Моддаи 27-и Кодекси Мехнат. Махдудияти якчоя кор кардани хешовандони наздик
- Дар як ташкилоти давлати (вохидхои сохтори) ба вазифаи рохбар, сармухосиб (муовинони у) ва хазинадор якчоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алокаи хешутабори (падару модар, зану шавхар, бародарон, хохарон, писарон, духтарон, хамчунин бародарону хохарони падару модар, фарзандони зану шавхар) дошта бошанд ва агар кори онхо ба итоату назорати бевоситаи хамдигари алокаманд бошад, манъ карда мешавад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигарро мукаррар накарда бошад.
- Махдудиятхое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудаанд, метавонанд бо карори сохибмулк ё шахси ваколатдори у дар ташкилотхои гайридавлати низ мукаррар карда шаванд.