Главная / Гуногун / Малик – хикоя

Малик – хикоя

Малик Завзанро хочае буд каримуннафс, некмахзар, ки хагинонро дар мувочаха хидмат карди ва дар гайбат накуи гуфти. Иттифокан аз у харакате дар назари султон нописанд омад, мусодира фармуд ва укубат кард. Сархангони малик ба савобики мехнати у муътариф буданд ва ба шукри он муртахан. Дар муддати тавкили у рифку мулотифат карданди вазъ ачру муокабаи раво надоштанди.

Сулх бо душман агар хохи, хар гах ки туро
Дар кафо айб кунад, дар назараш тахсин кун.
Сухан охир ба дахон мегузарад музиро,
Суханаш талх нахохи, даханаш ширин кун.

Он чи мазмуни хитоби малик буд, аз ухдаи баъзе бадар омад ва ба бакияте дар зиндон бимонд. Яке аз мулуки навохи дар хуфя паёмаш фиристод, ки мулуки он тараф кадри чунон бузургворе надонистанд ва ё беиззати карданд. Агар раъи азизи фалон, ахсануллох, хулоса ба чониби мо илтифот кунад, дар риояти хотираш хар чи тамомтар саъй карда шавад ва аъёни ин мамлакат ба дидори у муфтахаранду чавоби ин харфро мунтазир. Хоча бар ин вукуф ёфт ва аз хатар андешиду чавобе мухтасар, чунон ки маслихат дид, бар кафои варак набишт ва равон кард. Яке аз мутааликон вокиф шуд ва маликро эълом кард, ки фалонро ки хабс фармуди, бо мулуки навохи муросилат дорад. Малик ба хам баромад ва кашфи ин хабар фармуд. косидро бигрифтанд ва рисолатро бихонданд, набишта буд, ки «хусни зани бузургон беш аз фазилати мост ва ташрифи кабуле, ки фармудаанд, бандаро имкони ичобат нест ба хукми он, ки парвардаи неъмати ин хонадон аст ва ба андак моя тагйири хотир бо валинеъмат бевафои натавон кард.

Онро, ки барои туст хар дам караме,
Узраш бинех, ар кунад ба умре ситаме.

Маликро сирати хакшиноси аз у писанд омад ва хилъату неъмат бахшиду узр хост, ки хато кардам, ки уро бегунох биёзурдам.
Гуфт:
– Эй худованд, банда дар ин холат мар худовандро хатое намебинад, балки такдири худованди таоло чунин буд, ки ин бандаро макрухи бирасид. Пас, бадасти ту авлотар, ки савобики неъмат бар ин банда дори ва аёдии миннат. Ва хукамо гуфтаанд:

«Гар газандат расад зи халк, маранч,
Ки ин рохат расад зи халк на ранч.
Аз худо дон хилофи душману дуст,
Ки дили хар ду дар тасарруфи уст.
Гарчи тир аз камон хаме гузарад,
Аз камондор бинад ахли хирад».

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …