Главная / Маданият ва санъат / Мероси адабии Мушфики

Мероси адабии Мушфики

Шуд Мушфики аз килкат ойини сухан тоза,
Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар.

Аз Абдуррахмони Мушфики то рузгори кунуни осори зерини адаби боки мондааст:

  1. Девони мутоибот.
  2. Ду девони газалиёт.
  3. Девони касоид.
  4. Се маснави:

а)   «Сокинома»

б)   «Гулзори Ирам»

в)   «Чахоннамо»

shoh-darborДар эчодиёти Абдуррахмони Мушфики газал макоми аввалиндарача дорад. Ду девони газалиёти шоир аз чахор хазор байт иборат аст. Мавзуъхои асосии газалиёти шоир асосан ишку исёнхои ботинии инсон, садои каблхои лабрези мухаббат, сузи ошику бемехрии махбуба, ниёзи ошику бениёзии маъшука, маю бодагусори, мусикиву навохохи, тасвири бахору ситоиши табиат ва гайра аст. Ин мавзуъхо бо ангезахои дигари ичтимои: ноадолатихову золими, бемехрию сустпаймони, хавобаландиву кибр, фиребу дасисакори, мунфикиву авомфиреби ва гайра хеле кавианд.

Шоир дар суннати газалсарои голибан ба Хасани Дехлави ва Камоли Хучанди пайрави мекунад:

Назми ту, Мушфики, ба Камоли Хасан расид,

Ту гуфтаи, ки пайрави пири Хучандиям.

Аз ин чост, ки голибан хачми газалхои Мушфики 6-7-байти буда, мавзуъхои ишки чои аввалиндарача доранд. Чунончи:

Дар гамат дилро фигори хаста мегуем мо,

Ахли дардем, ин сухан дониста мегуем мо.

Бар дили мо он чи аз токи ду абруят гузашт,

Бо худ аз девонаги пайваста мегуем мо.

Мерави тунду дуогуён зи дунболи туанд,

Вах, ки меранчи агар, охиста мегуем мо.

Гуфтам, ай гул, он дахонро пистаи хандон бигу,

Ин сухан гуфт аз дахони писта мегуем мо.

чони ракибон бар сари кокул мабанд,

Фитнае хохад шудан сарбаста мегуем мо.

Хар касе пурсад зи ашки мо чавоби ин сухан,

Чехра аз ханоби хасрат шуста мегуем мо.

Мушфики, хар кас чи донад мастиву ворастаги,

Бо гирифторони аз худ раста мегуем мо.

Бехуда нест, ки устод С.Айни газали болоро «Газале, ки сар то ба пояш мисли ин газал хуб, латиф, равон афтад, кам аст»-мегуяд.

Бешубха, чунин газалхои шоир хеле хунармандона, дилкаш, хушадо, макбулу матлуб эчод шудаанд. Хусусан, вобаста ба мавзуъ, мазмуну мухтавои газал хунари шоир комилан чавобгу буда, тасвиргари ва маъниофариву мазмунсози барчастааст. Дар иртибот бо ин чанбаъ хусусиятхои шаклии газал низ чолиб мебошад.

Газал мураддаф буда, радифи он мураккаб аст ва аз ду калима фарохам омадаву пас аз кофия чой гирифтааст. Кофияхои газал калимахои хаста, дониста, пайваста, охиста, писта, сарбаста, шуста, роста мебошанд. Кофияхои мазкур асосан мукайяд буда, тахкими гоявии газалро таъмин намудаанд.

Газал дар бахри Рамали мусаммани махзуф иншо шуда, афоъили он чунин шакл дорад:

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун фоъилун.

Газал ишки бошад хам, хачру фирок, сузу гудоз, нозу истигно, берахмиву бемехрии махбуба ба тасвир омадааст. Аз ин ру, охангхои ичтимои пайдо намудани он бесабаб нест. Зеро шоир барои таъсирнокии сухан ва дилнишинии баён, холати образхои лирикиро хеле нозук муоина мекунад. У чунин назокати хунари эчодро дар офариниши газал аз Хасани Дехлави ва камоли Хучанди бештар омухтааст.

