Главная / Илм / Марчон дар Канзи Шифо (Китоб)

Марчон дар Канзи Шифо (Китоб)

www.Bijuteria-online.com

Марчон (русс. Корал)- ин чисмест сахт, монанди дарахт поя ва нах дорад, ки намудхои сурх, сафед ва сиёх дорад — дар зери об аз замин меруяд ба баландии то як метр ва зиёда низ. Шоххояш барг ва самар надоранд. Бехтарини он китъахои бузурги сурхранг, ялаккоси, бесурох ва камгирехи он аст. Баъд аз он сафеди бо сифатхои ном- бурдаи он маком дорад. Сиёхи он заифтарин навъи он мебошад.

Шох ё дарахти марчонро рузона аз мобайни сангхои зериоби дар як катор бахрхо берун меоваранд. Баъди берун овардан нури офтоб ва хаво ба он таъсир карда, сахт мегардад. Агар ин дар чохои чукури бахр руида бошад, чангакхоро ба расанхо баста, дар зери об ин тарафу он тараф харакат медиханд, то он ки марчон ба онхо дармонад ва хамин тавр боло кашида канда мегиранд. Агар ин дар оби он кадар чукур набошад, гаввосон даромада, аз чояш канда берун меоваранд.

Мизочи марчон дар дарачаи дувум сард ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: марчон хусусиятхои фарах бахшидан, кабзият кардан, хушк гардонидан дорад.

Хурдани он васвос, девонаги, саръ (припадка), дилтапак (дилбози), сустии меъда ва вайрои шудани иштихоро дафъ мекунад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; барои беморихои сипурз даво мешавад, бавосирро нафъ дорад; хун кай кардан, хунравихои дигари гуногун, исхоли хунин аз чигар ва аз хар узви дохили, ки бошад ва инчунин захмхои сатхи даруни рудахоро дафъ мекунад.

2,25 грамми онро соида, бо нисфи вазни он шилми бодомро бо сафедаи тухми мург сиришта, бо оби хунук бинушанд, хунравихо ва хун кай карданро ба ибро меоварад, кутурро шифо мебахшад (агар марчонро сухта, дар ин таркиб дохил кунанд, боз хам хубтар аст) ва хуни дар дил шахшударо тахлил медихад.

Марчонро соида бипошанд, гушти зоиди захмхоро мехурад ва догхои захмхоро аз пуст дафъ мекунад. Инчунин марчонро сухта бипошанд, хунравихоро аз узвхои беруни бадан манъ мекунад ва агар инро ба дандон бимоланд, дандонро мустахкам ва зардии онро дафъ мекунад.

Марчонро сухта, дар об шуста, баъд хушк карда, чун сурма ба чашм кашанд, обилахо, обрави, кутур, шиллуки ва монанди ин иллатхои чашмро шифо мебахшад ва инчунин чашмро кави мегардонад. Агар онро бо равгани баласон даромехта, дар гуш чаконанд, гарони ва карии гушро сихат мекунад.

Хаким Аминуддавла гуфтааст, ки чун се руз хар руз 2 грамми онро бо сиканчабин бинушанд, варами сипурзро тахлил медихад ва гирехи даруни онро мекушояд. Ва агар сухтаи онро бо об биёшоманд, дар ин амал кавитар мегардад.

Махлули марчонро биёшоманд, иллати махавро шифо мебахшад. 3,5 грамм аз марчони соида биёшоманд, бар зидди тамоми захмхо тарёк мебошад. Агар онро бар меъда биёвезанд, хамаи иллатхои меъдаро нафъ дорад, тарс ва хавфи кудаконро дар хангоми хоб дафъ мекунад.

Вале истеъмоли марчон ба дарун барои гурда зарар дорад ва дилро бехузур (бечо) мекунад. Давои ин зарархояш катиро хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз марчон дар як руз то 4,5 грамм аст.

Яке аз хусусиятхои марчон он аст, ки чун тилло ва нукраро аз хар як ба микдори марчон дархам гудохта, ангуштарини бо нигин аз он тартиб дода, марчонро ба нигини он чо диханд, дар вакте ки Мох ва Офтоб дар хадди интихо ва худ мукоранат (наздикшави) ба сайёраи Зухра дошта бошад, гирифтори иллати саръ онро бо худ нигох дорад, дархол иллаташ бартараф мегардад; инчунин дорандаи он ангуштарро харгиз гаме намерасад.

Марчони сиёхи сухтаи шусташуда барои дил, ки заиф бошад, багоят кувватбахши дорад. Дар омади гап, тарики сухтани марчон ин аст. Марчонро реза-реза карда, дар кузаи сафолин андохта, даханашро бо гили хикмат ё бо гили бута махкам карда, як шаб дар танури тафсон гузоранд. Пас бароварда соида, истеъмол намоянд. Шарташ хамин, ки дар танур набояд сухта монанди хокистар гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …