Главная / Гуногун / Малик бо писараш

Малик бо писараш

Яке дар санъати гушти гирифтан саромада буд, сесаду шаст банди фунун бидонисти ва хар руз ба навъе аз он гушти гирифти, магар гушаи хотираш ба чамоли яке аз шогирдон майле дошт, сесаду панчоху нух бандаш даромухт магар як банд, ки дар таълими он дафъ андохти ва таъхир карди. Филчумла, писар дар куввату санъат чар омад ва касеро бо у имкони муковимат набуд, то ба хадде ки пеши малики он рузгор гуфта буд: «Устодро фазилате, ки бар ман аст, аз руи бузургист ва хакки тарбият, вагарна ба кувват аз у камтар нестам ва ба санъат бо у баробар».

Маликро ин тарки адаб нописандомад, фармуд, то мусораат кунанд. Макоме муттасеъ тартиб карданд ва аркони давлату аъёни хазрат ва зуроварони руи замин хозир шуданд.
Писари чавон чун пили маст андаромад ба салаботе, ки агар кухи оханин буди, аз чой барканди. Устод донист, ки чавон ба кувват аз у бартар аст. Бад-он банди гариб, ки аз вай нихон дошта буд, бо у даровехт. Писар дафъи он надонист. Устод ба ду даст аз заминаш болои сар бурд ва фуру куфт. Гирев аз халк бархост.
Малик фармуд, то устодро хилъату неъмат доданд ва писарро зачру маломат кард, ки бо парварандаи хеш даъвои муковимат карди ва ба сар набурди.

Гуфт:
– Эй подшохи руи замин, ба зуровари бар ман даст наёфт, балки маро аз илми гушти дакикае монда буд ва аз ман дарег хаме дошт. Имруз бад-он дакикаи бар ман голиб омад.
Устод гуфт:
– Бале, аз бахри чунин рузе, ки зиракон гуфтаанд: «Дустро чандон кувват мадех, ки агар душмани кунад, тавонад. Нашунидаи, ки чи гуфт, он ки аз парвардаи хеш чафо дид:

Ё вафо худ набуд дар олам,
Ё магар кас дар ин замона накард.
Кас наёмухт илми тир аз ман,
Ки маро окибат нишона накард»

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …