Мувофики конунгузорихои кишвархои дунё масъалаи махфи нигох доштани сохибони амонат ба танзим дароварда мешавад. Яъне конунхои марбута оиди эълон кардани сохибони амонат ичозат намедихад ва аз бонкхо талаб мекунад, ки ному насаби амонатдоронро махфи хамчун сири бонки нигох доранд.
Мутаасифона гарчанде конун бошад, хам вале хифзи 100% -а махфи нигох доштании ному насаби мизочон – амонатгузорон дар тачрибаи чахони риоя намешавад. Хусусан агар маблагхои калонхачм бошад пас хатман зери назорат ва назар меафтад. Дар баъзан холатхо кормандони бонк оиди ки сохиби пули калон дар шакли амонатро ба дустону шиносхояшон гайрирасман мерасонанд, ки ин низ бар хилофи конун аст ва бар зарари сохибони амонат. Инчунин аз тарафи Бонкхои марказии кишвархои дунё хатман барои тахлили маълумотхо номгуи шахсони амонатдорро аз бонкхои ватанашон чамъовари мекунанд ва ба пахн кардани маълумот сабабгор мешаванд.
Барои хамин хам дар баъзе холатхо бо дархости мизочон ному насаби онхо ихтисор карда мешавад ва дар шакли духарфа ё сехарфа номгузори мешавад, ки ин имконяит медихад, ки то андозае ба махфи нигох доштани ному насаби амонатгузор боис гардад. Масалан дар шакли мазкур «Б.О.О» ё «Р.Н.У» ки маънояш метавонад Бобоев Олим Одилович ва ё Расулзода Насиби Умар, бощад.