Главная / Чамъият / Мазмуни таъиноти кассатсиони

Мазмуни таъиноти кассатсиони

Моддаи 180-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури.  Мазмуни таъиноти кассатсиони 

  1. Дар таъиноти кассатсиони инхо бояд зикр гарданд:

– вакт ва махалли баровардани  таъинот;

– номи суд ва хайати коллегияи кассатсиони, ки таъинотро  баровардааст;

– шахсоне, ки зимни баррасии парванда дар суди мархилаи кассатсиони иштирок доштанд;

– шахсоне, ки шикоят ё эътирози кассатсиони арз намудаанд;

– мохияти шикоят ё эътироз;

– мазмуни кисми хулосавии карор ё таъиноте, ки аз он шикоят карда ё эътироз оварда шудааст;

– асосхои кабули карор дар суди мархилаи кассатсиони;

– карори суди мархилаи кассатсиони оид ба шикоят ё эътироз.

  1. Кисми баёнияи таъинот дарчи мухтасари вачххои шахсеро, ки шикоят кардааст ё эътироз овардааст, эродхои дигар шахсони иштирокчии суди мархилаи кассатсиони, инчунин асосхои кабул кардани карорро дар бар мегирад. Агар шикоят ё эътироз конеъ гардонида нашуда бошад, асосхое, ки тибки онхо шикоят ё эътироз беасос ё камахамият дониста шудааст, нишон дода мешаванд. Хангоми бекор  кардан ё тагйир додани карор нишон дода мешавад, ки талаботи кадом моддахои конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури ё мурофиаи хукуквайронкунии маъмури вайрон карда шудааст ва ин вайронкунихо аз чихо иборатанд, асосхое, ки тибки онхо чазои таъиннамудаи суди мархилаи якум гайриодилона эътироф шудааст. Дар сурати ба санчиши нав ва ё мухокимаи нави суди фиристодани парванда нишон дода мешавад, ки кадом вайронкунихои конун бояд бартараф карда шаванд. Дар айни замон суди мархилаи кассатсиони хукук надорад оид ба исботшуда ё исботнашуда будани кирдори хукуквайронкунии маъмури, оид ба хаккони ё нодурустии ин ё он далел ва бартарии як далел нисбат ба далели дигар, оид ба татбики конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури дар бораи чазо аз чониби суди мархилаи якум, дар бораи чораи чазо масъалахоро пешаки хал намояд.
  2. Таъинот дар хонаи машварати бароварда шуда, ба он хамаи хайати суд имзо мегузоранд ва пас аз баргаштани хайати суд аз хонаи машварати фавран эълон карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …