Маздакия

МАЗДАКИЯ, чараёни динию фалсафи дар Эрони асрхои 5—б, идеологияи харакати маздакиён дар давраи гузариш аз сохти гуломдори ба феодали. Бо номи асосгузори чараён ва рохбари харакати дехкони Маздак Бомдод машхур гаштааст. Маздак сараввал хамчун фиркаи монавия пайдо шуда, минбаъд чихатхои демократии ин таълимотро инкишоф дод. Мисли зардуштия ва монавия Маздакия низ равобити ду мабдаи кадим — хайру шарро асоси таълимоти худ каpop додааст. Мувофики таълимоти аздакия харакати зулмат ироди ва аз руи дониши кабли набуда, кур-курона, тасодуфист. Рушнои (нур) бошад аз руи ихтиёр ва ирода амал мекунад.

mazdakiya

Дар Маздакия олами модди хамчун натичаи омезиши ду мабдаи мазкур абади дониста шудааст. Максади нихоин такомули ин олам начоти хайр аст. Ин чихати таълимоти Маздакия ба акидахои Мони каробат дорад. Бар хилофи таълимоти монавия, ки нурро аз панч унсур (асир, насим, рушнои, об, оташ) медонист, Маздакия танхо се унсур — об, оташ ва хокро эътироф мекунад. Маздакия мавчудияти се унсури зулматро низ коил буда, акида дорад, ки мудаббири шарр аз он се унсур берун омадааст.

Мувофики тасаввуроти Маздакия чунон ки Хусрав (Хусрави I Анушервон) дар ин олам дар ихотаи чахор шахс (мубади мубадон, харбади хирбадон, симохбад ва ромешгар) аст, худо дар олами улви бар тахте дар хузури чахор кувва — тамиз, фахм, ифз, сурур менишинад. Ин чахор кувва умури оламро ба воситаи хафт ёвари худ (солор, пешкор, борвар, парвон, кордон, дастур ва ходим) ба чо меоранд. Хафт ёвар дар доираи дувоздах рухиёт — хонанда, диханда, ситонанда, баранда, хуранда, даванда, хезанда, кашанда, зананда, кананда, оянда ва поянда давр мезанад. Ба акидан маздаккиён ин чахор кувва дар хар одам чамъ буда, ёварон ва рухиёт дар олами сифли хукмфармоянд.

Маздакия таълим медихад, ки нур аз зулмат тасодуфан, бидуни касд ва ихтиёр рахо меёбад. Дар Маздакия рохи ягонан начот аз шарр ин аст, ки инсон тарики зухд ва тарки дунё пеша намояд, алокаи худро аз моддиёт кам ва аз хар чизе, ки ин алокаро мустахкам месозад, эътироз кунад. Муборизаи хайру шарр (рушионю торики) нихоят бо галабаи хайр бар шарр анчом меёбад. Маздакия истеъмоли гуштро манъ карда буд, зеро рехтани хуни хайвон гуё садди рохи начоти арвох мегардад.

Маздакия хамчун таълимоти динию ахлоки пайдо шуда, минбаъд ба харакати ичтнмоии оммахои васеи чамъият бар зидди аъёну ашроф табдил ёфт. Мувофики таълимоти ичтимоии Маздакия хама одамон баробар офарида шудаанд, ки аз ин ру, таксими нобаробари давлату сарват, инчунин серзании баъзехо ва безании дигарон беадолатии махз аст: Сабаби мухолифат кину адоват, нобаробарии одамон дар чамъият мебошад. Бинобар ин нобаробари ва кину адоват бояд аз байн бардошта шавад ва мусовот баркаpop гардад. Барои ба амал баровардани он дар чамъият тамомн сарватхои модди бояд чамъияти ва хама аъзоёни чамъият имконияти истифодаи баробар аз онхоро дошта бошанд.

Мувофики таълимоти Маздакия сарватмандон зуран, хилофи адолат сарвати оламро аз худ кардаанд, дар сурате, ки камбагалон низ баробари онхо ба сарватхои модди хукук доранд. Барои тантанаи баробарию адолат моликияти боёнро тороч ва дар байнн омма аз руи адлу инсоф таксим кардан зарур аст. Моликият бояд мислн оташ, об, чарогоххо дастраси умум бошад. Ин даъватн Маздакияро оммаи халк писандида ба муборизаи зидди аъёну ашроф бархост ва таксими молумулки онхоро пеша кард. Маздакия хама гуна катлро зухурн шарр медонист (хатто кушгтани хайвон манъ буд), вале хунрезиро дар муборизаи зидди шарри чамъияти хак мебаровард.

Дар Маздакия баробари ба маънои таксими одилона ва якхелаи сарватхои модди фахмида мешуд. Талаби баробарии Маздакия «…аксулчавоби стихиявиест ба мукобили нобаробарихои токатгудози ичтимои, ба мукобили тазоди байнн боён ва камбагалон, байнн хочахо ва кредостнонхо, ишкампарастон ва гуруснагон» (Энгельс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1976, сах. 107). Дар таълимоти Маздакия талаби таксими баробари сарватхои модди назария ё талаби хушк набуда, он дар амал гузаронда мешуд. Бо даъвати Маздак оммахои халк ба хонахои сарватмандон хамла оварда, манзилу боигарии онхоро тамаллук мекарданд. Гайр аз ин Маздакия ба никохи озоди байни аъзоёни чамъият даъват намуда, то андозае баробархукукии занону мардонро баркарор кардан мехост.

Бо максади мубориза бар зидди ашрофон, ки хокимияти шохиро махдуд кардан мехостанд, шох Кубоди (488—531) харакати маздакиёнро дар аввал дастгири намуд. Минбаъд байни маздакиён ва Кубоди I мухолифат ба амал омад ва бо розигии у солхои 528—29 писараш Хусрави. I Анушервон пайравони Маздакияро катли ом кард,

Гояхои Маздакия ба афкори чамъиятию сиёсии баъдина таъсири зиёд расонд. Таълимоти Маздакияро яъне фиркахои бидъатии нислом, алалхусус, гуррамия истифода намуданд, Таълимоти Маздакия оид ба баробарии ичтимои ливои идеологии шуришхои халки бо рохбарии Муканиаъ, Бобак ва дигарон буд. Маздакия дар Гарб низ нуфузи зиёд дошта, ба ташаккул ва инкишофи фиркахои масехи аз кабили богомилхо, катархо ва альбигойхо таъсир расонидааст. Чараён ин фиркахои маздаки то асрхои 15—16 вучуд доштанд.

Ад.: Солодухо Ю. А., Движение Маздака, ВДИ, 1040. Л» 3—4; Пигулевская Н. В., Маздакитское движение, «Изв., АН СССР», сер. ист. и филос., 1044, М 4; хамон муалл., Города Ирана в раннем средневековье. М.. 1056; Семенов А. А., Маадакиэм, дар кит.: Вопросы истории религии и атеизма, т. 5, М., 1058; Сулаймони А. Ю . Маздакитское движение и вопросы семьи, Баку, 1063; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средиевековая история, М., 1072; КImа О., Mazdak, Praga, 1057.

А. Шарифов.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …