Главная / Гуногун / Махдудияти барк дар тобистони 2020 чори мешавад!

Махдудияти барк дар тобистони 2020 чори мешавад!

Хамватанони азиз!

Тавре ба хамаи Шумо маълум аст, муддати чанд соли охир таввасути ба истифода додани иншооти нави сохаи энергетика мушкилихои мардум оид ба таъмин ба кувваи барк осон гардида истодааст. Дар даврахои огози истиклолият солхое буданд, ки сокинони Точикистон дар як шабонаруз хамаги ду соат барк мегирифтанд, вале аз 14 январи соли 2017 мо махдудияти таъмини неруи баркро пурра бардоштем ва то имруз мардуми Точикистон 24 соат бо неруи барк таъмин мебошанд.

zindagi-1

Гармшавии иклим ва кариб 50 фоиз кам будани хачми боришоти барф, ки дар таърихи Точикистон бори аввал ба вучуд омад, боиси он гардид, ки имрузхо об дар мачрои дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Хамин аст, ки имрузхо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Дар кишвар 50 фоизи барки истехсолшударо ахоли истифода мебарад. Бо хамин максад Хукумати чумхури ба мардуми кишвар мурочиат карда, хохиш менамояд, ки танхо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоху зимистони дарпешистода махдудияти интиколи баркро, ки аз чониби Ширкати «Барки Точик» чори карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

Мо имруз хатто мачбур шудем, ки новобаста аз шартномахои байнидавлати, интиколи баркро ба чумхурихои Узбекистон ва Афгонистон катъ намоем. Хукумати Чумхурии Точикистон ба хамаи сокинони кишвар мурочиат мекунад, ки вазъятро дуруст фахманд ва ин ягона рохест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкили рахонад. Бо дар назар доштани вазъияти боамаломада хар як шахрванд, хар оила, тамоми ташкилоту муассисахо ва ширкату корхонахо сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи баркро таъмин намоянд. Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтихои худро дорад.

Яъне мо имруз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи неруи барк обанборро пур намоем ва мушкилоти фаслхои тирамоху зимистони дарпешистодаро пешгири кунем. Хукумати мамлакат ба маълумоти мардуми шарифи Токикистон мерасонад, ки тамоми чорахои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоху зимистон азият накашанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …