Главная / Илм / Маданияти хукуки

Маданияти хукуки

Маданияти хукуки яке аз намудхои маданияти чамъияти буда, барои таснифи хамаи низоми хукукии кишвар аз нуктаи назари муайян истифода мегардад. Вай вазъи сифатии хаёти хукукии ин ё он чомеаро муайян намуда, дониши ахолиро оид ба конун муайян мекунад, дар кадом холат карор доштани эхтироми конунхоро аник намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти макомоти хифзи хукук ва чараёни кабули санадхои меъёрии хукуки мебошад.

kitobМаданияти хукукии чамъият, пеш аз хама, аз сатхи инкишофи шуури хукукии ахоли вобаста мебошад. Яъне маданияти хукуки аз он, ки ахоли то чи дарача арзишхои хукукиро медонад ва оид ба муносибатхои хукуки маълумот дорад, муносибати ахоли ба конун, суд, дигар макомоти хифзи хукук чи гунна мебошад, акидаву мафхумхои хукуки то чи андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.

Сатхи инкишофи шуури хукуки мумкин аст танхо дар фаъолияти вокеии хукуки ва рафтори хукукии одамон ифода ёбад. Барои хамин унсури дуюми таркибии маданияти хукуки сатхи инкишофи фаъолияти хукуки мебошад. Вай аз фаъолияти омузишии донишчуён ва шунавандагони факултахо ва донишкадахои хукуки, инчунин аз фаъолияти хукукэчодкуни ва татбики он иборат аст. Хамзамон маданияти хукукии чамъиятро дар бисёр холатхо рафтори вокеии хукукии шахрвандон, фаъолияти онхо оид ба амали намудани хукук, дарачаи дониши хукукхои худи онхо ва дар сари вакт ичро намудани ухдадорихо, инчунин, тамоми амалхои манъшуда ва то чи дарача хукукхои худро пурра истифода бурдани одамон муайян менамояд.

Унсури сеюми маданияти хукукии чамъият сатхи инкишофи низоми санадхои меъёрии хукуки дар мачмуъ мебошад. Хама гуна санадхои меъёрии хукуки бояд ба талаботи тасаввурот оид ба адолатноки, баробари ва озодии дар шуури чамъияти хукмрон чавобгу бошанд. Санади меъёрии хукуки аз нуктаи

назари шакл бояд мукаммал, бемухолифат, ба кадри имкон кутох, аник ва ба ахоли фахмо, ба Конститутсия мутобик бошад ва дар сарчашмаи ба ахоли дастрас ба нашр расонида шавад ва гайра.

Чудо намудани унсурхои таркибии маданияти хукуки шарти мебошад, зеро фаъолияти хукукие вучуд надорад, ки чудо аз шуури хукуки амали карда шавад ва хамзамон шуури хукуки танхо дар фаъолияти хукуки ва натичаи он – санади меъёрии хукуки ифода меёбад. Хамзамон кисмхои таркибии мадани-

яти хукуки бе инсон, гурухи одамон ва ахоли дар ягонаги вучуд дошта наметавонад. Маданияти хукукии гуруххои ичтимои ва касби, инчунин, аз сатхи инкишофи фардхои алохида вобаста мебошад. Аз ин лихоз, маданияти хукукии ахоли, маданияти хукукии гурухи ва маданияти хукукии шахсиро бояд аз хам чудо кард. Маданияти хукукии шахси сатхи дониши хукукии шахси, муносибати онро ба арзишхои хукуки, ба конун ва дарачаи нишондоди хукукиро оид ба риояи навиштачоти хукуки ифода менамояд.

Оид ба маданияти хукукии шахс аз руи рафтори у дар сохаи хукук ва танхо дар сатхи инфироди бахо додан мумкин аст.

Саволхо:

  1. Шуури хукуки чист?
  2. Таркиби шуури хукуки аз кадом унсурхо иборат мебошад?
  3. Кадом намудхои шуури хукукиро медонед?
  4. Дар бораи шуури хукукии инфироди ва дастачамъи маълумот дихед.
  5. Дар бораи маданияти хукуки маълумот дихед.
  6. Унсурхои таркибии маданияти хукукиро номбар намоед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДХОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандхои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабхои пайдоиши онхо. Ба мо маълум …