Главная / Гуногун / Мафхуми коркарди гармии сабзавот

Мафхуми коркарди гармии сабзавот

Барои тайёр кардани таом аз сабзавот хамаи намуди коркарди гармро истифода мебаранд. Обпаз, дампаз, бугпаз ва дар оби худпухта. Сабзавоти пухтагиро барои тайёр кардани хуришхо, шурбо, таомхои 2-ум ва барои гарнир истифода мебаранд.

Тайёр кардани таоми картошкаи обпаз

Тачхизот: дег, чавли (друшлаг), тагорача, корди таббохи, чангак,

кошук, табак, тахтачаи резакунанда.

Микдори масолех: картошка – 200 г, равгани маска – 10 г, ё каймок – 20 г, намак – 2 г, пиёзи кабуд, кашнич ва шибит – 3-5 грамм.

Картошкахои хачмаш якхеларо интихоб карда, шуста, пусташро тоза кунед. Кабудиро чудо намуда шуста ва реза карда, сипас картошкаро ба дег андохта, оби гарм рехта (тахминан 1-1/2 см аз болои руи картошка), намак пошида то тайёр шудан пазед. Пухтагиашро бо ёрии чангак муайян кунед. Мухлати пухтани картошка то 20-30 дакика.

Баъди пухтан обашро рехта, боз дегро 1-2 дакика ба оташ гузоред, то картошка камтар хушк шавад.

Картошкаи пухтагиро ба табак гузошта, ба болояш равгани маскаи обкарда ё каймок рехта кабудии резакардаро ба руяш пошида, ба дастархон медиханд. Картошкаи обпазро таоми дуюми гушт, гушти парранда ё дигар таоми гуштин додан низ мумкин аст.

Савол ва супориш

  1. Коркарди гармии сабзавотро гуед.
  2. Коидахои коркарди сабзавотро шарх дихед
  3. Мухлати пухтани сабзавотро гуфта дихед.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

savol

Дуои рахои ёфтан аз хар гуна дарду мусибат

Нусхаи рахои ёфтан аз хар гуна дарду мусибат Агар шахсе мубтало ба мушкилоти бисёр ва …