Главная / Маданият ва санъат / Мазмуну мундаричаи шеърхои ба хунармандон бахшидаи Сайидо

Мазмуну мундаричаи шеърхои ба хунармандон бахшидаи Сайидо

Сайидо махсусан ба табакахои хунарманди чамъият таваччухи махсус дорад. Зеро онхоро дар ашъори лирикиаш (газалиёту китьахо…), дар «Шахрошуб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоира бахшидааш васфу тавсиф кардааст. Албатта, дар таьрихи адабиёт фасли тоза низ хаст, ки дар шакли маснави руи кор омадаанд. Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум, шояд аз он чихат бошад, ки у худ аз ахли хунар аст. Сайидо дар ашьори ба табакахои хунармандон бахшидаи хеш намоядаи хашт навьи хунарро васф кардааст, ки аз чумлаи онхо: баккол, шустагар, нонво, наккош, наччор, шотир, таштгар ва кассоб мебошанд. Ин хашт шеьри ба хунармандон бахшидаи Сайидо дар мачмуь дорои 290 байт аст ва онхо манзумахоеанд, ки аз ибтидо то интихо дар як мавзуь эчод шудаанд. Мухим он аст, ки дар ин манзумахо инсони сохибхунар ва мехнаткашу захматкарин мавриди ситоишу васф карор гирифтааст. Чунончи, дар манзумаи «Дар таьрихи наччор» меорад:

Бути наччори ман сарвест якто,

Зи сар то пой пайванд аз тамошо.

Санвабар истода бар дуконаш,

Тарошаш хешро аз бандагонаш.

Ба боги орзу сарви таманно,

Занад пеши кади у теша бар по.

Чдхоне хидмати у карда пеша,

Занад хар кас ба суи хеш теша.

Забони тешааш ширинтакаллум,

Ба хуни Кухкан хурда тараххум,

Зи оби тешааш пур устухонам,

Ба зикри сарраш бошад забонам.

Чи арра? Чун забони шуъла саркаш,

Фиканда ошиконро дар кашокаш.

Чи арра? Зердасташ сарбалндон,

Бувад море зи сар то пой дандон.

Хамеша шеваи у дилхарши

Ба хубон менамояд нозпоши

Нигохи у камандосо кашида,

Ки бшад гушаи чашмаш баранда.

Чи ранда? Дорад аз оина сина,

Чи сина?-Соф дил аз мехру кинае

Забони у бувад бод ил мувофик,

Саре дорад ба хамвори чу ошик.

Асоси хонахоро уст устод,

Ба ахди уст ошик хонаобод.

Дуконаш дар бар руи арш баста

Димогаш дар сари курси нишаста

Ба хар манзил гузорад по хамон дам,

Кунад чун теша синчи хона махкам.

Сафед аз интизораш чашми дархо,

Чунон печидаи занчир назархо,

Бутон бар сурати у гашта хайрон,

Хичил аз бутпарасти бутпарастон,

Хароби макдами у хонумонхо,

Гул афтода ба чашми тобандонхо.

Намебинам ба асри хеш бунёд,

Гами у хонумонам дод барбод.

Рухаш то рафта аз кошонаи ман,

Сиях гардида руи хонаи ман.

Маро кай аз дуконаш бахрамандист?

Зи чуши ишкбозон тахтабандист.

Ба ман кай ошно аз руи ёрист?

Дилаш дар ошики тахчубкорист.

Ба ахди хештан устод бошад,

Вафояш лек бебунёд бошад,

Биё, соки, даре бикшо ба руяш,

Ба чоми бода бишкан орзуям,

Маро чун Сайидо маъмур гардон.

Диламро хонаи пурнур гардон.

Манзумаи мазкур дорои 25 байт буда, ба касида харобат дорад. Он дар шакли маснави эчод гардида, пешаи наччори ва чузъиёти он, лавозимоте, ки барои касби мазкур зарур аст ва худи наччор ва гайр мавриди тасвир карор дода мешавад.

Манзума дар бахри Хазачи мусаддаси махзуф ё максур таълиф шудааст, ки афъоли он чунин аст:

Яъне: мафоъилун, мафоъилун, фаъулун.

Интихои асар, дар хачми ду байт мурочиат ба сокиро дар бар мегирад, ки мохияти суфиёна дорад. Инчунин, дар байти охирин тахаллуси шоир омадааст.

Яъне шоир ба ин восита мехнатро васф мекунад, ахамияту мохияти ин ё он пешаро хеле бо чузъиёт баён менамояд. Масалан, аз пешаи наччор мунтахо хоса-макони ошикон бунёд мешавад, ки бе он на танхо инсон балки хама махлуки чондор эхтиёч ба хона дорад. Пас касби мазкур сазовори васфу ситоиш ва барои мардум аввалиндарача мебошад.

Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи бакколи сухан меравад ва он «Дар таърихи Хоча мирзочони баккол» унвон дораду аз 53 байто иборат буда, бо чунин матлаъ шуруъ мешавад:

Диламро бурда сарви чомазебе, Бихиштиталъате одамфиребе.

Манзумаи мазкур дар бахри Хазачи мусаддаси махзуф иншо шудааст ва афоъили он чунин аст:

^—ГУ—ГУ–

Яъне: Мафоъилун мафоилун, фаъулун.

Дар ин манмузма низ шахсияти баккол хамчун донандаи пешаи худ, аз хар чихат: хислату рафтор, гуфтору кирдор, муносибату муомила ва г. бо чузъиёти мехнати баккол, ороиши дукони у, воситахои мехнат ва тарзи коргирии бакколи сохибмаърифату донно ва дар кори худ тавоно, бо кули нозукихои кору фаъолияташ ситоиш карда мешавад. Баъзан баёни шоир оханги хазлу шухи ва хатто гохо каме чанбаи тамасхур низ мегирад. Шояд дар чунин холат шухчашмихои мардуми бозор дар симои чунин сохибхунарон мавриди тасвир карор дода мешаванд. Чунончи:

Зи санчидаш димоги лаъли хунбор,

Зи рангаш сурх гашта руи бозор,

Ё худ:

Ба чон парварда уро золи даврон,

Нихода номи уро Мирзочон.

ва г.

Ба хамин тарик, дар манзумахои дигари ба хунарварону сохибипешагон бахшидаи Миробид Сайидои Насафи, аз чумла: «Дар таърифи Хоча Мирзомухаммади Шустагар», «Дар таърифу тавсифи нонво», «Дар таърифи Хоча Шафеъи наккош», «Дар таърифу тавсифи шотир», «Дар таърифи кассоб» ва нихоят «Дар таърифи таштгар» касбхо, пешахо, хунархо, хирфатхо ва сохибони онхо бо хислату рафтор, гуфтору кирдор, муомилаву муносибат ва асрори хунарии эшон ва назокати кору фаъолияти онхо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи наккоширо («Дар таърифи Хоча Шафеъи наккош») ки боиси зебу зиннат ва ороиши хар як макон мегардад, чунин ба мушохида мегирад:

Гузорад пой бар хар остона,

Кунад он хонаро оинахона,

Ба килки худ намесозад ситамро, Кунад ангушти у кори каламро.

Ё худ дар манзумаи «Дар таърифи кассоб» чузъиёти пешаи мазкурро аз забони гусфанд меорад, ки барои забх омадаст ва аз он боке надорад, ки барои забх омадаст ва аз он боке надорад, зеро туъмаи халоли халифаи Чахонофарин шудан ормони интихони уст:

Ба дуконаш равам дар хун тапида,

Наяндешам зи сахрои бурида.

Агар хунам бирезанд, мотамам нест,

Зи поям гар биёвезанд, гамам нест.

Ё ин ки дар манзумаи дигари шоир, ки «Дар таърифу тавсифи нонво»- ном дорад, хунари нонвои ва кухантаърих будани он, кадршиноси дидани пешаи мазкур миёни насли инсон ба тасвир оварда шудааст. Шоир макони омодашавии нон-танурро бо усули тоза ва басо образноку шево ба мушохида мегирад:

Танураш сурхру аз оташи гул,

Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Умуман ашъори ба хунармандон бахшидаи Сайидо чанд чихати хоса дорад, ки онро таъкид намудан аз ахамият холи нест:

-Сайидо хам дар ашъори лирики, асари алохида ва шеърхои чудогона яъне бо се рох ба ин мавзуъ васфи ахли хунар ва пешаи онхо ру овардааст.

-Шоир анъанаи адаби, суннати эчодиро ба таври васеътар эхё намуда, дар хамин замина баъзе тозакорихо кардааст.

-Адиб ба ин восита эчоди бадеъро ба рузгори халк, ба ахли мехнат боз хам наздиктар намудааст.

-Таркиби лугавии забони адабии точикро дар асри XVII аз хисоби калимаву иборахои сохави нисбатан гани гардонидааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …