Главная / Илм / Мафхум, таркиб ва намудхои шуури хукуки

Мафхум, таркиб ва намудхои шуури хукуки

Хукук хамчун зухуроти ичтимои ин ё он шакли муносибати одамонро нисбат ба худ ифода менамояд. Чунин муносибат мумкин мусбат ё ин ки манфи бошад. Агар инсон арзиш ва зарурати хукукро дар чомеа дарк намояд, он гох муносибат ба хукук мусбат мебошад ва баръакс агар инсон хукукро хамчун падидаи бефоида ва нолозим шуморад, он гох муносибати худро ба хамаи он чизхое, ки предмети батанзимдарории хукук мебошад, дар ин ё он шакл бо таври манфи ифода менамояд. Ин муносибат вобаста ба дарки мохияти хукук метавонад самаранок, окилона ва пуртаъсир бошад.

huqugБояд дар назар дошт, ки шуури хукуки яке аз шаклхои шуури чамъияти мебошад. Вай дар алокаманди бо шаклхои дигари шуури чамъияти вучуд дошта метавонад. Шуури хукуки, пеш аз хама, бо ахлок вобастагии зич дорад. Зеро одамон ба мохият ва мафхуми конунхо, рафтори конуни ва фаъолияти макомоти хифзи хукук аз руи меъёрхои ахлоки бахо медиханд. Шуури хукуки бо чахонбинии фалсафи, акидахои сиёсиву мафкурави ва дини зич алокаманд аст. Чунки тасаввуроти инсон доир ба олам, конунхои умумии инкишофи табиат ва чомеа, таносуби шуур ва хаёт дар шуури хукуки инъикос мегардад. Муносибат ба хукук бисёр вакт вобаста ба акидаи сиёси муайян карда мешавад. Ин хусусан ба муносибати марксисти-ленини нисбат ба хукук хос буд.

Зеро аз нигохи фахмиши марксисти-ленини хукук ифодаи иродаи синфи хукмрон дар конун буда, конун хамчун чораи сиёси маънидод карда мешуд.

Ба шуури хукуки дин низ таъсир мерасонад. Зеро одамони дорои эътикоди дини ба хукук аз нигохи фахмиши дини бахо медиханд.

Агар мо хукукро хамчун вокеияти объективи бахо дихем, он гох бояд мавчудияти аксуламали субъективии одамонро ба хукук, ки шуури хукукиро ташкил медихад, эътироф намоем.

 Шуури хукуки хамрадифи ногузири хукук мебошад. Зеро хукук танзимкунандаи муносибати байни одамон мебошад. Аз тарафи дигар, чараёни эчоди конунхо ба фаъолияти бошууронаи одамон алокаманд аст.

Аз ин чо хукук натичаи махсули чунин фаъолият мебошад. Он чиз низ маълум аст, ки чараёни ба хаёт татбик шудани хукук одатан натичаи фаъолияти бошуурона ва иродавии одамон мебошад. Фаъолияти хукукэчодкунии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мисоли равшани кори бошуурона шуда метавонад.

Ба сифати фаъолияти шуур инчунин татбики хукук дар хаёти хар яки мо мисол шуда метавонад. Зеро хангоми содир намудани амали дорои ахамияти хукуки мо на матни санади меъёри, балки тасаввуротеро, ки оид ба он дар шуури мо пайдо шудааст, ба инобат мегирем. Шуури хукуки мачмуи тасаввурот ва хиссиёте мебошад, ки муносибати инсонро ба хукук ва зухуроти хукуки дар хаёти чамъияти ифода менамояд.

Таъсири шуури хукуки дар бунёди хаёти чамъияти нихоят калон аст. Хусусияти характерноки шуури хукуки хамчун кисми таркибии механизми танзими хукуки дар он ифода меёбад, ки вай хам дар мархалаи хукукэчодкуни ва хам дар мархилаи татбики хукук амал мекунад. Вай дар хамаи механизми танзими

хукуки, ба монанди меъёри хукук, муносибатхои хукуки, санади татбики хукук ба ин ё он дарача иштирок мекунад. Шуури хукуки дар мархалаи татбики хукук, дар чараёни амали намудани хукук ва ухдадорихои хукуки дар хаёт накши мухим мебозад. Аз сатх, сифат, характер ва мазмуни шуури хукуки то дарачае рафтори одамон дар чомеа (конуни, гайриконуни, зарарнок ва хатарнок) вобастаги дорад.

Махз ба туфайли шуури хукуки одамон ба конуни ё зиддихукуки будани рафтори хеш бахо медиханд.

Бояд гуфт, ки дар чомеаи имруза шуури хукуки бояд мазмуни гайримафкурави ва гайрисиёси дошта бошад. Инсон ба ходисахои хукуки на аз нигохи манфиатхои мафкураи хизби, сиёси, гурухи ё давлати, балки бо дарназардошти арзишхои башари бояд бахо дихад.

Таркиби шуури хукуки, пеш аз хама, аз идеологияи (мафкураи) хукуки иборат мебошад. Ба мафкураи хукуки мафхум ва тасаввурот оид ба хукук ва зухуроти хукуки дар чамъият дохил мешавад. Сатх ва сифати нишондоди чунин тасаввурот метавонад гуногун бошад – аз одди, мукаррари, руяки то ба илмиву назарияви. Ба мафкураи хукуки хам мухокимаронихои шахс, тачрибаи хаётидоштаи рохбари махалла ва хам асари илмию назариявии эчоднамудаи олими сохаи хукук тааллук дорад.

Накши мафкураи хукуки дар танзими хукуки хеле мухим аст. Дар асоси акида, назария ва таълимоти хукуки фаъолияти хукукэчодкуни ба рох монда шуда, чараёни татбики хукук амали карда мешавад. Дар чомеаи хозира мафкураи хукуки инъикоси бевоситаи фахмиши мусбат ва муфиди башар буда, асоси конститутсионии худро дорад. Мувофики Конститутсияи Чумхурии Точикистон «Дар Точикистон хаёти чамъияти дар асоси равияхои гуногуни сиёси ва мафкурави инкишоф меёбад». (к.1. м.8.). «Мафкураи хеч як хизб, иттиходияи чамъияти, дини, харакат ва гурухе наметавонад ба хайси мафкураи давлати

эътироф шавад». (к.2. м.8). Яъне мафкураи хукуки дар кишвари мо ифодакунандаи хеч гуна манфиат набуда, балки инъикоскунандаи арзишхои хукукии умумибашари мебошад.

Дар таркиби шуури хукуки унсури дигар низ мавчуд аст, ки онро психологияи хукуки меноманд.

Эхсос ва хиссиёт ба таркиби шуур дохил мешавад ва барои хамин инсон наметавонад дар сохаи танзими хукуки танхо фикрронии окилонаро ба инобат гирад.

Психологияи хукуки, ки одатан аз шиносоии одам ба хукук огоз мегардад, бо таъсири мухити хукукии амалкунанда ташаккул меёбад. Дар назар бояд дошт, ки психологияи хукуки вокеиятро тавассути эхсос дарк намуда, дар сатхи фахмиши хукукии хамаруза карор дорад ва бо хамин сабаб тагйирпазир ё зудивазшаванда мебошад. Тобиши эхсосии мусбат ё манфи ба хислат ва рафтори дуруст ё нодурусти хукуки таъсир мерасонад.

Тахлили муносибати одамон ба конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки имконият медихад дар шуури хукуки унсурхои дигари таркибиро чудо намоем, ки ба онхо унсури иттилооти, баходихи ва иродави дохил мешавад. Унсури иттилооти нишонаи дар шуури инсон мавчуд будани маълумот оид ба конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки мебошад. Сатхи иттилоотии шуури хукуки кисми таркибии шуури хукуки мебошад, зеро бе иттилоот оид ба конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки наметавонад муносибат ба онхо вучуд дошта бошад.

Инсон оид ба санади меъёрии хукуки маълумот гирифта, онро бо арзишхои шахсии худ мукоиса мекунад ва ба он бахо медихад. Вобаста ба тасаввуроти инсон доираи рафтори у дар сохаи хукуки ташаккул меёбад. Аз тарафи дигар, фахмиши мохияти хукук аз тарафи инсон барои амали намудани максад ва манфиати инсон мусоидат менамояд. Зеро фахмиши бошууронаи мохияти хукук аз чониби инсон ба у имконият медихад, ки дар амали шудани хукук амали шудани максаду манфиати худро бубинад.

Дар асоси унсурхои иттилооти ва баходихи унсури дигари таркиби шуури хукуки – ирода ташаккул меёбад. Инсон конунро дониста ва онро бахо дода, ба хулоса меояд, ки дар холатхои пешбининамудаи конун у чи кор карда метавонад – конунро барои амали намудани вазифахои шахсии худ истифода барад ё ичро накунад, ё ин ки конунро катъиян риоя намояд ё дигар санади меъёрии хукукиеро ёбад, ки ба манфиат ва талаботи у чавобгу бошад. Хамаи ин лахзахо ба унсури иродавии шуури хукуки дохил мешавад.

Албатта шуури хукуки дар хаёти вокеи дар шакли яклухт ифода меёбад. Чудо намудани унсурхои таркиби дар шуури хукуки танхо барои фахмиши накш ва чои он дар хаёти инсон ва чамъият мусоидат менамояд.

Барои он ки мохияти шуури хукуки дуруст фахмида шавад, зарур аст ки намудхои гуногуни он мавриди тахлил карор дода шавад. Вобаста ба дарачаи эътирофи зарурати хукук, дарки мохияти он ва дигар зухуроти хукуки дар чомеа шуури хукуки ба се намуд чудо карда мешавад.

Шуури хукукии мукаррари ба шумораи бештари аъзои чамъият хос буда, дар асоси хаёти харрузаи шахрвандон дар сохаи танзими хукуки ташаккул меёбад. Одамон дар ин ё он шакл бо навиштачоти хукуки дучор мешаванд, аз ахбори омма маълумот мегиранд, фаъолияти макомоти хокимияти давлати, аз чумла Мачлиси намояндагонро мушохида менамоянд, рафтори кормандони макомоти хифзи хукукро назорат мекунанд ва гайра. Барои одамони ин сатхи шуури хукуки донистани принсипхои умумии хукук хос буда, акидахои хукукии онхо бо тасаввуроти ахлоки зич алокаманд мебошад.

Дар чараёни тайёрии махсус ва дар рафти амали намудани фаъолияти хукукии тачрибави шуури хукукии касби ба миён меояд. Субъектхои ин сатхи шуури хукуки дорои дониши махсус оид ба конунгузории амалкунанда буда, махорату малакаи татбики онро доранд. Ба чунин субъектхо шахсоне дохил мешаванд, ки факултет ва донишкадахои хукукиро хатм намуда, донишхои хукукиро дар чараёни фаъолиятиамалии худ истифода мекунанд.

Барои мухаккикон ва коркунони илмие, ки бо тахкики масъалахои танзими хукукии муносибатхои чамъияти машгуланд, шуури хукукии илмиву назарияви хос мебошад.

Вобаста ба субъекте, ки дорои шуури хукуки мебошад, шуури хукуки ба инфироди ва дастачамъи чудо карда мешавад. Шуури хукукии инфироди башахси алохида тааллук дошта, ба сатхи тафаккур ва чахонбинии у ва хислатхои шахсии хар як шахс вобаста мебошад.

Шуури хукукии дастачамъи хислати гурухи, оммави ва чамъияти дорад. Вобаста ба ин, онро ба шуури хукукии гурухи, шуури хукукии оммави ва шуурихукукии чамъияти чудо менамоянд. Шуури хукукии гурухи ба гуруху табакахои алохидаи ичтимои хос буда, тасаввур ва хисси ин ё он гурухи ичтимои, синф, табака ва чамъомади касбиро ба ин ё он масъалаи танзими хукукии муносибатхои чамъияти ифода менамояд. Шуури хукукии гурухи аз шуури хукукии оммави фарк дорад. Шуури хукукии оммави ба гурухи муваккати ва ноустувори одамон хос буда, хангоми гирдихамои, намоишхо ва рохпаймоихои осоишта зохир мегардад. Шуури хукукии чамъияти ба тамоми ахолии кишвар, китъа ва давраи таърихии муайян тааллук дорад. Масалан, шуури хукукии буржуази, сотсиалисти ва гайрахо. Ба он мафкураи халкиятхо ва миллатхоро низ дохил намудан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …