Главная / Гуногун / Мансабдороне, ки дороии худро пинхон мекунанд, аз маком барканор мешаванд

Мансабдороне, ки дороии худро пинхон мекунанд, аз маком барканор мешаванд

Аз ин ба баъд дар Точикистон мансабдоронро барои пинхон кардани сарвату дороихояшон аз маком барканор хоханд кард. Чунин мукаррарот аз тарафи хукумат ба порлумон пешниход шуда, Шурои Мачлиси Намояндагон рузи 3-юми сентябр аз он чонибдори намудааст. Бар асоси ин мукаррарот, мансабдорон муваззаф хастанд, на факат ба Кумитаи андоз, балки ба рахбарияти худ низ дар бораи дороихои худ гузориш диханд.

Пинхон кардани дорои – далел барои барканори

Масъулони хадамоти матбуоти Мачлиси Намояндагон мегуянд, тагйироти нав ба хотири такмил ва шаффоф кардани эъломияи даромади мансабдорон тахия шудааст. Онхо аз ин бештар шарх надоданд.

Аммо як намояндаи порлумон ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озоди гуфт, “мансабдорон бояд дар бораи тамоми даромадхои худ: молу мулки гайриманкул, пасандозхои бонки, когазхои киматбахо, карзхои хачмашон беш аз 25 хазор сомони ва дар бораи молу мулки аъзои оила эъломия пешниход кунанд”, – гуфт хамсухбати мо.

Манбаъ афзуд, “дар сурати пешниходи маълумоти бардуруг дар бораи дороихои худ ё саркаши аз он, шахси мансабдор аз маком барканор мешавад”.

Маълумот дар бораи дороии мансабдорони точик ба истиснои холатхои алохида ошкор намешавад ва шахсони оди намедонанд, кадом мансабдор дар кишвар чи кадар сарват дорад. Хол онки дар кишвархои гарби ва баъзе аз кишвархои Шуравии собик чунин маълумот боз мебошанд.

Масъулин мегуянд, мукаррароти нав ба конуни зидди фасод бо хадафи ичрои тавсияхои FATF ва ичрои Стратегияи муковимат бо фасод дар Точикистон пешбини шудааст.

Эъломия танхо барои “галочка”?

Аммо бархе кормандони идорахои давлати мегуянд, пур кардани эъломия дар аксар холат ба хотири “галочка” сурат мегирад. Як хамсухбати мо, ки дар хукумати нохия кор мекунад, гуфт, “хамасола аз андоз як “бланка” оварда медиханд, ки пур кунед. Хар кас ба инсофи худаш вобаста аст, ки чи кадар менависад. Касе боре хам тафтиш накардааст, ки маълумоти дарчшуда дуруст аст ё не”, – гуфт хамсухбати мо.

Дар хамин хол, коршиносон мегуянд, бояд дар Точикистон чунин низоме мукаррар шавад, ки муайян кунад мансабдор баъди ба сари кор омадан чи амволеро сохиб шудаанд. Як тахлилгари точик гуфт, “вакте бархе афрод ба идорахои давлати ба кор меоянд, як мошини тамгаи “Опел” доранд, аммо баъди як-ду сол сохиби “Порше” мешванд. Бояд пурсида шавад, ки шахси мансабдор чи гуна ба ин сохиб шудааст?”

Мубориза бо фасод дар Точикистон хамеша мавриди интикоди созмонхои байналмилали будааст. Аз чумла, аз он интикод мешавад, ки муборизони рохи фасод дар кишвар худ баъзан бо чунин иттихомхо боздошт мешаванд. Соли гузашта беш аз дах корманди Очонсии зиддифасод боздошт ва ба зиндон махкум шуданд.

“Чи хонаву дар доштед, чи моликият доштед ва хозир чи?”

Зимнан дороихои мансабдорони точик давоми се соли охир зери заррабин карор гирифтааст. Ин кор пас аз он шуруъ шуд, ки раиси чумхур Эмомали Рахмон дар чаласаи Шурои амният дар соли 2015 аз дороихои хангуфти макомдорони хифзи хукук ба тунди интикод кард. Раиси чумхур дар ин чаласа хитоб ба кормандони Додситонии кулли Точикистон гуфта буд, як бор ба гузаштаи худ назар кунанд, ки дар кучо буданд ва ба кучо расиданд.

Аммо бо онки эъломияи дороихои мансабдорон аз чашми матбуот ва чомеа пинхон мондааст, дар Точикистон баъзе аз сокинон медонанд, ки кадом касру кушк ба кадом мансабдор ва кадом ширкат ба одамони кадом вазиру раис марбут аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …