Главная / Биология / Маймунхо

Маймунхо

Катори маймунхо (маймун перевод с таджикского – русского)– хайвонхои ширхури аз хама олию ташаккулёфтаро дар бар мегирад, ки ба он одам хам мансуб аст. Магзи сари приматхо калон буда, нимкураи магзи пеш инкишоф ёфта, чуякчои зиёде дорад. Панчахои приматхо каппанда аст, ба тарафи пеш майл дошта, нохун хам доранд. Дар онхо пистонхои ширдиханда як чуфт буда, дар кисми кафаси пеши бадан (кафаси сина) чойгиранд. Приматхои мода одатан яктой ва баъзан 2-3-той таваллуд мекунанд. Приматхо бештар хаёти руидарахти гузаронда, растанихур мебошанд. Аксарияти онхо дар чангалхои тропикии Африка, Осиё ва Америка зиндаги мекунанд. Приматхо намудхои бисёр доранд, ки ба якчанд зеркатор чудо мешаванд:

maymunЗеркатори маймунхои дарозбини нисбат ба дигар маймунхо кадима буда, дар Америкаи Чанубию Маркази вомехуранд. Онхо маймунхои хачман хурд буда, дар руйи дарахтони чангали зиндаги карда, хамахур мебошанд, думи дарози андармоишаванда, пойхои дароз, садопардаи ларзишнок доранд. Як намуди он маймуни чаханда (пригунка) ном дорад.

Зеркагори маймунхои кутохбин. Ба он мартишка, павиан, макак, гиббон, орангутанг, шимпанзе ва одам дохил мешавад. Маймунхои кутохбини баъзеашон дум доранд ва дар баъзеашон дум тахфиф шуда, дар кисми думгоза изаш боки мондааст. Онхо дар чойхои гарми чангалхои Африка ва Осиёи Чануби зиндаги мекунанд. Масалан, мартишка маймуни думдори руйи дарахти буда, дар чангалзорхои тропикии Африка зиндаги карда, растанихур аст. Макак хам дар руйи дарахт ва хам дар руйи замин мегардад.

Гиббон маймуни дароздаст буда, ба ду пойи акибаш нишаста метавонад. Вай дум надорад, майнаи пешаш инкишоф ёфтааст. Гиббонхо дар чанубу шаркии Хиндустон ва дар чазирахои Ява, Суматра, Калимантан зиндаги карда, бо дастони дарозашон ба шохи дарахт овезон шуда, аз як шох ба шохи дигар ва ё аз як дарахт ба дарахти дигар ё аз руйи дарахт ба руйи замин чахида, мегарданд. Хуроки гиббонхо мева ва баргу навдахои чавон аст. Ба маймунхои одамшакл маймунхои нисбатан калони бедуму дароздаст дохил мешаванд, ки бо ду пой рост истода ё рох рафта метавонанд. Дар айни замон аз зоти онхо орангу ганг, шимланзе ва горилла боки мондааст.

Орангутанг to 1.5 м кад дорад, панчахои дасту пояшон нагз вазифанок шуда, баданашон (ба гайр аз панчахо, руй, бинию пешона) сермуй мебошад. Хаёти руйи дарахти гузаронда, баъзан ба руйи замин мефарояд. Орангутанхо бештар дар чазирахои Суматра зиндаги мекунанд.

Шимпанзе то 1.5 м кад дошта, руяш бемуй. гушаш калон (ба гуши одам монанд) аст, дастонаш нисбат ба дасти орангутан кутох аст. Вай дар чангалхои тропикии Африка хаётн руйи дарахтию руизамини мегузаронад. Хурокаш растани буда. оила-оила шуда зиндаги мекунанд.

Гориллахо то 2 метр кад дошта, дар руйи замин бо дасту пойхояшон рох мераванд, панчахо ва сару руяшон бемуй аст. Онхо дар замннхои чангалии минтакаи экваторни Африка зиндаги мекунанд. Хурокашон мева ва решамева мебошад.

Одамон дар катори приматхо — як оилаи махсуси инкишоф ёфтаи олитарин ба шумор мераванд. Нимкурахои калону серчуяки магзи сари одам аз майнаи маймунхои одамшакл се баробар зиёд аст. Дар одам руйпуши муйдор бархам хурдааст. Ба ду пояшон такя карда рост меистанд. Дастхояшон аз замин канда шуда, вазифахои мураккабро адо мекунанд. Табиатан тагйирёбанда одамро аз маймунхои одамшакл ба вучуд овардааст ва дар ин кор мехнат ахамияти асоси дорад. Инкишофи шуурнокии инсон холо ба дарачае расидааст, ки акнун ба табиате, ки як вактхо аз болои одам хукмронй мекард худаш хукмрон аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …