Дар давлати хукукбунёд давлат ва шахрванд дар назди хамдигар одатан масъулияти (чавобгарии) баланд доранд. Тавре ки дар к.3 моддаи 5 Конститутсияи Чумхурии Точикистон омадааст, давлат на танхо хукуку озодихои инсон ва шахрвандро эътироф мекунад, балки ухдадор аст, ки онхоро риоя ва хифз намояд. Хамзамон давлат ва хамаи макомоти он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиходияхои онхо вазифадоранд Конститутсия ва конунхои кишварро риоя ва ичро намоянд (моддаи 10 Конститутсия). Агар ба шахс дар натичаи амали гайриконунии макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси ва ё шахсони алохида зарари модди ва маънави расонида шавад, ин зарар бояд аз хисоби онхо мувофики конун руёнида ё чуброн карда шавад.
Меъёри зикршудаи конститутсиони дар моддахои алохидаи конунгузории амалкунанда тачассуми худро меёбад. Аз чумла, дар моддаи 16 Кодекси граждани омадааст: «Зиёне (зараре), ки дар натичаи амали (беамалии) гайриконунии макомоти давлати, макомоти хокимияти махалли ё мансабдорони ин макомот, инчунин дар натичаи кабули санади хилофи конун ё санади дигари хукукии макомоти давлати ё макомоти хокимияти махалли ба шахрванд ё шахси хукуки расонида шудааст, бояд аз чониби Чумхурии Точикистон ё макомоти дахлдори он чуброн карда шавад».
Хамин тартиб, доираи амали макомоти давлати, суд ва прокуратура ва дигар макомот низ дар доираи конун махдуд карда шудааст. Онхо мисли хамаи шахрвандон ба конун итоат менамоянд ва барои рафтори зиддихукукии худ дар назди конун чавобгаранд.
Хамзамон шахрванд низ барои рафтори зиддихукукии худ дар назди дигар шахсон, давлат ва чомеа чавобгар мебошад. У низ вазифадор аст ухдадорихое, ки Конститутсия ва дигар конунхо мукаррар намудаанд, риоя ва ичро намояд. Риояи Конститутсия ва дигар конунхо, эхтироми хукуки озоди ва шаъну шарафи дигарон, хифзи Ватан, пардохти андозхо ва гайрахо аз чумлаи ухдадорихои шахрванд мебошанд, ки барои риоя накардани он шахс ба чавобгари кашида мешавад.