Мушфики ишки инсони, мухаббати заминиро хамчун як воситаи хеле халкунандаи хаёти инсонхо, сарнавиштсоз ба тасвир мегирад. Аз ин ру, ишки инсони низ бояд поку покиза ва беолоишу мусаффо бошад. Вале ин чанбаъ дар тасвири Мушфики мохияти илхомбахши хам дорад ва аз ин ру, мушаххас карда мешавад. Барои шоир он лоларуёни Самарканд аст:

Мушфики бе лоларуёни Самарканд ин кадар,
Сухтам, к-аз догхо шуд синаам накши чахон.

Дар газалиёти Мушфики чузъиёти образхои лирики хеле ухдабароёна васф карда мешавад. Шоир ба воситаи тавсифхои «хусни хати голиябу», «бандаи ру», «хаваси хар сари му» «хоки сари ку» ва г. ба махбуба сидкан изхори мухаббат мекунад. Дар ишки махбуба садокати асили худро баён менамояд. Зикри чузъиёти васфшаванда сузу гудози ошикро чонгудозтару синасузтар чилва медихад.

Чунончи:

Волои хусни хати голиябуи ту шавам,

Вах чи зебо шудаи, бандаи руи ту шавам.

Гар шавад хар нафасе дар тани ман чони дигар,

Хар нафас чон дихаму зинда ба буи ту шавам.

Ман на он ошикам имруз, ки чун булхавасон,

Талабам коми дилу ранча зи хуи ту шавам.

Сари муе шудаам аз гаму дорам хавасе,

Ки фидои хаваси хар сари муи ту шавам.

Зиндаву мурда бар инам, ки ба чое наравам,

Дар кадам бошаму хоки сари куи ту шавам.

Сад накуи зи рухат дидаму як чон додам,

Чи ачаб, гар хичил аз руи накуи ту шавам.

Мушфики аз хама су руи ту дорад гаму дард,

Шавкро рахгузаре нест, ки суи ту шавам.

Дар лирикаи ишкии Мушфики мавзуъхои пурракунандаи ишку ошики: май, бодапаймои, садои мусики, навозандаги, бахор, насими субхгохи, садои булбулону хазордастон, резиши борони найсону садои чуйчаакхати гулзорхову бахмалосо гардидани намуди зохирии замин ва г. мебошанд:

Рухат имшаб, ки хамчун гул зи тоби май арак карда,

Ачаб дорам, ки мох аз хола худро дар табак карда.

Ё ин ки:

Бахор шуд, кадах он бех, ки ранги лола намояд,

Бунафша дар назар ояд сари гизола намояд.

Зи доги лола расад дар чаман ба хотири мастон,

Саводи наргиси соки чу дар пиёла намояд…

Ру овардани шоир ба маю бода, мусикиву суруд рамзи хушгузаронии умр, ганимат донистани лахзахои зиндаги, бахрабардори аз хаёт, бархамзании нобасомонихои рузгор, печидагихои хаёт, канорачуи аз гаму дарди замона мебошад. Бо назардошти хамин чанбаъ шоир таъкид менамояд, ки:

Гар нишоти умр хохи, бе маи гулгун мабош,

Хамчу даври гул ганимат дор ин айёмро.

Вобаста ба рузгори нисбатан кашшоконаи Мушфики, хатто лирикаи ишкии шоир саршор аз мазуъхои дигари ичтимоист. Охангхои ичтимои, хусусан дар газалхои Мушфики хеле баландсадо буда, хатто баъзан газалхои алохидаро фаро гирифтаанд. Дар баъзе газалхои ичтимоии шоир хам радиф (агар мураккаб бошад, боз бештар) ва хам кофия бори гояви мекашанд. Ин холат саргузашти кахрамони лирикиро боз хам возехтару равшантар ва ошкоротар чилвагар месозад:

Хар шабе аз охи дил кошонаро оташ занам,

Шамъро сузам, дили парвонаро оташ занам.

То ба рагми ман насозад хонаи ишрат ракиб,

Пеш аз мурдан ба куят хонаро оташ занам.

Бо хама раънои аз охи дилам андеша кун,

Хирмане сузад агар як донаро оташ занам.

Ин хама оташ ба чони ман зи дасти дил афтод,

Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.

Чои хар оташ дар ин вайрона доги хасрат аст,

Чои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфики дар дафтари айём мазмуни фаност,

Окибат авроки ин афсонаро оташ занам.

Бешубха газали боло яке аз газалхои шоир аст, ки мазмуни басе баланди ичтимои дорад. дар эчоди чунин шеърхо Мушфики хеле кавипанча мебошад, зеро холати мазкур дар иртибот бо авзои таърихии замони у шояд пеш омада бошад. У мегуяд:

Харгиз нафасе шод надидам дили худро,

Аз банди гам озод надидам дили худро.

То гам нахурад кас нашавад манзиле обод,

Гам хурдаму обод надидам дили худро.

ва гайра. Бовучуди он Мушфики комилан навмед нест. У дар ин чода шоири некбин аст:

Замона Мушфики мехтарсарой аст, Бувад рузе, к-аз ин мехнат бароем.

Охангхои ичтимои дар навъхои дигари лирикии шоир низ хеле хуб ба мушохида мерасад. Ба ин маъни Мушфики дар ин рубои мегуяд:

Султон сухан аз сипоху зар мегуяд,

Точир сухан аз суду сафар мегуяд.

Дар хар сухане шеваи мо тадбир аст, Такдир, вале харфи дигар мегуяд.

Дар ин рубои масъалаи казову кадар баён шудааст. Адиб се тоифаро зикр намуда гуфтан мехохад, ки андешаи инсон вобаста ба кору пешаи уст. Аз тарафи дигар, инсон дар кадом чой ва кадом пешае, ки фаъолият кунад, хатман суду зиёнро пеши назар меорад. Максади у ба даст даровардани фоида мебошад. Аз ин чост, ки новобаста ба касбу кор макмад, хавасу орзу пайваста дар сари инсон хаст. Диле бе хавасу саре бе орзу нест. Масалан, султон пайваста меандешад, ки тавассути зури, кувва яъне сипох, суду фоида яъне зар аз кучо ба даст биёрад. Ё ин ки точир, бозаргон, ахли савдо хамеша саъй дорад, ки ба кучо сафар кунад ва аз кучо ба кучо чи биёраду бубарад. Вале ин хама аз доираи сарнавишт берун нест. Яъне ин хама тарбут ба такдир аст.

Мушфики дар баробари мадхи султонхо, ситоиши шохону амирон, онхоро танкиду сарзаниш хам мекунад. У дар ин рубои мегуяд:

Султон, ки зи чох ру ба дарвеш накард,
Сад хона кам аз симу зари хеш накард.

Бо он ки замину осмон мулки Худост, Як хона барои худ бино беш накард.

Хадаф дар ин рубои низ казову кадар аст. Ба шох баландии мартаба имкон намедихад, ки хамнишини дарвеш бошад. Инчунин шохон сохиби зару сими давлатанд, яъне хазинадоранд, вале аз як хона зиёд барояшон зарурат надорад. Ин чо мисраи рубойи халки, ки «На шоханшох бурда як кафан беш» ба ёд меояд, ки ба рубоии зикршудаи Мушфики хаммазмун мебошад.

Умуман дар лирикаи Мушфики аз нигохи мазмуну мухтаво ва мавзуъ газалиёту рубоихои у хеле ва хеле наздиканд. Зеро ишку ошики, хачру висол, сузу фирок, вафову бевафои, садокату носодики, сабуриву носабурди, хассосиву бехиси ва гайра дар газалиёту рубоихо хеле маълум буда, шоир ин навъхои адабиётро хеле ба ба зиндагии мардум наздик намудааст. Ё худ бо рамзу кинояхои андаке иктифо мекунад. Масалан, хадаф аз май ва масти ба андешаи шоир, фориг будан аз гами замон, ганимат донистани оддитарин лахзахои рузгору зиндаги ва гайра:

Гараз аз бода хурдан Мушфикиро гайр аз ин набвад,

Ки месозад даме фориг аз ин дайри гамободаш.

Мушфики ба таълифи касида хануз хеле барвакт огоз кардааст ва дар эчодиёти шоир пас аз газал касоиди у меистад. Девони касидахои Мушфики аз 3000 байт иборат аст. У дар шакл ва мазмуну мавзуи касидахо асосан аз касоиди анъанави берун нарафтааст. Вале дар шеърияти эчод, мазмунсозию маъниофари, хунари шоири, коргири аз санъатхои бадеи ва гайра хеле ва хеле шоири навовар ва эчодкори тозакор аст. У голибан дар касоиди мадхи кавипанча буда, дар мадхи Султон Саид ва амир Абдулоххон ва дигарон касидахо эчод кардааст.

Мавзуи касидахои Мушфики ба гайр аз мадху сано, инчунин пеш аз хама аз хамду наъти Худо, Мухаммад ва ёрони у, симохои муътабари дин, майлхои суфиёна, тасвири манзарахои диёр, фаслхои сол, ишку мухаббат, саргузашти худи эчодкор, хасби холу холу шиква аз замон, танкиди ноадолатихо ва гайра мебошанд.

Мушфики яке аз сабабхои асосии ру ба дарбор овардани худро дар осудагиву оромии дарбор медонад ва аз ин ру мегуяд:

Ба ин даргохи оли Мушфики бахри дуо омад,
Панох овард аз чаври замону фитнаи даврон.

У Султон Саидро «шохи иклими каромат», «сохиби фазлу карам», менамояд ва ин хокимро басо ситоиш мекунад:

Адли у то хори зулм аз пои мискинон кашид,

Нест сахрое, ки бошад бесуруди хоркаш.

Кас ба ахди у наафтодааст дар чохи бало,

Чуз дили ошик, вале он низ дар чохи закан.

Мушфики дар санои Абдулоххони Шайбони хам, хеле сидки камар бастааст ва уро арбоби давлат дониста, асоси муваффакияти эчодиёти худро аз шарофати давлатдории хамин хоким мехисобад:

Шеъри ман гар зиннате дорад, зи юмни мадхи туст,

Хона орояд, бале, хар кас ба кадри мехмон.

Мушфики мамдухи худ-шохро баъзан ба шохони пешин шабех дониста, хатто гохо афзал мехисобад. Чунончи, мегуяд:

Хусраво, ахди сухан тоза шуд аз давлати ту,

Натавон ахде аз ин нодиратар пайдо кард.

Наи хушки калам аз файзи бахори карамат,

Барги эъчоз бароварду самар пайдо кард.

ва гайра. Хусусан мавзуъхои танкиди ва тасаввуфию панду насихатии Мушфики хеле чолиб ва чаззобанд.

Шоир сарвазир Осафро беибо дев меномад, ки чунин чуръат кам андар кам аст. Агар дев рохбар бошад, пас чи гуна низом баркарор хохад гашт? Чунончи, мегуяд:

Осаф, ки дев бошаду девон ба кукми у,

Назми умури мулки Сулаймон чи сон дихад?

У масти чоми мансабу хар дам ба пеши у,
Согар дахон кушояду шиша забон дихад.

Дар бештари ашъори лирикии Мушфики хусусан дар газалиёташ, шоир охангхои шиквои, танкиди ва эътирози хеле баланд садо додаанд. Зеро шоир аз тангии маиши, аз рузгори нобасомон, аз хаёти вазнин басо бо сузу гудоз ва бо хасрат сухан мегуяд. Албатта, кахрамони лирикии у хангоми тасвир махдуд нест ва аз ин чихат, шояд шоир умуман ахволи ахли каламро дар назар дошта бошад. Ба хар хол пеш аз хама шахсияти шоир бояд фахмида шавад. У чое тамоман ноилоч мондани худро таъкид кардааст;

Дармони дил кучост, ки бахри даво равам,

Бечораам, илоч надорам кучо равам?

Ё ин ки:

Руи муроде харгиз надидам,

Аз номуроди умрам сар омад.

Ин аст, ки шоир барои тасали ёфтан ва таскин додани дили худ, ба сузи дилу ашки чашм (гиряи чигарсуз) дар ин дунёи бевафо созиш кардан мехохад. Аз ин чост, ки танкиди руирости шохону амирон ва вазирону хокимон дар эчодиёти у хеле кам аст. Яъне у созиш кардааст. Аз тарафи дигар, шояд аз хамин чихат бошад, ки шоир бештар ба хазлу шухи ва ашъори мутоибави ру меорад. Албатта, ин мазуъ низ як навъ эътирози сахт, як шакли танкиди зимомдорони замона мебошад:

Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фони,
Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.

Дигар аз масъалахои бисёр чидди дар лирикаи Мушфики тасвири табиат, манзарахои диёр, гулу гиёх, абру борон, офтобу гармо, насиму боди бахорон, накхати бахориву махмалинпушшавии дашту даман, назаррабоии куху хомун, хаёлангезии водихои гулпуш ва г. мебошад. Ин холат на танхо дар газалиёту рубоиёт, инчунин дар касидахои у хеле чолиб ба тасвир омадааст:

Май хурдаву афрухта рухсор шукуфа, Гул-гул шуда аз хандаи бисёр шукуфа.

З-он пеш, ки дар бог саропарда занад гул,

Зад хаймаи худ пеш ба гулзор шукуфа.

Азбаски ба ташрифи раёхин гухар афшонд,

Шуд абр тихикисаву зардор шукуфа.

То сабза бар атрофи гулистон пари тутист,

Аз синаи боз аст намудор шукуфа.

Дар бод мабодо, ки ба шухи фитад аз шох,

Худраставу тифл асту сабуксор шукуфа.

Ё худ:

Абри найсон ба гулистон чу гухарбор шавад,

Настаран пургухари сода садафвор шавад.

Фалаки шох, к-аз у субхи шукуфа бидамад,

Авфаки тарфи чаман матлаи анвор шавад.

Сабза шона дихад аз голиядон лола барад,

То насим ояду машшотаи гулзор шавад…

Ва ё лахзае аз фасли тирамохро чунин бо хусусиятхои хоси он дар касидаи «Васфи хазон» ба калам медихад:

Ба руи об хазонро сари тамошо шуд,

Хазор завраки заррин зи барг пайдо шуд.

Зи баски хуни гул аз шох рехт наштари хор,

Зи чехрааш асари заъф ошкоро шуд…

Яке аз мавзуъхои хеле маркази дар эчодиёти Мушфики хачву мутоиба мебошад. У ба ин мавзуъ хануз аз овони чавони-солхои тахсил дар мадраса огоз кардааст. Такрибан солхои 1557-58 шоир ашъори хачвии худро мураттаб намудааст. Ин аст, ки «Девони мутоибот»-и шоир ашъори хачви- мутоиботии уро фаро мегирад. Мушфики дар бораи арзиши хачву мутоиба мегуяд:

Шамшери хачв олату афзони шоирист,

Ин чинс бад мадону аз ин навъ бад мабар.

Бештар хачви у доираи васеи хамкасбон, зиёиёни замони Мушфикиро дар бар мегирад. Инчунин хачву мутоиботи Мушфики ба табакахои хокими замон, амалдорон, сохибмансабон, сармоядорон низ равона гардидааст:

Хоча гандум ваъда карду ним чав хосил нашуд,

Дар садои ваъда доим химмати дун асту дох

У разолат карда бошад, мо каноат мекунем,

Бигзарад ин соли кахту монад он руи сиёх.

Мушфики аз табакахои, сохибмансабон: Арбобзода, кози, Масъуди сармоядор ва дигаронро хачв кардааст. У дар бораи Масъуди сармоядор мегуяд:

Дар кори ту, Масъуд, ачал дер кунад,

Вакт аст, ки зур овараду зер кунад.

Аз симу зари чахон нашуд чашми ту сер,

Чашмони туро хоки лахад сер кунад.

Ё ин ки Махмуд ном муллои Гелони, ки баъд ба Самарканд омада мукими шудааст, Мушфики уро хачв мекунад:

Зи Гелон омади, Махмуд, берун,

Кулох аз Хусрави Дайлам гирифти.

Зади саркалла бо Заххоки морон,

Ту хам магз аз сари одам гирифти.

Дигар аз хусусиятхои хачви Мушфики ва мутоиботи у дар мушаххас ва хаёти будани мавзуъ аст. У шахсонро бо касбу фаъолияташон номбар мекунад ва кирдори зишти онхоро хачву танкид менамояд.

Лексикаи хачви- мутоибавии ашъори Мушфики хоси хамон касбу пеша, одди, бозори ва баъзан туркист. Ахёнан аз одоб берун низ мебошанд.

Барои намуна газали хачвии «таксими мерос»-ро зикр хохем кард, ки хеле хачви малех дорад. дар ин газал тавассути санъати тачову мухобила аз огоз то анчоми он нобаробарии зану мард ва хатто хохару бародар бошанд хам, нобаробари сарфи назар карда намешавад, ба тасвир гирифта мешавад. Аз суи дигар, хариси нисбат ба молу чиз, сарвату неъмат нишон дода шудааст. Хатто шеъри мазкур мохияти шархихоли дорад:

Хамшира хакрчи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди гавго аз они ту.

Анбори пур зи галлаи бобо аз он ман,

Он коххои монда ба сахро аз они ту.

Ин чомахобу бистару болин аз они ман,

Бетокативу нолаи шабхо аз они ту.

Танбури пур зи хотами бобо аз они ман,

В-он нагмахои тарнатороно аз они ту.

В-он чои хоби мондаи бобо аз они ман,

Тасбехи пора-пораи бобо аз он ту.

Дастор, чома, футаи бобо аз они ман,

Бетокативу нолаи шабхо аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман

Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

Хамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,

Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Чумла гилему колини бобо аз они ман,

В-он накшхои мондаи бурё аз они ту.

Аз руи хавли то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

Мардум гусел кардану шиштан аз они ман,

Такфини хоб кардани бобо аз они ту.

Рафтан ба суи кабру нишастан аз они ман,

Дастархони чалкаку халво аз они ту.

Аз ин газал бармеояд, ки шоир урфу одати чории замонро, ки дар онхо ба занон чандон эътибор дода намешавад, сахт хачв мекунад. Зохиран он чизхое, ки ба хохар аз мероси бобо пешниход карда мешаванд, хам аз нигохи микдор, доираи фарогири, хачм, саршумор, андоза, арзишманди хиссаи ба хохар пешниходшуда бештар аст. Вале амалан ба хохар чизе мушаххас дар даст намемонад. Ва он чи ки моли меросист, ба бародар расидааст. Аз ин ру, шоир мантикан хамшираро химоя мекунад.

Ё ин ки намунае аз як газали дигари шоир, ки бисёр ба мавзуи мухим-ишку масъалахои дигари ичтимои: нодори, тангдасти, бенавои, сузу фирок, хачру зури ва гайра, ки кахрамони лирикиро чон ба лаб овардаву ноилоч сохтааст, ру меорем.

Дар ин газал хатто хавфи афзалияти ракиб ба назар мерасад. Аз ин чост, ки ошик-кахрамони лирики мехохад ру ба катъияту чиддият биёрад.

Мушфики мегуяд:

Хар шабе аз охи дил кошонаро оташ занам,

Шамъро сузам, дили парвонаро оташ занам.

То ба рагми ман насозад хонаи ишрат ракиб,

Пеш аз мурдан ба куят хонаро оташ занам.

Бохама раънои аз охи дилам андеша кун,

Хирмане сузад агар як донаро оташ занам.

Ин хама оташ ба чони ман зи дасти дил фитод,

Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.

Чои хар оташ дар ин вайрона доги хасрат аст,

Чои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфики дар дафтари айём мазмуни фаност,

Окибат авроки ин афсонаро оташ занам.

Газали мазкур ишки буда, дар он содди чиноиро (девори хитои) махбуба тавассути хачру хичрон ва дури аз висол гузоштааст. Ошик хеч илочи дигаре барои дарёфти висол намеёбад. Аз ин ру, махз ба хотири он ки ракиб аз ин пешомад комёб нашавад, дигар хеч чизро дарег намедонад. Ошик бар хонаву чой, шамъу парвона, хирману дона ва умуман аз хасти мегузараду оташ меафканад. Оташи афкандаи ошик, оташи вакеи нест, балки дуди охи дил аст, ки сузону оташосо аст. Аз сабаби он ки ин оташ аз дил аст, пас хасти дучори фано мебошад.

Зеро воситае, илоче, дастасие, умеде дигар барои висол дар у намондааст. Албатта, чунин сурат гирифтани мазмунсозиву маъниофари дар ашъори Мушфики, пеш аз хама дар газалиёти у аз нобасомонихои замони шоир, аз тангии маиши, аз дасткутохи пеш омадааст. Ин аст, ки чунин охангхои на танхо дар газалхои Мушфики дучор мешаванд, балки хамаи шаклхои шеъриии эчодиёти уро хам фаро гирифтаанд. Омухтани ин масъала барои равшан намудани бисёр масъалахои зиндагиномаи шоир кумаки бевоситаи чиддитарин хоханд намуд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …