Моддаи 24-и Кодекси оила. Масъалахое, ки суд хангоми кабули халнома дар бораи бекор кардани акди никох хал менамояд
- Хангоми ба тарики суди бекор кардани акди никох зану шавхар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онхо зиндаги кардани фарзандони ноболиг, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблаг барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавхари гайри кобили мехнати эхтиёчманд, дар хусуси хачми ин маблаг ё таксимоти молу мулки зану шавхар барои тасдики суд пешниход намоянд.
- Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавхар оид ба масъалахои дар кисми 1 хамин модда зикрьёфта, инчунин агар мукаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавхарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:
– муайян намояд, ки фарзандони ноболиг пас аз бекор кардани никох бо кадоме аз падару модар зиндаги мекунанд;
– муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;
– бо талаби зану шавхар (яке аз онхо) молу мулки дар тахти моликияти муштараки онхо карордоштаро таксим намояд;
– бо талаби зан ё шавхаре, ки аз хамсари худ ба гирифтани таъминот хукук дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.
- Хангоми бекор кардани акди никохе, ки яке аз тарафхо шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини ичрои ахдномаи никохро мавриди барраси карор дихад. (КЧТ аз 25.03.11с. №710)
- Дар мавриде, ки агар таксими молу мулки ба манфиатхои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад такозои таксими молу мулкиро ба истехсолоти алохида чудо кунад.