Главная / Гуногун / Мисрро истило кардани Англия

Мисрро истило кардани Англия

Дар чанги якуми (солхои 3831 — 1833) зидди Туркия харчанд Мухаммад Али галаба карда, истиклолияти мамлакат ва чандин мулки арабии Туркияро ба даст дароварда бошад хам, дар чанги дуюм (солхои 1839 – 1841) мамлакатхои Европа бо сардории Англия аз чониби Туркия ба чанг даромада, ба он шикаст доданд. Дар натичаи ин Мухаммад Али аз тамоми мулкхои забткардааш махрум шуд. Баъди ин чанг тобеияти Миср ба Туркия бо ном вучуд дошт.

Соли 1849 баъди вафоти Мухаммад Али набераи у Аббоси I (1849 – 1854) ба сари кудрат меояд. Хидеви нав садокати худро ба империяи Туркия иброз дошта, соли 1851 барои сохтмони рохи охани Кохира-Искандария ба англисхо ичозатнома дод, ки ин дар Миср ичораи аввалини хоричиён буд.

misr

Баъди шикасти Харбии соли 1840 хидеви Миср мачбур шуд, ки ба мамлакатхои Европа доиман гузашт кунад. Гузашткунихои Мисрро мамлакатхои Европа акнун ба тавассути дипломатия ба даст медароварданд. Ин кор ба ухдаи консулхо вогузор карда шуда буд. Бехуда нест, ки таърихи давраи солхои 1841 – 1876-и Мисрро “давраи консул” меноманд.

Дар давраи хукмронин Саид (солхои 1854 – 1863) ва Исмоил (солхои 1863 – 1879) вазъи мустамликавии Миср тагйир наёфт. Барои ба асорат гирифтор кардани Миср сохтмони Канали Суэтс макоми мухим дошт. Соли 1854 сохибкори фаронсави Фердинанд Лесспес барои сохтмони канал ва истифодаи он аз хидеви Миср барои ичора ичозатнома гирифт. 17 ноябри соли 1869 Канали Суэтс ба истифода дода шуд. Харчанд вазни асосии молиявию мехнатии сохтмони канал ба души Миср афтода буд, лекин аз он бештар аврупоихо фоида диданд. Танхо 15 фоизи даромади Канали Суэтс ба хазинаи Миср медаромаду халос. Аз сабаби вазнинии ахволи молиявии мамлакат Исмоил мачбур шуд, ки хамон 15 фоизи хиссаи Мисрро бо нархи нихоят арзон – 22 млн франк ба ширкати Фаронса фурушад. Баъди ин Миср аз истифодаи Канали Суэтс ягон тин хам даромад намегирифт, яъне он пурра аз хоричиён шуд.

Соли 1876 вобастагин Миср ба давлатхои хоричи ба мархалаи нави худ дохил мешавад. Давлатхои Европа ба корхои дохилии Миср руирост дахолат мекарданд. Миср аз ноилочи аз давлатхои хоричи пули зиёд карз мегирифт ва онро сари вакт пардохта наметавонист. Барои хамин бо талаби карздихандагони хоричи 2 майи соли 1876 Исмоил мачбур шуд, ки ба конун дар бораи ташкили Хазинаи ошкорои карзи Миср имзо гузорад. Баъди ин фаъолияти молиявии Миср пурра ба ихтиёри мамлакатхои абаркудрати Европа гузашт, чунки ба хайати ин комиссия намояндагони карздихандагон дохил шуданд. Махз бо хамин сабаб мохи августи соли 1878 кабинети вазирони Миср ба истеъфо рафта, кабинети нави вазирон ташкил гардид, ки ба он Нубарпошшо ном армани ба бонкхои хоричи алокадор рохбари кард. Вазири корхои дохили шахси иртичоъпеша Риёзпошшои хизматгори вафодори англисхо, Риверс Вилсон (чонишини Фердинанд), вазири молия, намояндаи Фаронса – вазири корхои чамъияти, намояндаи Австрия – нозири кулл ва намояндаи Италия рафики вазир таъйин карда шуданд. Худи хамин далелхо шаходати онанд, ки Миср тобеъи хоричиён шудааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …