Главная / Маданият ва санъат / Мактуб ба Модар (Нома ба Очаи Чон)

Мактуб ба Модар (Нома ба Очаи Чон)

Нома барои Модар навиштан ин амали хотирави буда аз замонхои кадим вакте, ки кас аз хона ба маконхои дурр мерафт пас дар навиштани он моил мешуд. Мактуб ба Модар навиштан ин кори нозук ва хотиравист ва барои хамин хам дар навиштани он бояд факат ахбори хубро асосан менависанд. Барои шумо намунаи чунин номахоро дар поён оварда шуддаст.

Мактуб ба модар

Нома аз номи донишчуе, ки дар хорича тахсил менамояд

Ассалому алейкум Модари мехрубону азизи ман!

Алхол ба дастам каламро гирифта ба Шумо номае менависам, ки дер боз мехостам бароятон ирсол намоям вале бо вучуди як катор мушкилихо натавонистам, ки инро анчом дихам.

Пеш аз хама дар сарсухани мактубам ба Шумо Модарчон мехостам, ки гуям Хело ёдат кардам ва хатто шабхо туро хоб дида номатро бар забон меорам. Медонам ки дунёи фони ки онро замони гузарон меноманд ба аз дидори ту марои сер наметавон кард вале ба хар хол хар кучое бошам ту дар каби мани.

Холо ман дар кишвари Фаронса, ки тахсили худро давом дода истодаам саломатиям хуб аст ва аз гирифтани донишу забондони хеле худро рухан нагз хис мекунам. Дар пойтахти ин кишвар ки шахри Париж аст хеле зебо мебошад. Мардумаш хушгуфтору шахр тозаву озода мебошад.  Манн аз ин мардум ва мардуми мухочире ки аз дигар кишвархо ба инчо омада фаъолияту шугл меварзанд  хеле чизхоро омухта истодаам.

Модарчон! Хеле шудааст, ки аз ту ман мактуб нагирифтаам ва шояд ягон сабабе бошад? Саломативу корхоят чи тавр хастанд? Падарам, Бародару хохараконам ва Бибиву Бобоям хуб хастанд?

Ман бароят ва ахли оилаамон хушбуихоро бо ин мактуб зам карда ба Шумоён ирсол менамоям.

Насиб карда бошад хафтаи оянда бо дустони худ барои тамошо ба дигар шахрхои Фаронса хохем рафт. Бароям ин кишвар хеле писан даст ва хаммаи ин ба шарофати Шумо ва Падари бузургам ва албатта бобову бибиям аст. Аз ин хотир ба хамаи шумоёт миннатдори баён менамоям ва мехохам ки доимо саломату сарбаланд бошед.

Агар ягон масъалае бошад ки дар халли он мушкили доред пас нома нависед Очачон! Ман хатман кушиш мекунам, ки дар халли он чора андешам.

ИншоОллох соли оянда тахсилро тамом менамоям ки баром ин хеле сарфарозист, чун ки сохиби касби инжинери сохаи гидроэнергетики мешавам ва мехохам дар обод кардани кишвари худ сахмгузор шавам.

Ман суханхои худро дар ин мактуб бо садхо бусса ба хохараки хурдакакам ба охир расонида номаи  шуморо модарчон мунтазирам.

Бо эхтироми беандоза,

Сафари Рустамзода.

20.02.2018 

Мактуб аз номи мухочири мехнатие, ки дар Руссия кор мекунад.

Ассалому алейкум Модари ба чон баробарам,

Ин когази сафеде, ки дар даст дори он хазорон километрро ва даххо рузро сафар карда ба дастони ту расидааст, ки ин имкониятро холо ман надорам.

Туро Модарчон хело ёд кардам ва дар ин кишвари бегона аз дидори ту пазмон шудаам ва мехохам харчи зуддтар ба наздат баргардам вале худ медони ки дар ватанамон ёфтани кори лоик хеле мушкил аст.

Инчо Руссия кишвари хунук ва мардуми гуногун, ки моро хар замон тахкир мекунанд дилгир кардааст вале чи илоч. Лек ту зик нашав Модарчон. Ман ва бародаронам ки хамчоя хастем ва дар сохтмони хонаи замонави машгулем. Тасмим гирифтаем, ки дар охири сол корхоямонро тамом карда ба ватан бармегардем ва чун хамасола дар гирди сандалихона курутоби дустдоштаамонро хохем хурду бо кудакону  хешовандонамон хурсандиамонро зиёда хохем кард.

Як сиро мехостам ба Шумо гуям Модарчон!  Ба акаам барвактар зан дихед вагарна у сохиби зани русс шуда шояд дар ин мулк мукими шуда монад.

Хозирхо мисли солхои пештара маошхоямон баланд нест ва дар як мох такрибан 200 доллар чамъ мекунаму халос,

Писари кенчаи ту Парвиз.

20.05.2018

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …