Моддаи 6-и Карори шахрсози. Манфиатхои чамъият, давлат, шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи шахрсози
- Манфиатхои чамъият, давлат, шахсони вокеи ва хукуки аз фарохам овардани шароити мусоиди зиндаги ба сокинони махалхои ахолинишин, рох надодан ба таъсири зараровари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба мухити зист, бехтар намудани вазъи экологи, рушди инфрасохтори мухандиси, наклиётию ичтимоии махалхои ахолинишин ва худудхои ба онхо хамшафат мухофизати объектхои мероси фарханги тавассути шахрсози иборат мебошад.
- Манфиатхои давлат дар сохаи шахрсози, ин фарохам овардани шароити мусоид барои рушди устувори махалхои ахолинишин ва худудхои байни махалхои ахолинишин, фаъолияти инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимои, хифзи захирахои табии, хифз намудани объектхои мероси фарханги ба хисоб меравад.
- Мувофикати манфиатхои чамъият ва давлатро дар сохаи шахрсози макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои чамъияти таъмин менамоянд.
- Ба манфиатхои шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи шахрсози манфиатхое дохил мешаванд, ки ба амали намудани фаъолияти шахрсози алокаманданд.
- Фаъолияти шахрсозии шахсони вокеи ва хукуки дар холате махдуд карда мешавад, ки агар он ба амалишавии хукук ва манфиатхои конунии сохибмулкон, истифодабарандагони китъахои замини хамшафат ва дигар молу мулки гайриманкул монеъ шавад.
- Манфиатхои чамъият, давлат, шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи шахрсози бо роххои ичро кардани талаботи меъёру коидахои шахрсози, санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, хуччатгузории шахрсози, инчунин амали намудани назорати ичрои онхо таъмин карда мешаванд.
- Дар сурати ба манфиатхои чамъият, давлат, шахсони вокеи ва хукуки мухолиф будани фаъолияти шахрсози, чунин фаъолият бояд катъ карда шавад.