Главная / Чамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 107-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз ин даромади умуми барои давраи андоз мебошад, ки ба маблаги тарххои мукарраркардаи Кодекси мазкур кам карда шудааст, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи кисми 4 хамин модда.
  2. Даромади умумии резидент аз даромадхое иборат мебошад, ки хамин шахс дар давоми давраи андоз дар Чумхурии Точикистон ва берун аз худуди он гирифтааст (бояд гирад).
  3. Даромади умумии гайрирезидент, ки фаъолияташро дар Чумхурии Точикистон тавассути муассисаи доими амали менамояд, аз даромадхои ба фаъолияти муассисаи доими алокаманд иборат мебошад, ки хамин шахс гирифтааст (бояд гирад).
  4. Манбаи андозигайрирезидентаз даромади умумии аз манбаъхои дар Чумхурии Точикистон бадастовардаи у, ки ба муассисаи доимиаш алокаманд нест, иборат мебошад.
  5. Барои максадхои андоз аз фоида инхо даромад хисобида намешаванд:

– арзиши  молу мулке, ки ба сифати хиссаи сахм ва (ё) сахм дар сармояи оинномавии андозсупоранда гирифта шудааст;

– кумакхои молиявие (субсидияхое), ки муассисахои давлатии фарханги то 1 январи соли 2018 аз хисоби маблагхои бучети барои нигохдории фаъолияти худ мегиранд (КЧТ аз 18.03.15с., №1188);

-маблаги пуле, ки андозсупоранда – эмитент аз пахнкунии сахмияхои баровардааш гирифтааст.

  1. Барои хар як намуди даромадхое, ки нисбат ба онхо меъёрхои гуногуни андоз мукаррар шудаанд, манбаи андоз алохида муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …