Главная / Гуногун / Мафхуми «Точик» аз кучо пайдо шуд

Мафхуми «Точик» аз кучо пайдо шуд

Савол: Устод, Шумо дар бораи гузаштаи миллати мо, хамчун форс, хеле муфассал ва бо далелхои раднопазир исбот намудед, ки дар гузаштаи начандон дур моро хамчун форс мепиндоштанд ва хамаи гузаштаи таърихи халки мо марбут ба номи форс буд. Пас модоме, ки мо имруз худро «Точик» мегуем, ин мафхум аз кучо пайдо шуд?

Чавоб: Барои таърихи «точик»-ро фахмидан чандон азият кашидан хочат нест. Факат таърихи халки худро ба таанни донистан даркор аст. Файласуфхо мегуянд, ки пайдоиши мафхумхо, яъне категорияхои фалсафи, ба худи файласуфхо мансуб нест, балки ин категорияхо ба таври объективи худашон пайдо мешаванд ва номи худро хам пайдо мекунанд; аз кабили «вакту фозо», «сабаб ва окибат» ва г. Факат файласуфхо онхоро маънидод мекунанд. Мафхуми «точик» хам хамин тавр аст. Чун турониёни каёни дар нимаи якуми хазораи дуюми пеш аз милод, сохти давлатдории подшохиро ба вучуд оварда, бори аввал ба сари подшох точ гузоштанд, ин мафхум хамчун лакаби турониён асрхои хеле тулони дар байни халкхои гуногун давом мекард. Хатто Абулкосим Фирдавси мегуяд:

На Кайсар бихохам, на Фагфури Чин,

На аз точдорони эронзамин.

Наслхои турони хатто дар замони мо хам вучуд доранд. «Ватани ачдодии турониён Осиёи Миёна аст» гуфта мешавад дар китоби «Ориён»-и банда (соли 2002). Дар ин хусус ба китоби «Таърихи тамаддуни Ориён» кисми «Турониён» ва «Империяхои бузурги Форсхо» (И. Умарзода),  нигаред.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …