Главная / Чамъият / Моддаи 6. Андозхои Чумхурии Точикистон

Моддаи 6. Андозхои Чумхурии Точикистон

Андозхои Чумхурии Точикистон (Моддаи 6-и Кодекси Андоз)

кодекси андоз

  1. Дар Чумхурии Точикистон андозхои умумидавлати ва андозхои махалли мукаррар карда мешаванд. Дар холатхои дахлдор тибки тартибе, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст, андозсупорандагон низоми андозбандии махсус ё имтиёзнокро истифода мебаранд.
  2. Ба андозхои умумидавлати инхо дохил мешаванд:

– андоз аз даромад;

– андоз аз фоида;

– андоз аз арзиши иловашуда;

-аксизхо;

-андози ичтимои;

-андозхо барои захирахои табии;

-андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард;

– андоз аз фуруши алюминийи аввалия.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

  1. Ба андозхои махаллие, ки бо Кодекси мазкур мукаррар шуда, бо санадхои меъёрии хукукии макомоти махаллии хокимияти давлати дар шахру нохияхо мавриди амал карор дода мешаванд, инхо дохил мешаванд:

– андоз аз воситахои наклиёт;

– андозхо аз молу мулки гайриманкул.

  1. Дар фасли XVI Кодекси мазкур низомхои махсуси андозбанди мукаррар карда шудаанд, ки тибки онхо категорияхои алохидаи андозсупорандагон ухдадоранд баъзе андозхои умумидавлати ва махаллии дар кисмхои 2 ва 3 хамин модда нишондодашударо тибки тартиби соддакардашуда супоранд.
  2. Ба низомхои махсуси андозбанди инхо дохил мешаванд:

– низоми андозбандии шахсони вокеие, ки фаъолияти сохибкориро тибки патент ё шаходатнома амали менамоянд;

– низоми соддакардашудаи андозбанди барои субъектхои сохибкории хурд;

– низоми соддакардашудаи андозбанди барои истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи (андози ягона);

– низоми махсуси андозбанди барои субъектхои бизнеси бози.

  1. Дар фасли XVII Кодекси мазкур низомхои имтиёзноки андозбанди мукаррар карда шудаанд, ки барои сармоягузори ба сохахои афзалиятноки иктисодиёт додани имтиёзхои андозии иловагиро пешбини менамоянд.
  2. Бочи давлати, бочи гумруки ва дигар пардохтхои гумруки, дигар пардохтхои хатми ба бучет, ки тибки конунгузории дахлдори Чумхурии Точикистон мукаррар шудаанд, дар хачм ва бо тартибе пардохт карда мешаванд, ки конунгузории зикргардида ва Кодекси мазкур мукаррар намудаанд. Расмиёти маъмури оид ба назорати андоз аз чониби макомоти дахлдори ваколатдор ва макомоти андоз чихати дуруст хисоб ва пардохт намудани онхо тибки тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ва конунгузории дахлдор амали карда мешавад.
  3. Маблагхо аз андозхои умумидавлати тибки конунгузории бучетии Чумхурии Точикистон байни бучети чумхурияви ва бучетхои махалли таксим карда мешаванд. Пардохтхо аз руи андозхои махалли ба бучетхои дахлдори махалли ворид мешаванд.
  4. Чамъоварии андозхои дар кисми махсуси Кодекси мазкур мукарраргардида аз чониби макомоти андоз таъмин карда мешавад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …