табиии махсус мухофизатшавандаи дорои низоми дахлдор эълон карда шаванд. Тартиби таъсис, фаъолият, масохат ва сархади чунин худудхои табии бо дарназардошти махсулноки ва таркиби захирахои мохи муайян карда мешаванд.
  3. Тартиби муайян намудани худудхои табиии махсус мухофизатшаванда, махдуд намудани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, хусусиятхои чори намудани чунин махдудиятхо дар ин худудхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 32. Талабот нисбат ба хифзи захирахои мохи ва мухити зисти он хангоми чойгир кардани объектхои хочагидории тархрезишаванда ва ичрои корхо дар объектхои оби

  1. Хангоми чойгир кардани объектхои хочагидории тархрезишаванда, чори намудани равандхои нави технологи ва ичрои дигар корхо дар объектхои оби, мохигири ва худудхои табиии махсус мухофизатшаванда тадбирхо оид ба хифзи захирахои мохи ва мухити зисти онхо бояд пешбини карда шаванд. Фаъолияти мазкур танхо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи амали карда мешавад.
  2. Тадбирхо оид ба хифзи захирахои мохи ва мухити зисти он бояд то огози фаъолияти банакшагирифташуда татбик карда шаванд.
  3. Хангоми пурра ё кисман пешгири карда натавонистани таъсири фаъолияти зикршуда ба холати захирахои мохи, метавонанд тадбирхои чуброни нигохдори ва бозтавлиди захирахои мохи, инчунин баркарор намудани мухити зисти онхо пешбини шаванд.

 

БОБИ 7. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 33. Хамкории байналмилали дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи

Хамкории байналмилали дар сохаи мохипарвари, мохигири ва хифзи захирахои мохи дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, ба рох монда мешавад.

Моддаи 34. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мохипарвари»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 22 декабри соли 2006 «Дар бораи мохипарвари» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 12, мод. 544) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон                                                  Эмомали Рахмон

ш.Душанбе, 19 сентябри соли 2013,

№ 1021

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …