Главная / Илм / Маориф ва илм дар Точикистон

Маориф ва илм дар Точикистон

Дар давраи хисоботи дар чумхури 615 муассисаи тахсилоти томактаби фаъолият менамоянд, ки дар онхо 93053 нафар кудак (аз чумла 41423 духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.  Тахлилхо нишон медиханд, ки дар  шахру нохияхои чумхури дар соли 2015-ум  18 адад, соли 2016-ум  22 ва дар соли 2017-ум 12 муассисаи тахсилоти томактаби таъсис дода шудааст, ки аз он 11 муассиса хусуси мебошад.

Дар муассисахои томактаби ва марказхои инкишофи кудак 136719 нафар, аз чумла 61279 духтар ба таълиму тарбияи томактаби фаро гирифта шудааст. Бо ин вазъ ичрои талаботи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 ва СМР-2030 мушкил ва гайриимкон мебошад. Зеро тибки талаботи санади мазкур бояд фарогирии кудакони синни томактаби то соли 2020  ба 30 фоиз расонида шавад.

мактабДар чумхури «Барномаи рушди муассисахои тахсилоти томактаби ва миёнаи умумии хусуси барои солхои 2014-2020» афзалият ва самтхои асосии дастгири ва рушди хамкории давлат ва бахши хусуси дар сохаи маорифро муайян намуда, бо кумак ва дастгирии бевоситаи хукумат ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар шахру нохияхо муассисахои таълимии тахсилоти томактабии гайридавлати (хусуси) сохта ба истифода дода мешаванд. Танхо дар 17 шахру нохия муассисахои таълимии томактабии хусуси таъсис дода шуда, дар 51 шахру нохияи чумхури талаботи Барномаи мазкур ичро нагардидааст. Аз теъдоди умумии 496 муассисаи тахсилоти томактабии хусусии тибки Барнома дар муддати 4 сол ба накша гирифташуда хамаги 71 муассисаи томактабии хусуси ташкил карда шудааст, ки 14,3 фоизи ичрои Барномаро ташкил медихад.

Ба холати имруза дар чумхури 92 муассисаи томактабии хусуси фаъолият менамояд, ки аз чумла 39 муассиса дар шахри Душанбе, 44 муассиса дар вилояти Сугд, 2 муассиса дар вилояти Хатлон, 6 муассиса дар нохияхои тобеи чумхури  ва 1 муассиса дар ВМКБ ба кайд гирифта шудааст.

Дар давраи хисоботи теъдоди хонандагон дар муассисахои тахсилоти умуми 1906304 нафар, (914498 нафар духтарон)-ро ташкил медихад, ки нисбат ба соли гузашта 68542 хонанда, аз чумла 36546 духтарон зиёд мебошад.

  Муассисахои тахсилоти миёнаи касби дар чумхури 71 ададро ташкил дода, аз ин теъдод 15 адади онро коллечхои  гайридавлати ташкил медиханд. Дар соли тахсили 2018-2019 ба муассисахои тахсилоти миёнаи касби дар мачмуъ тибки накша 20887 чой пешбини гардида, аз ин 13699 нафар кабул гардиданд, ки ин ба 65,5 фоиз баробар мебошад.

Тибки маълумоти пешаки дар соли тахсили 2018-2019 ба муассисахои тахсилоти олии касби тибки накша 46957 чой пешбини гардида, ичрои он  42047 нафарро ташкил медихад, ки он ба 89,5 фоиз баробар аст.

Инчунин дар соли тахсили 2018-2019 ба муассисахои тахсилоти олии касби 2050 нафар шахрванди хоричи, аз чумла 54 нафар ба гурухи бучети ва 1996 нафар ба гурухи шартномави кабул карда шуд.

Дар мачмуъ дар нух мохи соли 2018 дар доираи созишномахои хамкори миёни Точикистон ва кишвархои хоричи 2418 нафар шахрвандони Точикистон, аз руи ихтисосхои ба иктисодиёти миллии кишвар зарур, барои тахсил ба муассисахои тахсилоти оли ва илмии давлатхои хоричи фиристода шудаанд. Аз ин шумора, 2087 нафар ба таври бучети ва 331 нафар ба таври шартномави ба тахсил фаро гирифта шудаанд.

 Ба зинаи магистратура дар соли хониши 2018-2019-ум 619 нафар дар гуруххои бучави ва дар гуруххои шартномави 1282  нафар кабул гардидаанд, ки дар мачмуъ 1901 нафарро ташкил медиханд. Магистрантони кабулгардидаи муассисахои тахсилоти олии касби ва илмии чумхури  айни замон ба тахсил фаро  гирифта шудаанд. Дар ин замина гуфтан бамаврид аст, ки аз 4828 нафар хатмкунандаи зинаи магистратураи соли тахсили 2017-2018, ки  1264 нафарашон дар гуруххои бучави тахсил доштанд, танхо 226 нафар ба зинаи докторантура аз руйи ихтисос (PhD) барои идомаи корхои илми-тахкикоти хуччат супоридаанд. Пас аз ин, маълум мегардад, ки на хамаи тахсилкунандагони зинаи магистратура максади навиштани корхои илми-тахкикотиро доранд.

Айни замон, дар Чумхурии Точикистон 22 адад шурохои дессертатсионии Федератсияи Россия фаъолият менамоянд. Дар шурохои мазкур то имруз 93 нафар рисолахои илмии худро дифоъ намудаанд. Аз ин теъдод, 8 рисолаи доктори, аз он 2 нафар зан, хамзамон, 85 рисолаи номзади дифоъ шудааст, ки аз он 27 нафарашро занон ташкил медиханд.

Дар нух мохи соли 2018 олимони  Академияи илмхо тахкикотро аз руйи 98 мавзуъ, аз чумла 57 мавзуи илми-тахкикотии бунёди, 23  мавзуи илми-тадкикотии амали ва 18 мавзуи илми-тахкикотии бунёдию амали идома дода, натичахои назаррас ба даст оварданд.

Дар нух мохи соли 2018, дар 22 шурои диссертатсионии амалкунандаи Чумхурии Точикистон хамаги 127 рисола, аз чумла 11 рисолаи доктори ва 116 рисолаи номзади дифоъ карда шуд. Аз шумораи умумии дифоъкардагон 5 шахрванди Чумхурии исломии Эрон, 1 шахрванди Чумхурии Казокистон ва як шахрванди Чумхурии Исломии Афгонистон мебошанд.

Хамзамон, дар ин давра дар шурохои диссертатсионии чумхури  33 рисола, аз чумла 5 рисолаи доктори ва 28 рисолаи номзади дифоъ карда шудаанд.

Инчунин дар нух мохи соли 2018 дар Муассиса, кабули хисоботхои ба анчом расидаи корхои илми-тахкикоти ва тачрибави конструктори 56 ададро ташкил дода, 76 корхои илми-тахкикоти ва тачрибави конструктори ба кайди давлати гирифта шуданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …