Главная / Чамъият / Мазмуни созишнома

Мазмуни созишнома

Моддаи 303-и Кодекси Мехнат. Мазмуни созишнома

  1. Мазмуни созишнома аз инхо иборатанд:

– ухдадорихо дар сохаи пардохти музди мехнат, хифзи мехнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

– ичрои мачмуи тадбирхои махсус оид ба хифзи ичтимоии ахоли, чорабинихо оид ба инкишофи бозори мехнат, таъминоти муфиди шугли ахоли, зиёд намудани хачми махсулот, аз чумла молхои ниёзи мардум ва кишоварзи;

– мукаррар намудани меъёрхои асосии сатхи зиндаги ва паст кардани сатхи камбизоати;

– мукаррар намудани имтиёзхо ва афзалиятхои иловаги ба ташкилотхо, корфармоёне (сохибмулконе), ки чойхои кории иловаги ташкил намуда, аз мехнати маъюбон, занон, чавонон, аз чумла наврасон истифода менамоянд;

– иштироки кормандон дар истифодабарии даромадхое, ки аз фуруши молу мулки ба моликияти давлати тааллукдошта ба даст меоянд;

– хифзи манфиати кормандон хангоми хусусигардонии фонди манзил;

– зиёд намудани хачми иловапулихои хусусияти чубронидошта, ки андозаи хадди акали онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст;

– таъмини амнияти экологи ва хифзи саломати;

– масъалахои таъминоти ичтимои ва сугуртаи ичтимои;

– бехтар намудани шароити хизматрасонии ичтимоии шахсоне, ки дар истехсолот кор мекунанд, дигар масъалахои ба сохаи рушди ичтимоию иктисоди ва муносибатхои мехнати вобаста, инчунин ухдадорихо оид ба пешгирии ихтилофоти мехнати ва корпартоихо, тахкими интизоми мехнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба раванди ичрои созишнома.

  1. Тарафхо инчунин метавонанд дар созишнома шартхои иловагиро мукаррар намоянд, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф набошанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …