Главная / Гуногун / Маслихате сулх

Маслихате сулх

Соле Мухаммади Хоразмшох бо Хито аз бораи маслихате сулх ихтиёр кард. Ба чомеи Кошгар даромадам, писаре дидам ба хубию хусн ба гояти эътидол ва нихояти чамол, чунон ки дар амсоли у гуянд:

Муаллимат хама шухию дилбари омухт,
Чафову нозу итобу ситамгари омухт.
Ман одами ба чунин шаклу хую каду равиш,
Надидам, магар ин шева аз пари омухт?!

rukopozhatie-2Мукаддимаи «Нахви» Замахшари дар даст дошт ва хамехонд.
Гуфтам: Зараба Зайдун Амран ва кони-л-мутаадди Амран (Зад Зайд Амрро ва «Амр» гузаранда буд).
– Эй писар, Хоразму Хито сулх карданду Зайду Амрро хамчунон хусумат бокист?!
Бихандиду мавлидам пурсид. Гуфтам:
– Хоки Шероз.
Гуфт:
– Аз суханони Саъди чи дори?
Гуфтам:
«Табъи туро то хаваси нахв кард,
Сурати сабр аз дили мо махв кард.
Эй дили ушшок ба доми ту сайд,
Мо ба ту машгулу ту бо Амру Зайд.

Бомдодон ки ба азми сафар мусаммим шудам, гуфта будандаш, ки фалон Саъдист. Давон омаду талаттуф карду таасуф хурд, ки чандин муддат чаро нагуфти, ки «Манам Саъди», то шукри кудуми бузургонро миён ба хидамат бубастаме?!
Гуфтам:
– Бо вучудат зи ман овоз наёмад, ки манам?
Гуфто:
– Чи шавад, гар дар ин хита чанде баросои, то ба хидмат мустафид гардем?
Гуфтам:
– Натавонам ба хукми ин хикоят:

Бузурге дидам андар кухсоре,
Каноат карда аз дунё ба горе.
Чаро, гуфтам, ба шахр андар наёи,
Ки боре банде аз дил баркушои?
Бигуфт: «Он чо парируёни нагзанд,
Чи гул бисёр шуд, пилон билагзанд!»

Ин бигуфтаму буса бар сару рухи якдигар додем ва видоъ кардем.
Буса додан ба руи дуст чи суд,
Хам дар он лахза карданаш падруд?
Себ гуи видои ёрон кард,
Руй аз ин нима сурху з-он су зард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

1pifagor0

Хаким ва чохил

Хакиме, ки бо чуххол дарафтод, таваккуи иззат надорад ва агар чохиле ба забоновари бар хакиме …