Главная / Гуногун / Мазори номус

Мазори номус

Шаб набуд, руз буд!

Не, не, рузи руз хам набуд!

Сиёхи ба сефеди мезад, сафеди ба сиёхи!

Лекин аник як сукунате хукм меронд!

Бале, сукунати асроромези субхгохонии шахр!

Онро бонги муаззин шикаст!

Ва азони субххангом дар гуши хилваташ фуру рехт!

“Аллоху акбар!..

Аллоху акбар!..”

Азони субххангом ибодатпешагонро ба намоз мехонд. Аммо он ба гуши Гулноз чун зангулаи бахт мерасид!

Ох, бахт, бахт!

Чи кимату бузург аст он!

Ва дарёфташ чи гарону сангин!

Аммо – сад афсусу дарег! – сухтанаш чи осон!

Бале, бахт сухт, сухт!

Онро мард сузонд. Мард номарди кард. Маколи: “Барои як кайк пустинро намесузанд”-ро бо як нул зад.

Ва он як рузи доги тобистон ба вукуъ омад.

Айни гуруби офтоб занг зад Гултоз. Мулокоти имрузаро таъин намуда, асроромез нидо зад:

– Давраш расида!

Бо каме хайрони ва нозу нуз пурсид:

– Даври чи?

Гултоз паст-паст хандид:

– Биё, мефахми.

“Шояд масъалаи туйро мегуяд” – баркосо аз дил гузаронд Гулноз.

– Хайр, то пагох! Аллоху акбар!..

– Гултоз! Гултоз! – сари Гулноз гуё шароб хурдааст, чарх мезад. – Ман туро дуст медорам!

Гуд-гуд…

Гуд-гуд…

Гуд-гуд…

Гуд-гуд…

Ба ин “гуд-гуд”-хо чун ба навои дилписанд то дергох гуш фаро дод. Ва шаби дароз хам онхо чун навои сурнаю таблаки туй дар гушхояш садо доданд.

Субх чун тир аз хона бадар шуду дар зинапоя бо касе дакка хурд.

– Ох! – кариб фарёд зад Гулноз.

Ва сарашро боло карда, пиразани хамсояро дид. Вай норозиёна ба у менигарист. Гулноз фурсат надошт. Аз ин ру чизе нагуфта, тозон берун баромад. Ва бо дугонааш Анора ру ба ру зад.

– Ха, Гулноз, сафархо ба хайр?! – оханги сухани Анора тамасхур дошт.

Сир бой надода, хохам-нохохам љавоби дуруг медихад:

– Як шахра тамошо кунам.

– Хм-м! – завк мебарад Анора. – О, ту шахра чи тамошо мекуни?

– Чи бовар намекуни? – абру гирех зад Гулноз. – Агар дуруг гуям, Худо бандаам нагирад!

– Не-е, бовар мекунам, – нафаси чукур гирифт Анора. – Охир, шахр бояд туро тамошо кунад!

Аз шоди дар курта нагунљида, болу пар баровард.

Осмон софи нилоби буду шамс бар мухои тиллоранги худ шона мезад.

Ох, чи сон болу пар бароварда, ба назди хайкали Ленин омад!

Замона хамдами дарду бало гашту сари хама хайкалхои Ленинро хурд. Хамин як хайкал аз дасти демократхо эмин монд. Ва гуиё ба кавли шоир:

“Зи каъри хок боло кад кашида,

Бигуи, то фалак комат кашида.

Бузургу пиру барнои замона,

Ба зоти хеш дар дунё ягона”.

Гулноз гуиё ба хайкал гузориш дод:

– Салом Ленин! Имруз ту шохиди вокеаи бузурги таърихи хохи шуд!

Ба у чунин намуд, ки Ленин басо шод шуду нидо кард:

– Ба пеш! Ба суи ояндаи дурахшон!

Ва Гулноз хурсандона нидо намуд:

– Бале, ояндаи мо дурахшон аст!

Аммо аз бахшояндаи ин ояндаи дурахшон хамоно дарак набуд.

– Як су ист, ойимча!

Аз ин садо як кад парида, худро канор гирифт. Аз назди у бист-си нафар занони гуногунсинусол дар даст белу хоркашу дост гузаштанд. Аз паси онхо чун подабон марди лумбе мерафт. Дар чехраи у табассум шукуфт. Ва хушхолона салом дод.

Табассум аз чехраи Гулноз парид.

– Ин љо чи кор мекуни?

Теги нигохашро ба руи у духта, абру чин карду бо зарда:

– Кор дорам, – гуфт.

– Кор дори? Наход? Чи кор?

Ба сараш дод зад:

– Кори ту чи!

– Хай-хай, дагали пешаи шайтон аст!

Гулноз дигар суханро ба у хайф донист. Аммо вай шилкиниашро идома дод.

– Ха-а, касеро интизори-а?

“Кошки забоната гунда мегазид!” – гуфт дар дил ва бо газабу нафрат нидо зад:

– Туро не!

Бо захрхандаи ошкоро гуфт:

– Афсус!.. Афсус!.. Бехуда интизор мешави.

Чехра турш намуда, бо карохат дастак зад:

– Рав ба рохат-е!

– Бехуда интизор мешави, – боз такрор кард мард. – Љавонони имруза чун депутатхо ваъдаи бебаркаш медиханду вафояшро фаромуш мекунанд. Бехтараш бо ман биё!

– Ин кадар чакка шуди! – ба газаб омад Гулноз. – Рав ба рохат! Рав – рав!

– Ман-ку, меравам, ту пушаймон мешави!

Аз мард руй тофта, бо карохат нидо намуд:

– Подабон!

 

2

 

Руз буд, рузи рушан!

Нишот хайма бар дили у зада! Дунё дар чашмаш нуристону гулистон! Ишк дар калбаш дар галаён! Ба гайр аз эхсоси мухаббат дигар хељ чизро дарк кардан намехост. Хама вуљуди у ба чашм табдил ёфта, ба рохи дилдода равон гашта. Имруз перохани сап-сафед ба бар, худро махсус зебу оро дода. Ва хар дам оиначаашро бароварда, худро медид ва ба руяш сурхию сафеди мемолид. Аз хурсанди дар худ намегунљид, дилаш лабрези хавасу орзу.

– Худоё, имруз чи бахте маро насиб гаштааст!

Бекарори уро мебуиду мебусид!

Бесабри уро мебуиду мебусид!

Дилаш чун руди кухи дар талотум!

Кабутари хавас дар осмони орзухо болу пар мезад…

Садои сурнаю таблак уро ба худ овард. Дид, ки арусу домод дар ихотаи хешу табор ва ёру дустон суи хайкали Исмоили Сомони мераванд.

Як дил кард, ки рафта тамошо кунад.

Охир, у хам ана мана нагуфта, арус мешавад!

Зуд аз раъяш гашт. Гултоз ояду уро наёбад, ба љон хафа мешавад. Табъаш басо нозук, зудранљ.

Ду дида ба арусу шах парасту шуду парвоз кард…

Гунљишкаке пар-пар зада, дона мељуст.

Ду мусича нул ба нул пар-пар мезаданд.

Гулноз чатре ба сар аз сояи Ленин дар болу пари хаёл пар-пар мезад.

Дакикахо паи хам сипари мегаштанд.

Аммо ошик нест пайдо!

Замину осмону хуршед гулбез!

Аммо ошик нест пайдо!

Зи сар то ба по, љисму љонаш гарки ишк!

Аммо ошик нест пайдо!

Офтоб баландтар мешуд ва бештар нурхои сузон мерехт.

Савдозадаи ишк чашм ба рох.

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Кабутари умед дар парвоз!

Аммо ошик нест пайдо!

Хама ёду аклу хушаш ба хаёли у!

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Дили зору чашми рохаш нафасе карор надошт. Чу садои пой меомад, дилаш аз хавас гум мезаду меларзид.

Ин ду мисра ифшогари холаш:

Баски дар љони фигору чашми бедорам туи,

Хар ки пайдо мешавад аз дур, пиндорам туи.

Аммо ошик нест пайдо!

Баногох дар дили у суолаке сар кашид: “Соат чанд шуда бошад?” Худо ба имдодаш љавонеро фиристод.

Љавон ханда зада, нидо намуд:

– Ман хушбахтам!

– Нафахмидам.

– Хой лолару! Одами хушбахт соат намебандад!

Якбора ёдаш барк зад.

“Худоё! Ба суоли: “Чаро соат намебанди?” – Гултоз айнан хамин хел посух дода буд”.

Оре, ту хаки!

Барои одами хушбахт вакту фазо вуљуд надорад!

Аммо айни замон барои у вакту фазо танги мекард.

Офтоб ба киём меомад. Замину замон хамвора метасфид.

У захри интизори мечашид.

Ох, интизори, интизори!

Акнун фахмид, ки интизори бадтар аз марг будааст.

Бале, бадтар аз марг!

Аз миён такрибан боз як соат гузашт.

Аммо у аз домани умед даст барнамекашид.

Бегап, бехарф, ду дидаи умед ба рох, нигарони омадани у. Дилаш аз хаяљон бози мекард ва офтоб сару руи уро месузонд.

Хаво гарм буд, бехад гарм. Аз гарми нафаси кас мегирифт. Хама худро ба соя мезаданд. Танхо Гулноз парвои гармо надошт.

Интизор буд у…

– Тез гард, ки љигарам сухт аз гармо! – гуфт духтаре ба љавони хамрохаш.

«Э бетокатхо!» – дар дил ба онхо таъна зад Гулноз.

Аслан љигари у хам месухт. Вале токат мекард. Чашм ба рох буд. Вале аз дилдодааш хамоно дарак набуд.

Гушхояш љег мезананд, дигар ин тавр интизор буда наметавонад. Аммо чи илољу чи чора љустанашро намедонист.

Гулнозро куки чашм дар рохи дилдода канд. Вале дилдода пайдо нагашт.

– Чи бало шуд-а, барои чи даракаш нест? Ягон бор ин хел дер намемонд-ку? – мегуфт худ ба худ Гулноз.

Нихоят ба ташвиш афтод. Уро изтиробу хаяљон фаро гирифт. Осоишро аз даст дод. Пешу кафо кадам мезад, дар бахри хаёлот шино менамуд.

«Ох, Худоё!.. О, чаро намеояд? Наход наояд? Ё ки фаромуш кард? Не, не, наход аз ин вохури кори заруртаре хам дошта бошад?! Не! Не! Меояд! Хатман меояд! Бояд биёяд!»

Ногахон дар сараш андешаи тоза давид. Тарсу харос фарояш гирифт. Изтиробу хаяљон ба тарсу харос олуда гашт.

“Не, не, не!” – гуён, тарсу харосро ронд.

Аммо дилаш тугёносо ба тапиш даромад.

 

3

 

Руз ба ним мерасид.

Сояхо кутох мешуданд.

Сояи Ленин аз сари у кайхо рафта буд.

У сари сузан меистод.

Аз Гултоз дараке набуд.

Ба дилаш боз оташ афтод.

– Наход ки наояд?! Наход… Наход…

Аз нигохи Ленин тарс мешукуфт.

Офтоб тарс мерехт.

Аз сояхо тарс меруид.

Боди сарди навмеди вазида, чашми умедашро кур кардани мешуд. Аммо у тан надода, худро тасалли медод:

– Не, не, меояд! Бале, вай меояд, хатман меояд! Охир, вай худаш ин вохуриро хохиш кард-ку?!

Аммо ошик хељ не, ки пайдо шавад!

Хеле дилтанг шуда, ох мекашид, вале боз хам сабру токат зохир менамуд.

“Аллоху акбар!..

Аллоху акбар!..”

Азони пешинхангом!

Пешинхангоми шахри пургавго!

Аммо ба гуши Гулноз чу дуои хайрбод расид!

Аз изтиробу хаяљон сари калобааш гум гашта, худро даст гирифта наметавонист.

Офтоб бедарег нур мерехт.

Нигохи изтироболуди Гулноз ба хайкали Ленин андармон шуд. Гуиё мепурсид: “Кани ояндаи дурахшон?”

Дили Гулноз сахт метапад.

Атроф ба таври гайриодди хомуш шуд. Аммо он дер напоид. Лахзае пас дар ру ба руи хайкал зану баччае пайдо гашт. Зан ба бачча амр кард:

– Туф кун!

Ба амри зан сар нафуровард. Зан хашм гирифту дод зад:

– Туф кун, мегуям!

Бачча якравона рад кард:

– Намекунам!

– Мекуни! – бо катъият гуфт зан.

Гулноз музтар меистод.

– Намекунам! – овозашро баланд карда, нотарсона дод зад бачча.

– Мекуни! – дод зад зан.

– Охир, вай одам аст, – дар худ печид бачча.

– Одам нест! – дагалона дод зад зан.

Ахволи бачча чунон бад шуд, ки ба гиря огозид.

– Бар падарат лаънат! – дод зад зан ва худ ба хайкал туф карду баччаро кашолакунон рохи шуд.

Сари Гулноз гуввас мезад. Ба назараш чунин менамуд, ки гуё ба љарие афтида истода бошад.

Атрофро чунон хомушие пахш кард, ки мазорро мемонд.

Сипас бозор гашт. Мактаббачахо бо шуру магал ба пояи хайкал гул гузоштанд. Баъд бо эхтиром сар хам карда, чанде хомуш истоданд.

“Подабон” баргашт.

– Уху-у-у! Холо хам интизори? Эъ, у намеояд!

Гулноз дар шигифт монда, беихтиёр пурсид:

– Чаро?!

– Охир, ки дар назди хайкали нокис мулокот таъин мекунад?!

– Нокис? – бо хайрони пурсид Гулноз. – Чи хел нокис?

– Намедони? Э, навруидхо-е! Ин хайкал аз аввал нокис сохта шудаги. Бингар. Аввалан бо дасти чап “Ба пеш!” – мегуяд. Сониян кулохаш дар сараш нею дар дасташ.

– Хайр чи?

– Хайр чи, хайр чи?! Русхо вакти мурдани касе кулохашонро ба даст мегиранд. Фахмиди?! Э, навруидхо-е! Ана, хамин нокисихо ин хайкалро наљот дод.

Чизе бехи гушаш патарос зад. Такон хурду дилаш тах нишаст. Дид, ки майнае.

– Ух, шумру-е!

Ха, майнае. Аммо чун зог. Сип-сиёх. Ва боз чун дили у. Гуиё майна аз дили у бадар рафт. Ва ба сари хайкал нишаст.

Гуиё дар сари хайкали сиёх захме баромад.

Ва у ба майнаи сип-сиёх менигарад. Гуиё наметавонад нигох накунад.

Шах асту карахт ва ду чашм ба майна.

Майна гуиё чун укобе ба садр нишаста.

Зи шоди садо мезаду садо.

Як садое гушхарошу нофахмо.

Бо гуруре як ба чап менигарад, як ба рост, дум мебардорад ва наљосат сар медихад.

Ба дили Гулноз як рушание ворид мегардад. Табассум мекунад ва мазза мебарад. Майна парида меравад. Садои болхояш то чанде дар гушаш мемонад. Баъд ба у чунин менамояд, ки Ленин кавок андохта, нидо намуд:

– Бирав! Гум шав!

Ноумеди хамчу абри тира осмони калбашро пушонд.

Рафта-рафта ба хулосае омад. Ва худ ба худ бо таассуфу андухзада зери лаб пичиррос зад:

– Не, намеояд.

Шамол як вазиду дархол сокит шуд.

Бо тамом сабру токат аз даст дода, умедашро гур кард. Ва бо афсусу оху вох гуфт:

– Тамом, бас аст, бас…

Руй ба Ленин овард:

– Ту шохид, ин мазорро худам сохтам!

 

4

 

Руй ба рох овард.

Як сар дошту сад савол!

Хар савол бо “Барои чи” – огоз меёфт!

Сад савол уро азоб медод!

Чун аруси шахгумкарда дар кучаи калон кадам мезад. Ба хар як чиз бо тааљљуб ва маъюсона менигарист, гуиё дигар хељ гох Гултозро нахохад дид.

Ягон заррае хам насимаке намевазад.

Ягон барги дарахт намељунбад. Дар осмон ягон пора абр хам наметобад.

Офтоби саратон баланд баромада, бетамаъу бедарег нур мерехт.

Дунё хама нуристону гулистон.

Аммо зехну дилу дидаи у тира.

Дилаш танг мегашту танг.

– Ох, ин чи гап?!

Овоз аз банди дилаш љаст.

Ва пасон хохише ру зад, ки Гултозро биљуяд.

Аммо…

Ба ёдаш омад, ки на телефонашро медонаду на сурогаашро. Охир, худаш напурсида буд. Магар метавонист ба у шубха кунад? Не, ин фикр хатто ба сараш хам наомада буд.

Аиаб, ин чи хол аст?!

Мехост назди касе бираваду хасрати дилашро бигуяд.

Аммо…

Ба ёдаш омад, ки ягон каси ба дил наздик хам надорад.

Акнун мехост ба љое биравад. Берун аз ин олами берахму пуршур.

Гарм буд хаво, бехад гарм. Чун танури тафсон. Офтоб болои сар рост истода, гуиё тамоми нурхои сузонашро ба сари у мепошид. Дар як дам ташна монда, вуљудаш гуё бирён мешуд. Халкаш хушк, забонаш гуё ба комаш часпида.

Як лолаи сахрои зодаи дардро мемонд дар ин шахри пургавго. Гамгину мутаассир, бо андешахои бесару нуг кадам мезад. Нигохаш бекарор. Аз як кас ба каси дигар медавид. Чизеро мељуяд. Чиро? Не, киро! Гултозро!

Ин дам буд, ки касе садо зад:

– Биё шин, духтари хола!

Якбора руяш, дилаш суи садо гашт. Сар то ба по чашм шуд.

Гултоз аст?!..

Овозаш, симояш ба у монанд, вале у нест…

Э, не! Не, не! У нест!..

Гулноз бо нигохи пажмурда ба у менигарад. Нигохи ронанда бошад пур аз шавку завк буд.

– Э, нашинохти?

– Ту кисти?

– Гултоз!

– Чи-и?! Ту масти ё девона!

– Ё харду! – кох-кох механдад. – Биё, шин, ман андухи туро гум мекунам.

– Наметавони! – суяш чашм ало мекунад.

– Метавонам!

Охи дардноке кашид ва бо кахр гуфт:

– Э, гум шав-е!

Љавон бо кахр се-чор бор баланд газ медихад. Дуди мошин фагона мезанад. Буйи тез ба димогаш зада, сараш аз буйи манфур лахзае гаранг мешавад.

Лахзае пас боз љавоне уро садо мекунад:

– Хо духтар!

Як кад парида, суи у мегардад:

– Чи меги?

– Биё брем…

– Чи-и?! – абру гирех зада, бо карохат гуфт: – Э, гум шав-е, шумруи фисин!

Љавон худро гум карда, лолу гиљ монд.

– Чи барзагов барин менигари?!

Мошини зебои хориљие бо шаст мегузарад. Ва оби чиркинро ба сару руи у пош медихад. Як кад парида:

– Лаънати! – гуён, дашном медихад ва сару руяшро тоза мекунад. Аммо дар перохани сафедаш догхои сиёх боки монданд.

Худро чун дар дами танур хис мекард ва охи пурсуз мекашид. Гуиё замин хам хамрохи у охи пурсуз мекашид.

Хавои гарми олудаи буйи муму бензин димогашро месузонд, дилро бехузур мекард.

Боз мошине истоду ронанда нидо зад:

– Биё шин, духтари хола!

Бо нафрат руй тофт. Ва чашмаш ба магозаи ру ба ру афтод. Дар болои он лавхае овезон буд: “Магозаи бахт”.

Гирдоби андеша уро ба комаш кашид.

Андешахои ранљовар.

Азобаш зиёд гашт.

Аљаб, ин чи хол аст?!

Як сар дошту сад хаёл!

Сад хаёл уро азоб медод!

 

5

 

Боз руй ба рох овард.

Хуршед тори сараш чун чатр. Соя надошт, нур дошт. Нури сузон. Чун ругани дог чак-чак мечакид.

Нахуст пояш сипас ёдаш суи мазори номус бирафт. Ва беихтиёр бо овози шунаво гуфт:

– Мазори номус.

Дарун-дарун месухт.

Хотирахояш машъалвор аланга мезаданд.

Ёд дори?

Магар вай фаромуш карда метавонад?!

Намози шом занг зад Гултоз. Ва бо овози махину дилнавоз пурсид:

– Шабоханг мехохи?

Бидуни таваккуф нидо намуд:

– Мехохам!

Боди шабгири диловез бо нарми ба гесуяш шона мезад. Садои паррандагони нолашаб, чир-чири хашарот ва шилдирроси об маргуб ба гуш мерасид. Ва дар дил хиссиёти гувороеро бедор мекард. Ахтарон чун байзахои сафед дар боми арш ба сони Сухайли Ямани љило медоданд. Гулноз бехабар аз одаму олам дар огуши Гултоз менишаст. Дар ин лахза хушбахттар аз у касе набуд.

– Чи шаби сип-сиёх?!

– Чун муйхои ту!

– Ситорахо дурахшон?!

– Чун ояндаи ту!

Аз овози у шодмони ва навозиш эхсос мешуд.

– Гултоз! – пичиррос зад Гулноз.

– Љон!

– Хељ гох аз хамдигар људо намешавем?

– Хељ гох! – гуфт ва аз лабонаш бусид. Гулноз низ дигар бар хохиши дил мукобилият накарда, уро бусид.

Ногох дилаш аз харос ларзид.

– Гултоз, сабр кун. Хар кор вакту соат дорад.

– Наход ту хануз хам шубха куни? Ман бе ту мемурам…

Асрори шабохангу афсонаи умед аклу хушашро рабуд. Ва номус аз даст дод. Гултоз аввал ханда, сипас асроромез садо зад:

– Базми суру шуру масти дар пеш!

– Пешаш кай?

– Дер ояд – шер ояд!

Сони шаб рафту руз – фардо расид. Гултоз уро боз ба хамин љой овард.

Офтоб бедарег нур мерехт.

Гултоз сангу хокро љамъ оварда, теппача месохт.

Гулноз бо хайрони ба кори у менигарист.

Малаххо беист чир-чир мекарданд. Чунин ба назар менамуд, ки гуиё он садои худи офтоб буда, нурхои он беист ва бо шиддат важжос мезаданд.

Гултоз аз дарахти арча навдаеро шикаст. Ба он латтаи сурх баст. Ба болои теппача халонд. Ва аз љо бархост.

– Чаро сурх? – бо хайрони пурсид Гулноз.

Хељ љавоб надода, сарашро поин андохту сокит монд.

– Чи, ту кар шуди ё гунг?

Боз посух нашунид ва худро гум кард. Лахзае пас Гултоз гуфт:

– На кар, на гунг.

– Пас чаро љавоб намедихи?

– Чун ки дакикаи хомуши буд. Барои он сурх, ки ин мазори номус аст.

– Номуси ки?

– Номуси ту!

 

6

 

Офтоб киём мекард!

Аз сару гардани Гулноз арак мешорид. Баногох гушхояш гуввос заду ба дилаш шубхае љо гашт. Беихтиёр пичиррос зад:

– Гурехт номард!

Таконе хурда, дилаш ларзид. Сипас уро дахшат ва тарсу харос фаро гирифт.

– Не, не, – рад кард вай. – Гултоз маро дуст медорад. Охир, бе ту мемурам гуфт-ку?

Гулноз андаке таскин ёфт, вале хаёлу хотираш торафт парешону пуризтироб мешуд.

– Ё маро масхара медоронад?

Чукур нафас гирифта, ба атроф нигарист.

– Не, не, не!

Худро хеле хаста хис мекунад.

– Аха! Фахмидам! Ба фикрам у мехохад маро зери по кунад. Не, харгиз! Ин хобатро ба об гуй!

Вай ба нуктаи номаълуме нигариста, тез-тез мижа зад. Ва баъд оташин шуд. Бо хашму газаб гур-гуркунон чанд кадам монд. Баъд истоду тахдидомез гуфт:

– Холо сабр кун, ман ба ту нишон медихам!

 

7

 

Якбора ба тани Гулноз љон дамид. Зеро Гултозро дид. Вай назди мазори номус менишаст. Хама аламу кахру газаб аз дилаш рафт.

– Гултоз, Гултоз! – аз дур фарёд зад Гулноз.

Ва болу пар бароварда назди у хозир гашт.

Вале Гултоз хељ харакате зохир нанамуд. Гуиё Гултоз нею тамоман каси дигар – бегона нишаста буд. Наход ки хато кард? Зехн монд ба у. Не, худи худаш, Гултози дилдодааш! Тори сараш рост, ду чашму ду гуш ба у интизор истод. Ха, бо тамоми вуљудаш интизор буд, ки хозир Гултозаш мехезаду харвакта барин: «Биё, биё љонакам! Биё, биё офтобаки ман, мохтобаки ман!» – гуён, аз забонаш асал мечакад. Сипас уро сахт ба огуш мекашад. Гарм-гарм аз лабонаш мебусад. Мебусаду мебусад…

Вале чун харвакта нашуд. Хатто дам намезад у. Лоакл: «Биё»-и хушку холи хам нагуфт. Аз сангу сафол садо буду аз вай не. Авзои Гултоз Гулнозро бекарору парешон кард. Ба чохи тааљљуб афтод, чаро дилдодааш аз дидани у шодмон нашуд. Гулноз хељ чашмдори чунин истикболу рафтор набуд. Аз ин ру чанд лахзае моту мабхут гашта, чи гуфтану чи кор карданашро надониста монд. Танхо бо хайрати бепоён ба Гултоз менигаристу халос.

Чанд лахза сукунати вазнине хукмрон гашт.

Нихоят Гулноз гардани гурурро шикасту сукунатро бархам зада, худ лаб ба гуфтор кушод:

– Салом Гултоз! – гуфт.

– …

– Ассалом, Гултоз!

– …

– Гултозљон! Ба ту чи шуд?

– Хмм! – гуфт Гултоз ва шитоб накарда, бафурља аз љайбаш куттии сигорро бароварда, сигор гиронд. Бо як халовати аљибе куллобе гирифту дуди онро ба хаво пуф кард. Љавоби хама саломхову “чи шуд”-и Гулноз гуиё бо дуд ба осмон рафт.

Бо вуљуди ин Гулноз наранљид, бо ду чашми чор нигохи умедвор меафканд ва интизори сухани хуш, огуши гарму бусаи сузон меистод.

Гултоз чашм аз нуктаи номаълуме наканда, дуд медод. Бо халоват дуд медоду дуд. Табъаш ким-чи хел, ба Гулноз нофахмову муаммо. Гулноз боз гардани гурурро бишикасту мехрубонона:

– Ассалом, Гултозљон! – гуфт.

Гултоз боз хам:

– Хмм! – гуён, дуд сар доду халос.

Ин дафъа овозаш ким-чи хел гайритабии баромад. Як гулу афшонду боз ба ким-кадом нуктаи номаълуме дида духт. Гуиё аз у ба љон ранљида, кахри гашта. Гулноз боз лаб ба сухан кушод. Оханги суханаш нарм ва сулхомез буд:

– Гултоз, ин чи шухи?

– …

– Хозир вакти шухи не, Гултозљон!

– …

– Худоё! Ба ту чи шуд?!

– …

Окибат дар дилаш як изтироби гарибе ба тугён омад. Ва токаташ ток гашт. Ин лахза буд, ки гармсели дуруште сару руи уро лесида гузашт. Ва гуиё ба у љасорат бахшид. Бо овози баланд пурсид:

– Хой! Бо девор не, бо ту гап мезанам. Мефахми ё не?

Аммо Гултоз хамоно мухри хомуши бар лаб дошт. Ва бепарвову магруру пурсехр буд.

– Худаш чи гап, Гултоз?

Гулноз ба газаб омад, уро такон дод.

– Чи гушата ба кари мезани?

– Ха-е! Чи гап?!

Теги нигохи Гултоз љисми нахифи уро бишикофт. Ларзиду хайратангез садо зад:

– Ох, Худоё!

Сипас бо хамон хайратзадаги пурсид:

– Ба ту чи шуд? Чаро бо чашми бегона ба ман менигари? Чаро аз ман хазар мекуни?

– Ха-е! – Гултоз тег кашида, ба Гулноз нигарист. – Чи гап? Пурсандаи ки ин кадар савол медихи?

– Пурсанда мегуи? – аз алам ларзид у. – Ту хукук дори ки ба вохури набиёи, ман панљ соат туро интизор шуда, хукук надорам пурсам, ки чи гап?

Гултоз аз љояш бархост.

Рухи Гулноз ташна буд. Ташнаи мухаббат. Ташнаи навозиш. Чашмони Гулноз ба чашмони Гултоз часпид. Ва якбора он хама кахру газаб, хаяљону изтироб фуру нишаст. Фуру нишасту дилаш гум зада рафт. Чунон гум зад, ки худро бой дод. Чун хамеша љахиду худро ба гардани Гултоз овехт. Дастонаш кулфу калид гашт. Буи дилдода ба машомаш зад. Сараш чарх зад, маст шуд. Беихтиёр чашмонаш пушида шуданд. Лабони акикаш љуёи лабони дилдода гашт. Хамеша лабхо хамдигарро бехато меёфтанд. Ин дафъа лабони Гулноз каме овора шуд. Дертар ёфт лабони дилдодаро. Вале истикболу сузонии пештараро дарнаёфт. Бехаракату сард буданд лабхои Гултоз.

Ха, сарду бехаракат!

Гуиё уро барк зад. Дастонаш бемадор шуданд. Кулфу калидаш кушода гашт. Ва у ба кади Гултоз шорида ба замин рехт. Бо вуљуди ин хама бовари бой надод. Сари максад омадани шуда, нафасашро ба дарун гирифту охиста:

– Бас будагист, – гуфт.

– Чи?

– Саёк-саёк гаштанамон.

– Ба ман маъкул.

– Ба ман не.

– Хайр чи? Это твоя проблема!

– Хайр чи будааст. О, кай туй мекунем?

Гултоз ба куллаи кухи ру ба ру дида духт. Гуё саволи уро нашунид. Гулноз саволашро такрор намуд.

– Чи? – Гултоз норозиёна нигохашро аз кух барканд ва ба Гулноз зехн монд.

Нигохаш нигохе буд басо аљибу пурасрору нохоно.

– Туй?

Бо табассуми сулхомез нидо зад:

– Ха, туй!

Бар абру гирех заду хашмгинона нигох кард.:

– Туйи ки?

Бо чашмони баркосо љавоб дод:

– Туйи мо.

Боз бо теги нигох љисми нахифи Гулнозро бишикофт.

– Туйи мо?! Чи хел туйи мо?!

– О, туйи тую ман.

Чун гурбаи вахши дандонхояшро намоиш дод.

– Чи?! Туйи тую ман?! Чи, ту аклатро хурди? Хељ гох чунин туй намешавад!

Гулноз маргро тасаввур карда метавонисту чунин љавобро не.

Бо тарсу харос пурсид:

– Хељ гох?! Чаро?!

Бо руи турш ва чашмони пургазаб нидо намуд:

– Ман туро дуст намедорам!

Ин зарба аз зарбаи аввала гаронтар омад. Гулнозро гуиё тори дил барканд. Зонухояш ба ларзиш даромаданд. Дар дил: «Э худо, кувватам бидех, ки наафтам» – гуфт ва бо хаяљон пурсид:.

– А-аъ?.. Чи гуфти?.. Такрор кун…

– Кари?! Гуфтам, ки дустат намедорам!

Магар ба гушхояш бовар накард, ки пурсид:

– Дустам намедори?

– Бале! – дагалона гуфт Гултоз. – Дустат намедорам! Ва хељ гох намедоштам!

Лахзае пакар шуда, чи гуфтанашро надонист.

– Ха, чи дамат ба дарун зад? – писханд зад Гултоз.

«Э Худо, тавре бикун, ки ин гапаш дуруг бошад» – дар дил илтиљо кард Гулноз ва мисли кудак аз дастонаш дошта, сахт фишурда, рост ба чашмони у нигарист.

– Гултоз… Гултоз… Бигу, ки шухи кардам… – зори мекард Гулноз. – Бигу, Гултоз… Шухи карди, а?..

Гултоз дагалона уро тела доду дод зад:

– Ин љо хонаи очаат аст, ки шухи кунам!

Мувозинати худро базур дошт. Хеле ошуфтаву парешону гиљ монд. Сипас бо хайрони канда-канда гуфт:

– Пас… пас чаро аз пасам давиди… банда шуди… садка шуди… аз Азиз људоям карди… номусамро шикасти…

– Бале, хамин тавр! Хи-хи-хи! Гап дори?!

Бо тунди дод зад:

– Дорам!

Ва худро ба даст гирифту афзуд:

– Пас маълум мешавад, ки ту домони маро бо чормагзи пуч пур карда будаи?!

– Бале, хамин тавр! Гап дори?

Якбора хунгос зада, ба гиря огозид. Ва дар холе, ки мегирист, нидо дар медод:

– Охир, чаро? Чаро? Худоё?!

Гултоз агарчи навакак сигор дуд карда буд, боз даст ба киса бурда, куттии сигорро баровард. Сигори охиринро ба лаб гузошт, куттиро маљак карда, ба руи мазори номус партофт. Баъд нидо намуд:

– Касос гирифтам! Ха-ха-ха!

Гулноз такон хурд. Ранг аз руяш парид. Чехрааш мисли абри навбахор аввал сап-сафед гашт, баъд як лахза сип-сиёх шуд. Нафасаш ба шур омад.

– Аз ман касос гирифти?!

Дар чашмони Гултоз оташи беэътинои забона мезад. Аз ин Гулноз девона гашт, хез заду аз гиребонаш махкам дошт. Ва дод бизад:

– Барои кадом гунохам?!

Гултоз лахзае дасту по гум кард.

– Гуй! – гургона дандон совид Гулноз.

– Сар дех, баъд мегуям!

– Не, аввал гуй!

– Не, аввал сар дех!

Аз газаб лабу дандон хоида дод зад:

– Аввал гуй!

– То сар надихи, намегуям!

– Хайр, ана! – Гулноз гиребони уро сар дод. – Гуй!

Гултоз гиребонашро ба тартиб оварда, ин дафъа бепарво ва як кадар бо каноатманди љавоб дод:

– Аз ту не, аз Азиз касос гирифтам. Ха-ха-ха!

Гулноз боз такон хурда, кадаме ба кафо рафт, гуё море аз пешаш баромада бошад.

– Чи?.. Аз Азиз-з?

– Ха, аз Азиз! Ха-ха-ха!

Дилаш дар кафаси сина танги мекард, дасту пояш меларзид.

– Ха, ха, аз Азиз! Ха-ха-ха!

Фарёди тунд аз замири сина кашид:

– Охир, барои чи?!

– Барои он ки у маро назди дустон сархам, шарманда кард, обруямро резонд. Як дона сигор пурсидам, надод. «Ба пулат чечак омадааст, ки хари» – гуфт.

Гуиё сихи сузоне ба дили Гулноз халид.

– Охх! – нолише аз каъри дилаш љуш зад. Ва гумон кард, ки курси офтоб пора-пора гашт ва осмон омада ба замин фуру рафт.

Гултоз аз худ рози, дилаш моломоли шоди, бо викор, бо сари баланд ба у менигарист.

Гулноз чун муи оташдида дар худ мепечид.

Гултоз ба ханда огозид. Механдиду механдид. Аз шавки ханда банди дилаш суст мешавад.

Гулноз чашмонашро пушиду дод зад:

– Ин чи гап?!

– Хељ гап не!

Ва у гуё хоб буду бедор шуд. Ва якбора дарёфт, ки оташи лабони Гултоз бахти уро кайхо сухта будаасту дарк намекардааст. Пеши чашмони уро сиёхи пахш кард. Хайкал барин шах шуда монд. Ба назараш чунин намуд, ки хоб мебинад. Худаш хам, дар бедори оё мумкин аст, ки љавонмард барои он ки ба у як дона сигор надодаанд, ду касро бадбахт гардонад. Дар олам одамони интикомљуй кам нестанд, вале ин хелашро тасавур карда наметавонист.

– Хељ гап не, гам махур! – ба китфи у тап-тап зад Гултоз. – “Гул резад, нарезад аз у буй!” Ба назди Азиз бирав. У туро бо љону дил кабул мекунад.

Чехраи офтоб гамгин ва тира гашт.

Нигохи нафратовари Гулноз уро ба катл мерасонд. Патхои бинии нозукаш мепариданд.

– Чаро истодаи? Бирав назди Азизат!

Ва у кох-кох хандид.

Гулноз якбора ба Гултоз хамла овард.

Ва хамзамон аз Гултоз торсакие хурд. Вай аз дард дод зад:

– Эй вой бар ту!

У боз кох-кох хандид.

– Эй вой бар ту!

Пеши чашмонашро пардаи сиёх пушонд.

Ва у бехудона панља ба руй зада, фигон кашид:

– Дар ин дунё на ишк будаасту на мухаббат! Хама фанду фиреб!

– Не, хаст ишк! Худо дода буд ишкро ба ту. Ба кадраш нарасиди. Ту худат онро хор карди! Гултоз аз Азиз касос гирифт, зиндаги аз ту! «Худкардаро даво нест!»

Гулноз девонавор ба чор су чархиду чашм давонд. Ва дод зад:

– Ки гуфт ин суханонро?!

Хељ посухе нашунид. Холо мухим набуд, ки ки гуфт. Мухим он буд, ки хакикат буд ин гуфта. Гулноз ин хакикатро дарк намуд. Ва арзандатарин кораш дар зиндаги дарки хамин хакикат буд. Ва якбора дар вуљудаш хама орзуву умед сухту хокистар гашт.

– Охх! – нидои љонсузе дардод Гулноз ва ба љисму љонаш аз сар то нохуни пояш ларза омад.

Хунук хурд, тасф кард.

– Номусам, вой номусам! – Гулноз гирев андохта, чун помолшуда пуч гашт.

Зону ба замин зад ва сар ба руи мазори номус монд.

Ин дам дуртар аз у марде бо писарчааш гузаро буданд.

– Ота, ота, бин!

– Чира?

– Мурдае аз кабр берун монда.

Мард хомушу парешон лахзае ба духтарак, ки ба хайкали мармарин табдил ёфта буд, дида духт ва гуфт:

– Сари кабри азизи дилаш меноладу ашк мерезад.

– Рафта ёри дихем?

– Бефоида. Ба хар бутае, ки алов афтод, танхо худаш месузад.

Руи Гулнозро ашки сузон мелесид.

Ба холаш мургони хаво гиря мекарданд!

 

8

 

На рузи руз буду на шаби шаб.

Офтоб фуру нарафта буд, вале наменамуд.

Куллаи кух, ки то ин дам ба мисли оташ сурхча менамуд, ранги хокистари гирифт.

Хавои шахр тираранг гашт.

Сукунати сангине чун дар гуристон хукм меронд.

Ва ин лахза як охи сузоне бар фазо печид.

Паси он бонги муаззин бархост.

“Аллоху акбар!..

Аллоху акбар!..”

Азони асрхангом!

Асрхангоми шахри пургавго!

Гуи ки:

Фигоне буд!

Навхае буд!

Афсусе буд!

Ояте буд!

Бале, буд, хама чиз буд сари мазори номус!

 

16 сентябри соли 2000

10 октябри соли 2003

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …