Главная / Чамъият / Мазмуни шартномаи коллективи

Мазмуни шартномаи коллективи

Моддаи 309-и Кодекси Мехнат. Мазмуни шартномаи коллективи

  1. Мазмуни шартномаи коллективи мукаррароти зеринро дар бар мегирад:

– дар бораи ташкили мехнат;

-дар бораи шаклхо, низоми пардохти музди мехнат, мукофотпулихо, кумакпулихо, чубронпулихо ва пардохтхои иловаги;

– дар бораи андозахои тарифии маош ва маошхои вазифави (мансаби) вобаста ба касб, дарачаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити кори, ки онхо ичро менамоянд;

– дар бораи давомнокии вакти кори ва вакти истирохат;

– дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии мехнат, бехтар намудани хифзи саломати, кафолатхои сугуртаи тиббии аъзои коллективи мехнати ва оилахои онхо, дигар намудхои сугурта;

– дар бораи таъмини шугл, омодасозии кадрхо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;

– дар бораи танзими тартиботи дохилии мехнат;

– дар бораи тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияхои созиш оид ба барраси ва  халли бахсхои мехнатии коллективи;

– дар бораи тартиби огохонидани намояндагони кормандон ва гузаронидани машварат хангоми ба таври оммави озод намудани кормандон бо сабаби такмил додани ташкили кор, бархам додани ташкилот, пурра ва ё кисман аз кор бозмондани истехсолот.

  1. Дар шартномаи коллективи бо назардошти имкониятхои иктисодии ташкилот метавонанд шартхои дигар, аз чумла шартхои мехнати ва ичтимоиву иктисодии имтиёзнок дар мукоиса бо меъёрхо ва мукаррароти бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва созишномахо мукаррарнамуда (рухсатихои иловаги, иловапулихо ба нафака, чуброни харочоти наклиёт ва сафархои хизмати, таъмини хуроки ройгон ё кисман пардохтшавандаи кормандон дар истехсолот ва фарзандони онхо дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва муассисахои таълимии томактаби, имтиёзхо ва чубронпулихои иловагии дигар) чой дошта бошанд.
  2. Мазмуни шартномаи коллективиро тарафхо дар доираи салохияти худ муайян мекунанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …