Главная / Илм / Мармарак

Мармарак

marvak-2-560x330Мармарак ё худ Марвак ва ё Кампиргулак (русс. Шалфей) — ин гиёхи яксола ва ё бисёрсолаи намудхои гуногун дорад, бехтарини хамааш навъи хушбуйи он аст. Тухмаш монанди тухми загир, бинобар ин инро дар баъзе махалхо точикон зигирак (загирак) хам мегуянд. Мизочи навъи хушбуяш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Мизочи навъхои дигараш ба гиёх ва хоси онхо вобаста мебошад.

Дар шахри Душанбе ин марвакро дар кучаву хиёбонхо мекоранд ва бахусус дар боги А. Рудаки —  назди Касри Миллат.

Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумии он: ракиккунандаи моддахои гафс, тахлилдихандаи бод ва балгам аст, инчунин парокандакунандаи бодхо ва кушояндаи гиреххои бадан мебошад. Оби барги онро бо шири занон даромехта, дар гуш чаконанд, дардашро таскин медихад ва агар дар бини чаконанд, дардхои сарро хох аз гарми бошанд ё аз сарди, шифо мебахшад.

Мармараки хушбуйро бибуянд, дарди сар меоварад, хусусан шароб нушида, буй кашанд, ин хислаташ зиёдтар зохир мегардад. Ошомидани ин рудахоро кави мегардонад ва меъдаро кувват мебахшад, истиско ва бодхои дарунро дафъ месозад, пешобро меронад, арак меоварад, балгами меъдаро тахлил медихад ва дардхои онро сокин мегардонад.

Чун касони гирифтори иллати истиско барг ва тухми онро, ки монанди тухми загир аст, хар руз 7 грамм аз он бо хамин микдор шакар ба дили нахор бихуранд, оби ин бемориро хушк мекунад ва ба воситаи пешоб ва арак доимо дафъ менамояд.

Чун тухми онро бирён карда, бо равгани бодоми ширин чарб намуда бихуранд, харошида шудани сатхи даруни рудахоро шифо мебахшад, инчунин исхоли хунинро мебандад, вале агар бирённокардаи онро бихуранд, балгамро ба воситаи исхол дафъ мекунад. Низ бирёнкардаи онро бо тухми туршак (щавель) бихуранд, исхоли хунин, захм ва харошида шудани сатхи даруни рудахоро дармон мешавад.

Инро куфта гузошта банданд, варамхои сахт, пучак ва чиртакхоро мепазонад. Табиби машхури бостони Мухаммад Закариё мизочи тухми мармаракро дар дарачаи дувум гарм ва дар якум тар донистааст.

Мегуянд, ки чун бар тухми мармарак андак-андак об рехта, бо ангушт бимоланд ва луоби онро бо каме равгани ёсамин даромехта, се руз пай дар хам ба дили нахор бихуранд, шарои (аллергияи) савдовиро батамом дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …