Главная / Маданият ва санъат / Мехмони кардани пайгамбарон бихиштиёнро

Мехмони кардани пайгамбарон бихиштиёнро

Мехмони кардани пайгамбарон бихиштиёнро

Чун бихиштиён дар маконхои худ карор гиранд ва ба айшу нуш машгул шаванд, пайгамбарон бихиштиёнро ба мехмонии худ даъват намоянд.

Рузи шанбе овози фарёдкунандае барояд, ки эй ахли бихишт, имруз хама дар Чаннатулхулуд хозир шавед, даьвати Бобои Одам сафияллохро кабул кунед.

Хама бихиштиён ба хузури дил ба Чаннаттулхулд ба зиёфати Одам (а) рафта, зиёфату неъматхои гуногун хурда, бо форигии дил ба манзилхои худ бозгарданд.

Дар рузи якшанбе ба зиёфати Нухи Набиюллох ба чаннатулнаъим раванд ва бо хурсанди ба маконхои худ бозгарданд. Дар рузи шанбе ба чаннатулфирдавс ба мехмонии  Иброхим Халилуллох раванд. Баьд аз хурдани зиёфат бо шодиву хурсанди ба манзили худ бозгарданд. Рузи сешанбе ба зиёфати Мусо (а) раванд ва аз он чо бо рохат ба касрхои худ бозгарданд. Дар рузи чахоршанбе ба зиёфати Хазрати Исо (а) оянд ва бозгарданд.

Дар рузи панчшанбе нидо ояд, ки имруз рузи заёфати Саиди Асфиё ва саиди Анбиё ва нури дидаи хаждах  хазори олам ва бехтарини авлоди одам Хазрати Мухаммада Мустафо (с) аст. Дар тахти дарахти Туби хозир шавед тo моидаи абад бихуред ва чамоли бокамоли Хазрати Мухаммади Мустафо (с)-ро бубинед.

Хамаи бихиштиён дар сояи дарахти Туби чамъ оянд ва ба  зиёрати он султони инсу чон мушарраф гарданл. Чун аз таьом фориг гарданд, кадаххои шароби лазиз биёранд. Дар он навишта шудаас, ки ин шароби пок аз Парвардигор аст ба суи бандаи пок. Хар як аз хозирони он маком чоме аз он бинушад, баъд аз он хичобхоро аз пеш бардоранд,  то ба мушохидаи чамоли Илохи мушарраф гарданд.

Илохо, мо бандагонатро ба дидори бемисоли худат мушарраф гардон.

Ба ривояти ахли суннат дидори Худои таьоло муъминонро аз бихишт хак аст, лекин эътикод бар он бояд кард, ки муъминон Худои таьолоро ба чашми cap аз бихишт мебинанд на дар бихишт. Агар гуем, ки дар бихишт Худои таъолоро  мебинанд он хато аст, зеро ки ташбех ба макон мешавад. Ва  Аллох таъолоро макони муайян нест.

Рузи чумъа бихиштиёнро ба дорулчалол хазрати Хактаъоло  мехмони кунад, ба андозае, ки таърифи он дар забон наёяд.

Чунончи Худои таъоло мефармояд, ки таъом дихед бандагони маро, баъд хозир гардонанд таъомхоро, ки забон  аз андозаи сифати он таъомхо очиз ояд. Ва акл аз чигунагии он дар хайрат бимонад.

Гуянд, ки хафтод сол дар он чо бо хурдани таъом бимонанд. Ва ба хар лукма шахват ва иштихои дигар  бияфзояд. Дар пеши хар яке хафтод табак ва дар хар табак  хафтод гуна таъом ва дар хар лукма хафтод лаззат. Муъминон хоханд, ки даст ба таъом дароз кунанд, фармон ояд, ки он  дунё буд, ки ранч мекашидед, бихишт чои машаккат нест. Ба  фармони Аллох таъоло он лукма бичахад, наздик ояду ба дахон дарояд. Хоханд, ки дахон бичунбонанд, фармон ояд, ки ин чо хоидан нест, чун ки хоидан низ машаккат аст. Чун  аз таъом хурдан фориг шаванд, дустони Худои таъолоро орзуи шароб шавад.

Хазрати Одам (а) гуяд, ки ё Раб, ичозат хаст, ки фарзандони худро ман шароб дихам?

Фармон расад, ки дар чои худ бинишин, инчунин чандин  пайгамбарон хохиши шароб додан кунанд, лекин хазрати Худованд фармояд, ки имруз ваъда хохам кард ва бандагонро бевосита шароб ман хохам дод.

Пас аз таъом аз Арш кадаххои пур аз шароб оянд. Аз  зумурради сабз ва ёкути сурх. Гуянд, ки чун банда даст дароз кунад, он кадах гуяд, ки, эй дусти Худо, ин дори дунё нест, ту подшохвор дустона биншин, то ман ба дахони ту оям.

Гуянд, ки дах навъ шароб бошад, ки бар ахли зиёфат дар он руз зиёфат намоянд. Ва он гуфта шуда аст дар Куръон. Аз рахику сарсабил ва тасниму кавсар, занчабилу кофур ва моъу  лабан, асалу хамр ва бар хар чом номи сохиби он сабт бошал. Чун моъ хуранд, даромадан бувад дар бихишт бе баромадан. Чун лабан хуранд, кувват бувад, на заъифи. Чун хамр хуранл,  шоди бувад, на гам. Чун салсабил хуранд, чавони бувад, на пири, чун рахик хуранд, зиндагони бувад,  на марг, чун тасним хуранд, сихат бувад, на бемори, чун кофур хуранд, расидан  бувад ба мартабахои баланд. Чун шароби тахур хуранл дидор бувад, на хичоб.

Баъд аз он Худои таъоло фармон дихад, ки мева дихед бандагонро, мевае, ки нагузашта бошал ба хаёли кас ва надида бошад онро чашми касе харгиз.

Баъд аз он фармон шавад, ки либос пушонед дустони  манро.

Хазинадорон ба хар бихишти хафтод гуна либоси фохира  бо сад хазор хилаи зохир пушонанд ва точи мурасаъ бар cap ниханд. Ва хеч либосе ба рангу шакл ба они дигар монанд набошад ва хамаи он либосхо баробари муй сангина ва  вазнини накунанд. Баъд аз он Худои таъоло гуяд, ки хушбу созед бандагони маро.

Абре бифиристонад, то бар он гулоби рахмат ва магфират  бандагонро хушбуй гардонад.

Илохо, мо мискинонро аз ин давлат бонасибу бахравар гардони, омин ё раббал оламин.

Дар вакти дидор Хак Субхонаху ва таъоло фармояд, ки, эй фариштагон, се хичоб дар мобайни мову бандагон монда  аст. Як хичобро баргиред.

Чун як хичобро баргиранд, нуре пайдо гардад, ки хама муьминон бехуш гарданд.

Ризвон гуфт: – Ё Расулаллох, дар он бехуши чандин сол тамошои анвоъи кудрати Аллох таъоло кунанд, ки на чашм дар бихишт дида ва на гуш онро шунида. Он гох хурон онхоро дар канор гиранд, то бахуш оянд.

Баъд фармон шавад, ки хичоби дувумро баргиранд, Фармони Илохи даррасад, ки, зи хурон ва вилдону гилмон, акнун шумо бар касрхои худ равед ва, эй паррандагон, шумо бар шоххои дарахтон равед ва дар ин маком ба гайр аз муъминон дигар нагунчад. Ва ин макомро холи созед, ки акнун махалли дидор аст.

Пас фариштагон хичобро бардоранд. Он гох Худои таъоло дидори бечуну бечигунаи худро бинамояд на наздик ва на дур. Муъминон мутахайиру бехуш гарданд.

Илохо, мо бандагони гунахгоратро аз чамоли бемисолат бонасиб ва бахравар гардони, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …