Главная / Гуногун / Махфузот – эмин доштан аз хар бало

Махфузот – эмин доштан аз хар бало

Дар ривояте аз «Муснад»-и Баззоз Хазрати Абухурайра (раз) ривоят мекунад, ки Расулуллох (с) фармуд: Хар он шахсе, ки дар огози хар руз «Ояту-л-Курси» ва се ояти аввали сураи «Муъминун»-ро бихонад, дар он руз аз хар гуна бади, мусибат ва мушкилот махфуз хохад монд.

Тирмизи хам онро ривоят намудааст. «Ояту-л-Курси» ва он се оят аз аввали сураи «Муъмин» ин аст:

Ояту-л-Курси

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллоху ло илоха илло Хува-л-Хайю-л-Кайюм. Лo таъхузуху синату-в-ва ло навм, лаху мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арз. Ман за-л-лази яшфаъу индаху илло биизних. Яъламу мо байна айдихим ва мо халфахум, ва ло юхитуна бишайъи-м-мин илмихи илло бимошоъ. Васиа курсийюху-с-самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуху хифзухумо ва Хува-л-Алийю-л-Азим

Тарчума: Худо, ки ба чуз вай хеч худое нест, Зиндаи Поянда аст; Уро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонхо ва он чи дар замин аст, аз они Уст. Кист он, ки назди У – чуз ба хукми У – шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онхо аст ва он чиро, ки паси пушти онхо аст; ва мардум аз илми Хак чизеро, ба чуз он чи Вай хостааст, дарнамегиранд; подшохии У осмонхову заминро фаро гирифтааст; ва нигохбонии ин хар ду барои у гарон нест; ва у Баландмартабаи Бузургвор аст.

Се оят аз аввали сураи «Муъмин»[1]

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Хо мим. Танзилу-л-китоби миналлохи-л-Азизи-л-Алим. Гофири-з-занби ва кобили-т-тавби шадиди-л-икоби зи-т-тавли, ло илоха илло Ху, илайхи-л-масир.

Тарчума: Хо мим. Фуру фиристодани ин Китоб аз чониби Худои Голиби Доно аст – Омурзандаи гунох, ва Пазирандаи тавба, Сахтукубат, Худованди тавонгари; ба чуз у худое нест; бозгашт ба суи Уст.

[1] Номи дигари ин сура «Гофир” мебошад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …