Маздакнома

«МАЗДАКНОМА», «Маздакнома», «Китоби Маздак», китобест дар бораи таърихи огоз ва анчоми шуриши Маздак дар замони подшохи сосони Кубод. Муаллиф ва соли таълифаш номаълум. Нусхаи аслии он, ки ба забони форсии миёна таълиф шуда буд, то замони мо нарасидааст. Аз китобхои таърихии исломи бармеояд, ки «Маздакнома»-ро Ибни Мукаффаъ ба забони араби тарчума карда ва Обони Лохики матни онро ба назм дароварда буда аст.

Маздакнома китоби кухна

Дар чанде аз асархои таърихии ба забони араби ва форсии дари таълиф ёфта, аз чумла, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Форснома»-и Ибни Балхи мазмуни мухтасари «Маздакнома» накл ёфтааст. Мас., дар «Сиёсатнома» омадааст, ки Маздак гуё тафсири хакикии Авесторо дарёфта, афкору акоиди худро дар байни мардум пахн мекард ва онхоро гумрох менамуд. Киссаи Маздак дар ин чо аз нуктан назари идеологияи синфи хукмрони давр, ки ба хар як харакати озодихохона ва пешкадам назари бадбини дошт, таъбир шуда, Хакикати таърихи дар бораи Маздак ба шакли тахрифёфта ба хонанда пешкаш шудааст.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …