Главная / Чамъият / Махдудияти хукукхои истифодабарандагони об

Махдудияти хукукхои истифодабарандагони об

Моддаи 44-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Махдудияти хукукхои истифодабарандагони об

1.Дар холатхои камобии аз хад зиёд, холатхои садамави дар объектхои об, хатари сар задани беморихои сирояткунанда, муриши хайвонот ва дар дигар холатхо хукукхои истифодабарандагони об ба манфиатхои давлат инчунин ба манфиатхои дигар истифодабарандагони об махдуд карда мешаванд. Бо вучуди ин ба бад шудани шароитхои истифодаи объектхои об барои эхтиёчоти нушоки ва маишии ахоли бояд рох дода нашавад.

2.Махдуд кардани хукукхои истифодабарандагони об хангоми амали гардонидани тадбирхои таъхирнопазир доир ба пешгири ва рафъи окибатхои офатхои табии, ки дар натичаи таъсири зараровари об ба вукуъ омадаанд, бо моддаи 130 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.

3.Хангоми напардохтани хаки истифодаи об мутобики моддаи 31 Кодекси мазкур истифодаи он кисман ё пурра катъ мегардад.

4.Хукукхои истифодабарандагони обро метавонад макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об, ки барои истифодаи махсуси об ичозатнома додааст, махдуд намояд, хукукхои истифодаи баъдинаи об аз чониби истифодабарандаи аввалаи об бо мувофикати макомоти ваколатдори махсуси давлати доир ба танзими истифода ва хифзи об, инчунин дигар макомот мутобики хамин Кодекс, махдуд карда мешаванд. (КЧТ аз 16.04.2012с., №821)

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …