Главная / Маданият ва санъат / Мирзо Хабибуллох (Коони)

Мирзо Хабибуллох (Коони)

Адиби тавоно Мирзо Хабибуллох мутахаллис ба Коони 20-уми октябри соли 1808 дар шахри Шероз ба дунё омадааст. Падари у Мирзо Мухаммад Али худ шоир буда, бо тахаллуси Гулшан шеър мегуфтааст. Гулшан аслан аз Кирмоншохон буда, баътар ба Шероз меояд. Дар овони мактабхонии Коони падараш аз олам гузаштааст. Коони баъдтар барои тахсил ба Исфахон рафта, сипас бо шохзода Мирзо Шучоуссалтана – писари Фатхалишох дусти пайдо намуда, ба ин восита бо ёрии моддии шохзода барои тахсил ба Машхад меравад. Коони худ мегуяд, ки дар Машхад зиндагиаш нисбатан хушхолона будааст. Чунончи, «… бахтам кави, кисаам фарбех, хостаам зиёд», – ба ёд меорад шоир.

Ин ёрии модди имкон медихад, ки Коони ба омузиши илмхо боз хам чиддитар машгул шавад. Ин аст, ки Коони ба омузиши илмхои гуногун хеле чидди машгул шуда сарфу нахв, мантик, бадеъ, маони, баён, хандаса, хисоб, нучум, калом, фикх ва гайраро хамачониба меомузад. У аз илми мусики низ комилан бохабар будааст. Аз руи шаходати сарчашмахо ва баъзе ишорахои тарчумаихолии худи Коони, у дар синни 16-17 солаги ба чами арузро аз худ мекунад. Сарчашмахо ба забондонии Коони низ ишора намуда таъкид кардаанд, ки шоир забонхои араби ва туркиро хеле хуб медонистааст. У дар хамин поя забонхои франсави ва англисиро низ омухта будааст. Хатто Коони ба писари 7-солаи худ Сомони забони франсавиро то ба хадде бо тамоми нозукихояш омузондааст, ки Сомони дар он синну сол ба забони мазкур озодона сухбат менамудааст.

Шеъргуии шоир хеле барвакт огоз гардида, у дар ибтидо бо тахаллуси «Хабиб» эчод мекардааст.

Баъдтар шоир ба хидмати Хасанали Мирзо, ки хокими Машхад буд, дохил шуда, се сол хидмат мекунад. Фарзанди Хасанали Мирзо Уктои Коон ном дошт ва шоир тахаллуси худро аз Хабиб ба Коони иваз менамояд. Баъдтар шохзодаро хокими Кирмону Язд таъин мекунанд ва Коони низ ба ин макон меояд.

Коони пас аз он ки бо Фатхалишох шинос мешавад, муддате хидмати уро ихтиёр менамояд, Фатхалишох ба шоир унвони эчодии мучтихидушшуаро дода, ба у тавачухи бештар зохир менамояд.

Соли 1835 дар Техрон Мухаммадшох ба тахт менишинад. Коони худи хамон сол ба Техрон омада, ба хидмати у дохил мешавад. Мухаммадшох ба у лакаби «Хассон-ул-ачам»-ро медихад, ки бахри сазовор гардидан ба ин унвон садри аъзам Хоч Мирзо Окоси мусоидат намудааст:

Худовандо, шунидам мар маро Хассон лакаб доди, Бале, Хассон бувад хар к-у, ту бигзини зи эхсонаш. Кадомин фахр аз ин бартар, ки гуяд осафе чун ту, Мухаммадшах Мухаммад хасту Коонист Хассонаш.

Коони ду дафъа хонадор шуда бошад хам, дар зиндагии оилави бахташ омад накард. Пас аз ранчу азобхои хеле тулони, ки хам аз хар ду хамсараш ва хам аз хешовандони онхо дида буд, вай сахт бемор мешавад.

Мирзо Хабибуллохи Коони сеюми майи соли 1854 вафот кардааст. Оид ба санаи вафоти ин адиби хушзавк шоире чунин моддаи таърих гуфтааст:

Таърихашро яке бурун омаду гуфт: Сад хайф, ки рафт аз миён Коони.

Коони серфарзанд буда, яке аз писарони шоир Мухаммад Хасан адиби хеле рангинхаёл будааст.

Мухаммад Хасан аз овони хурдсоли ба шеъргуи машгул шуда, бо тахаллуси Сомони эчод мекардааст.

Мероси адабии Коони.

Коони ба шеъргуи дар овони 11-12- солаги шуруъ намуда, аз худ осори адабии бое боки гузоштааст. Мероси адабии махфузмондаи Коониро беш аз сад хазор байт донистаанд. Он осор асосан аз касида, газал, китъаоту рубоиёт иборат мебошад. Дакикан таркиби девони Коони чунин аст: касида 330-то, газал 78-то, рубои 29-то, мусаммат 6-то, таркиббанд 13-то, тарчеъбанд 1-то, китъа 155-то, маснави-2то;

Хунари Коони Дар касидасарои.

Сабаби ба касида бештар ру овардани шоир он аст, ки шохони кочори адабиётро асосан дар дарбор мутамарказ намуда будаанд. Аз ин ру, шоир ба максади бехбуди рузгори хеш асосан ба эчоди касида камар бастааст. Хукумати кочори усули кишвардори ва муносибат ба адабиёту адибонро мисли Газнавиёни давраи аввал ба рох монда буд. Аз ин чост, ки Коони дар касида ба Унсури, дар тарчеъбанд ба Фаррухи ва дар мусаммат ба Манучехри пайрави намудааст.

Коони асосан касидахои мадхи сурудааст. У дар тагаззули як касидаи мадхии худ ба махбуба аз омадани фасли бахор, аз эхёи табиат ва зебоихои он, накхати гулу лола, вазидани насими гуворо, атрогин гардидани хаво ва резиши борони найсон ва гайра хабар медихад.

Чунончи:

Ай турки ман, ай бахори чонафзо,

Буркаъ бикаш аз рухи бихиштосо.

К-аз боги бихишт навбахор инак

Хамвор фуру чамид зи дунё.

Иди ачами ба фарри Фарвардин,

Дар сабза гирифт сохати габро.

Баст абри сафед килла бар гардун,

Зад лолаи сурх хайма бар сахро.

Домони чаман аз он пур аз луълу,

Сомони замин аз ин пур аз дебо.

Андар даман аз шакику озаргон

В-андар чаман аз бунафшаву мино.

Оварда бурун бахори луъбатгар,

Аз парда хазор луъбати зебо.

Навшоду хисор гашт, пиндори,

Бог аз гулу сарву сунбули буё.

Хар субх орад сабо ба пинхони,

Бас нагз сувар зи хар карон пайдо.

Бозори Хутан шудаст, пиндори,

Дашту даман аз шавохиди раъно.

ва гайра.

Тагаззули мазкур, албатта, комилан ба тагаззулоти Фаррухи нарасида бошад хам, дар тасвири чузъиёти фасли бахор хеле хунармандона мебошад. Хусусан, дар мазмунсози табъи баланд доштани шоир хис шавад хам, дар кор гирифтан аз унсурхои шакли: вазн, кофия, радиф, матлаъсози ва гайра чандон хунармандона нест. Алокамандона ба тасвири бахор, мавзуъхои дигари касидахои Коони васфи маю бодагусори, мусикиву суруд, таваччух ба махбуба ва умуман шодиву нишот яке аз мавзуъхои марказии касидахои у ва хусусан тагаззулоти Коони аст. Хатто тагаззули як касидаи шоир, ки ба васфи бахор ва чузъиёти он бахшида шудааст, 38 байтро дар бар мегирад.

Дар касидахои Коони мавзуъхои шикоятиву эътирози, танкиду хачви мисли шиква аз ноадолатихои рузгор, бадкории хасудон, бадгуихои ханнотону нотавонбинон, танкиди муфтхурону айёшон, хокимону сохибмансабон, амалдорон, хамкасбони хасадхур, калтабонхову авомфиребон ва гайра хеле хуб мушохида мешавад.

Касидахои Коони, гуногунмавзуъ буда, дар онхо панду андарз, ситоиши шахсиятхои динию мазхаби, васфи инсони комил, тасвири шахрхову касрхо, таргиби адлу одили ва адолатхохи, танкиди риёкорону мутаассибон, манзаранигориву хушгузаронии умр ва гайра ба назар мерасад. Масалан, баъзе касидахояш арзиши таърихи доранд, ки дар онхо ходисаву вокеахои таърихи, шахсиятхои сиёси ва фаъолияти онхо, лашкаркашихо, фатху галабахо, кишваркушоихо ва гайра баён шудаанд. Яке аз хамин гуна касидахои шоир 268 байтро дар бар гирифта, калонтарин касида дар таърихи адабиёти форс-точик ба шумор меравад. Ё худ касидаи «Дар манкабти Али», ки аз 337 байт иборат аст, аз касидаи каблан зикршуда хачман калон буда, достонро ба ёд меорад.

У дар пайравии Фаррухи касидае дорад, ки дар он вокеаи фатхи Гуриёну Хирот ба тасвир гирифта шудааст. Касидаи Фаррухи «Фатхи Суманот» ном дошта, корномаи Махмуди Газнавиро дар бар мегирад, ки дар он киссахои шохони гузаштаро афсона мехисобад:

Фасона гашту кухан шуд хадиси Искандар,

Сухан нав ор, ки навро халоватест дигар.

Коони мегуяд:

Сухан газофа чи рони зи хусравони кухан,

Яке зи шавкати шохи чахон сарой сухан.

Шоир галаба дар калъаи Гуриёну Хиротро ба тасвир гирифта, корномаи шохро ба зафару пирузи хангоми кишваркушоихо ба калам додааст:

Ба соли панчоху анд аз паси хазору дувист,

Чу кард охуи ховар ба бурчи шер ватан.

Ба азми чолиши афгонхудо зи

Рай ба Хирот Сипах кашиду барангехт азмро тавсан.

Ин чо низ хайбати лашкари шохи ва васоити чангии у ситоиш карда шудааст:

Хазор бухтии сармасту хар кадом ба шакл,

Чу завраке, ки аз у чор лангар аст ован.

Хазор арродаи гарданда тупи калъакушои,

Чунон ки бар китфи бод садде аз охан.

Шоир лахзахои пирузии лашкари шох ва маглубияти хиротиёнро чунин мавриди арзёби карор медихад:

Яке анишаи маккорпеша бурд хабар,

Ба марзбони Хари, к-ай хамеша ёри механ:

Шах аз Рай омаду бигирифт Гуриёну парер,

Ба шода омаду дар чода чой дошт паран.

Шоир омодагии хиротиёнро ба мукобили ин хучум чунин баён кардааст:

Хам аз миёна гузин кард шаш хазор далер,

Хужабрзахраву пулодпушу тогожан.

Ба хамин тарик, дар боби чи тавр таввасути сафорати Англия ёри расонидан барои пешгирии минбаъдаи пахншавии чанги мазкур ва анчоми ин кишваркушои шоир чунин мефармояд:

Шунидаам, ки сафире зи англисхудой,

Ду сол рафт, ки суйи Рай омад аз Ландан.

Паём дех, ки малик гар гирифт мулки Хари,

Инони рахш нагирад магар ба мулки Дакан,

На Кандахор бимонад ба чой, на Кобул

На Бомиён, на Лаховур, на Газна, на Парван.

Аз ин мухокимаронихо бармеояд, ки касоиди Коони арзиши бисёр кавии таърихи низ доранд. Хонанда аз онхо бисёр лахзахои хассоси хаёти мадуми кишвар ва умуман Шаркро меомузад, аз худ менамояд.

Ба хамин тарик, Коони дар шаклхои дигари шеъри: тарчеот, рубои, газал, мусаммат ва гайра низ панчаи кави доштааст. Вале махз дар касида ва махсусан, касоиди мадхи Коони шухрати оламгир дорад. Касоиди у мадхи бошад хам, арзиши волои таърихиро дорост.

Мавзуъ ва мазмуни асари насрии Коони – «Парешон».

Коони на танхо дар навъхои гуногуни адабии манзум: касида, таркиббанду тарчеъбанд, мусамматот, газал, рубои, китъаот ва гайра, балки у дар наср низ табъи фавкулодда баланд доштааст. Агар у дар навъхои адабии манзум: дар касида ба Анвари ва Хокони, Унсури, Фаррухи; дар мусаммат ба Манучехри; дар китъа бештар ба Анвари ва Саъди; дар рубои ва тарчеот ба Фаррухи дунболрави карда бошад, дар наср махз ба Саъди пайрави намудааст. Ин аст, ки Коони дар зери таъмири «Гулистон»-и Саъди асари насрии худ – «Парешон»-ро таълиф менамояд. Гузашта аз ин асар Коони номахо ва зиндагиномаи худро низ ба наср таълиф намудааст.

«Парешон»-ро Коони дар овони 29-солагии хеш, соли 1836 таълиф намудааст. Дар асар зимни фасли «Сабаби таълифи китоб…» аз Мухаммадшохи хоким (солхои салтанаташ 1834-1848) ёд карда мешавад, ки шояд китоб бо хохиши у таълиф шуда бошад. Коони сабаби «Парешон» ном ниходани асари худро дар вазъи ногувору ноороми ахволи шахсии хеш медонад: «чидду хазле чанд дар хам рехтам ва бархе назму наср бо хам омехтам ва он чамъро ба муносибати холи худ «Парешон» ном ниходам».

Сохтори асар чунин наст: Мукаддима, фасли «Сабаби таълифи китоб», кисмати асоси ва хотима. Кисмати асосии асар дорои 123 хикоят буда, ба масъалахои гуногуни ахлоки, тарбияви, ичтимои, сиёси, инсондустиву накукори, саховатмандию баландхиммати, сабру тахаммул, дустиву рафокат ва гайра бахшида шудааст. Аз сабаби он ки «Парешон» зери таъсири «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерози руи кор омадааст, дар он тарбияи инсон ва адолату адолатхохи аз масъалахои маркази ва асоситарин хисоб мешаванд.

Усули офариниши хикоят дар «Парешон»-и Коони мисли «Гулистон»- и Саъди мебошад. Яъне хар як хикоят бо порчахои шеъри, бештар бо китъаот зеб дода мешавад. Вазифаи порахои шеъри, ки голибан дар интихои хикоят оварда мешаванд, таквияту пуррасозии маънии хикоёт, муассириву чозибанокии он мебошад. Хар он маънию максаде, ки дар хикоя дарч гардидааст, таввасути порахои шеъри асоснок карда мешаванд, ки дигар хонанда комилан аз мутолиаи он каноатманди хосил менамояд ва чуну чаро намекунад. Барои мисол ба хикояте аз китоби «Парешон»-и Коони мурочиат мекунем:

Подшохе аз сохибдиле суол кард, ки аз подшохон чи монад?

-Гуфт:

Як чиз, валекин ба ду сифат.

Пурсид, ки он кадом аст?

Гуфт:-Ном, ки чун адлу эхсон кунанд, ба неки ва илло ба зишти.

Хазор сол, ки Заххок подшохи кард,

Аз у намонд ба чуз номи зишт дар олам.

Агарчи давлати Кисро басе намонд, вале,

Ба адлу дод шудаш ном дар замона алам.

Коони адлу зулмро бо образхои шохони таърихи Анушервон, Хотам, Хаччоч ибни Юсуф ва гайра ба таври мукоиса зикр намуда, афзалияти адлро бар зулм, бартарии одилро аз золим нишон медихад. Хикояти мазкури Коони бо андаке ихтисор доир ба ин мавзуъ хеле чолиб аст:

Подшохе кисаи тамаъ духта ва анбони хирс аз шахвати золимон андухта, бад- ин сабаб чониби мазлумон нагирифти ва насихати носехон напазируфти…

Хадяи золим ар ситонад шох,

Донишу чашму гуш хира шавад.

Доди мазлумро бигир аз у,

Субхи умраш чу шоми тира шавад.

Аз ин лахзахои хикояти мазкур маълум мешавад, ки пояи зулм дар хама давру замон ва дар хама гуна холат бебакою ноустувор будааст. Баръакс, бунёди адл ва арзиши адолат ва накши одил дар хама гуна чомеъа ва дар хама гуна давру замон устувору побарчо, бобакову пойдор аст.

Азбаски «Парешон» асари ахлоки-тарбиявист, пас ситоиши хислатхои хамида: инсондусти, халкпарвари, ватанхохи, неки ва некукори, саховатманди, олихимати, адолатпарвари, илмдусти, хоксори, фурутани, хайрхохи, некандеши, пуртамкини, тахаммулкори, дурандеши, пурсабри ва гайра дар он бо тамоми чузъиёт ба тасвир гирифта шудааст.

Хислатхои разила аз кабили: бади, бадандеши, кибр, гурур, золими, худхохи, мардумозори, горатгари, катлу куштор, сабукфикри, кутохназари, дунхимати, такаббур, рибохори, ришваситони, авомфиреби, калтабони, даюси, нокаси, бодахори, майпарасти, муфтхури ва гайра дар ин асар хеле ба таври чидди махкум карда мешаванд. Масалан, дар ин хикоят, ки мастию бодапарасти хамчун унсури дуркунандаи инсон аз акл ва аз хадди одами ба тасвир гирифта мешавад, хеле мухокимаронии чолиб ба назар мерасад. Хонанда мавкеи адибро ба тези хис карда метавонад. Ин хикоят «Бодапаймои тавбакор» ном дошта, басо хазломезу хачви ба назар мерасад. Дар ин хикоят симои нохуши бадмасте тасвир шудааст, ки бодаи дусола обруву эътибори сисолаашро бархам задааст ва дар охир уро ба марг расонидааст.

Дар асар, албатта, таъсири дин ва тасаввуф хуб хис карда мешавад. Дину тасаввуф хамчун ду омили марказию безарари тарбияви- ахлокии инсон каламдод мегардад. Бояд гуфт, ки «Гулистон»-и Саъди ба таърихи адабиёт хамчун як кашфиёти нодири адаби ворид шудааст. Аз ин ру, «Гулистон» ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири фаровон гузошта, «Нигористон», «Хористон», «Бахористон», «Парешон» барин асархо бевосита дар пайравии «Гулистон» таълиф шудаанд. Яке аз чунин асархо, чунон ки каблан низ ишора намудем, «Парешон»-и Коонист, ки охирин чавобия ба асари Саъдист. Ин асар хам дар шакл (сохтору таркиб) ва хам дар мазмуну мухтаво ба «Гулистон» монанд аст, вале дар арзиши адаби- эстетики, таъсирнокии мазмуну мохият, хунари эчоду санъати баён, чозибияти сухану махбубияти ифода, бахрабардори аз мутолиаи он ба асари Саъди баробар шуда наметавонад. Саъди ягона адибест, ки дар назму насри адаби – бадеи макому мартабаи якхела дорад. яъне у он мавкее, ки дар шеър дорад, айнан хамон пояро дар наср низ сохиб аст.

Коони низ шоири тавоно ва нависандаи забардаст мебошад. Агар макоми Коони ва хунари ин шоир дар назму шеър ва санъати эчодии у дар наср бо эчодиёти Саъдии Шерози мукоиса карда шавад, хеч гох Коони хамрадифи Саъди шуда наметавонад. Хол он ки то замони Коони назму насри форс-точик марохили комили камолот паймуда, тачрибаи фаровони эчоди мавчуд будааст. Албатта, он ашъореро, ки Коони аз Мавлави зикр кардааст, дар назар дошта намешавад. Аз хама мухим он аст, ки «Гулистон» аз мукаддима, 8 бобу хотима иборат аст, вале ин низом дар «Парешон» нест ва шояд унвони асар ба мухтавои он (дар нисбати «Гулистон») низ ишорае бошад.

Сохтори хикояхо низ дар ин ду асар яксон нест. Хикояхои Саъди хеле кутох, пурмазмун, сертаъсиртар ва аз нигохи хунар хам басо хунармандонаву чолибанд.

Ин тарзи офариниш дар асари Коони нисбатан заъиф ва аз нигохи хунар сусттар аст. У бештар хикоятхоро тулони баён намуда, хадафро кашол медихад.

Дар асари Саъди санъати дустдоштаи у дар баёнаш насри мусаччаъ аст, ки аз сачъ хеле хуб кор мегирад. Ин холат дар асари Коони каме костааст. Сачъро Коони хеле зиёд ба кор мебарад, вале тулониву маснуъ. Хонандаро хаста мекунад, зеро дарки маъно каме душвор мегардад. Саъди дар хикояи ишкие менависад:

-Порсоеро дидам ба мухаббати шахсе гирифтор, на токату сабр ва на ёрои гуфтор»…

Коргири аз сачъ дар «Парешон» чунин сурат гирифтааст:

«Дар фасли зимистон, ки хаво бурди бард» пушидан гирифт ва чашмаи чашми сахоб чушидан, нафас дар халк танг шуд ва мардуми чашм дар чашми мардум санг».

Бо вучуди ин хама, Коони дар таърихи адабиёт бо таълифи ин асар суннати адабиро эхё кард ва чун охирин чавобиягу ба «Гулистон» машхур шуд. Беш аз ин, Коони бо эчоди ин асари худ ба насри реалисти ва рушди адабиёти маорифпарвари таквияти махсус бахшид.

Савол ва супоришхо:

  1. Оид ба овони чавонии Коони чи медонед?
  2. Коони ба чуз забони модари боз кадом забонхои Шарку Гарбро медонист?
  3. Коони бо кадом шохони кочори иртиботи наздик дошт?
  4. Поёни умри шоир чи гуна сипари шудааст?
  5. Оид ба мероси адабии Коони маълумот дихед.
  6. Сахми Коони дар касидасарои чи гуна аст?
  7. У дар касоиди мадхи бештар ба кихо пайрави кардааст?
  8. Сахми Коони дар тахаввули насри адаби чи гуна аст?
  9. Оид ба умумият ва тафовути «Гулистон» ва «Парешон» накл кунед.
  10. Симои майпарастон дар хикоёти «Парешон» чи гуна аст?

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …