Главная / Гуногун / Маданияти Давлати Сомониён

Маданияти Давлати Сомониён

Маданияти давлати Сомониён дар давраи зухури дини ислом ва замони хукмронии сулолахои точикии Тохириён ва Саффориён огоз ёфта, дар замони хукмронии  Сомониён ба зинаи баланди тараккиёт сохиб шудааст. Ба он омилхои зерин мусоидат кардаанд: 1) маданияти халкхои Хилофати Араб; 2) забон ва алифбои араби; 3) унсурхои ахлокию фархангни дини ислом; 4) ташкил ёфтани давлати марказиятноки Сомониён; 5) тараккиёти касбу хунар, кишоварзи, маъданкоркуни ва тичорат; 6) васеъшавии доираи истифодаи забони точики; 7) таваччухи давлат ба мактабу маориф ва илму фарханг; 8) хамохангии манфиатхои мардум ва давлат.

Макбараи Арабато дар Тим. Солхои 997-998.Хар кадоми онхо такони алохидае буданд, ки якчоя шуда, маданияти пуршухрати давлати Сомониёнро ба вучуд оварданд.

ЗАБОНИ ТОЧИКИ. Арабхо дар асри VII Эрони Сосониён ва дар асри VIII Мовароуннахрро ишгол намуда, дар ин чо дини ислом, алифбо ва забони арабиро пахи карданд. Дар ин минтакахои хилофат забони араби забони давлати, илму адаб ва воситаи муоширати байни одамон шуд. Вале бо вучуди ин забони араби забони точикиро аз истеъмол пурра бароварда натавонист. Мардуми Хуросону Мовароуннахр аз забони модарии худ даст накашиданд.

Хануз дар давлати Тохириён забони точики дар баробари забони араби забони расми буд. Дар замонн хукмронии Саффориён макоми забони точики боз хам баландтар шуда, аз огози хукмронии сулолаи Сомониён сар карда, пурра ба забони давлати мубаддал гардид. Вале забони араби чандин асри дигар забони илм буд.

Дар асрхои IX-X ва баъдтар аз он хам забони форсии точики бо номи “забони дари” берун аз худудхои давлати Сомониён нуфуз пайдо карда, ба забони давлати ва илму адаби чандин мамлакати Шарк, аз чумла, султонии Дехли, империяи Темуриёни Хинд, Салчукиён, Туркхои Усмони табдил ёфта, то дарачае вазифаи забони байналхалкиро низ ичро мекард.

Дар худудхои нуфузи забони форси – дарибаъди бархамхурии давлати Сомониён давлатхои  сершумор ташкил ёфтаанд, ки онхо низ ба забони точики макоми давлати дода буданд, чунки он вакт бо ин забон забони дигаре ракобат карда намставонист.

МАКТАБУ МАОРИФ. Давлати Сомониёнба мактабу маориф диккати калон медод. Мадрасахо мактабхои оли буданд. Ба индонишгоххо хатмкунандагони мактабхои хамагони дохил мешуданд. Ба накшахоитаълимии мадрасахо кариб хамаи илмхои замон дохил карда шуда буданд.

Он хамткунандагони мадрасахо, ки нисбат ба дигар хамсабакон кобилиятноктар буданд, тахсилро дар мадрасахои машхур Давом дода, ба мартабаи баланди

илми иоил мешуданд. Аз байни чунин толибилмон мансабдорони баланди давлати, точирон, олимон, мударрисон ва шоиру нависандагон ба воя мерасиданд.

 Як кисми хатмкунандагони мадрасахо дар масчидхо ва муассисахои дигари дини кор мекарданд.

Мадрасахои калон ва бехтарин дар пойтахти давлати Сомониён – шахри Бухоро вокеъ буданд. Барои ба ин мадрасахо дохил шудан чавонон аз тамоми гушаю канорхои мамлакат меомаданд. Давлат нисбат ба донишчуёни мадрасахо ва мударрисон гамхори мекард.

ИЛМ. Дар аксарияти шахрхои давлати Сомониён, аз он чумла, дар Бухоро, Самарканд, Балх, Хирот, Нишопур ва Гурганч муассисахоикалони илми мавчуд буданд, дар Онхо олнмон ба тадкикоти нлмй машгул шуда, асархои пурбахо меофарнданд. Олимони зиёди ин давлат шухрати чахони пайдо намуда буданд. Имруз хам номи онхоро ахли илму фарханги муосир бо хурмату эхтиром ба забон мегиранд.

Азбаски олимони машхури давлати Сомониён нихоят бисёранд, мо танхо теъдоди ками онхоро ном мебарем.

Оид ба илми таърих. Абубакри Наршахи бо “Таърнхи Бухоро” ва Абучаъфари Табари бо “Таърихи пайгамбарон ва шоххо” ё худ ‘Таърихи Табари-и худ машхур мебошанд.

Оид ба илми тиб. Закариёи Рози. Муаллифи асархои машхури “Китоб ал-чидори ва-л-хасба”, “Китоби Мансури”, “Ал- Хови” (иборат аз 20 чилд) мебошад.

Абуали ибни Снно бузургтарин олими сохаи тиб аст. Китоби у “Конун  и тиб” ба аксарияти забонхои бонуфузи чахон тарчума ва чоп шудааст.

Оид ба илми кимиё. Чобир ибни Хайён дар масъалаи пайдоиши маъданхо тадкикот гузаронида, аз худ асархои сершумори дорои ахамияти чахониро боки гузоштааст.

Оид ба илми чугрофия. Асархои чугрофияшиноси машхур Мансури Марвази “Китоб аз боби хирочи Хуросон”. Ахмади Сарахси “Аз боби бахрхо, обхо ва куххо”ва “Ал-масолик ва-л-мамолик”. Абузайди Балхи “Тасвири иклимхо”, “Намудхои мамлакатхо” ва “Таксимоти шахрхо” ин илмро ба зинаи боз хам баландтари тараккиёт баровардаанд.

Оид ба илми риёзи. Мухаммад ал- Хоразми бо асархои “Китоб-ул-чамъ ва ут-тафрик ба хисоб-ул-хинд” ва “Китоб- ул-мухтасар фи хисоб-ул-чабр вал мукобала” ва Абумансури Балхи бо кариб 40 асари илмии худ дар пешрафти илми риёзи сахми бузург гузоштаанд.

Оид ба илми нучум. Абулаббоси Фаргонй “Китоб аз боби харакати чирмхои осмони ва мачмуи илм оид ба ситорахо”-ро таълиф намуда, ба ин илм навгонихои зиёдро ворид намудааст.

Олимони хамадон. Ба ин кабил олимон, ки хамаи илмхои замони худро аз бар карда, оид ба онхо асархои пуркиммат эчод намудаанд, АбуАли ибни Сино, Абунасрн Фороби, Абурайхони Беруни, Мухаммад ал-Хоразми, Закариён Рози, Абулвафои Чузчони, Абузайди Балхи ва Мухаммади Наршахи дохиланд.

Бо вучуди хамадон будан хар кадоми онхо дар илмхои алохида макоми хоса доранд. Ин аст, ки АбуАли ибни Сино дар илми тиб машхури олам шудааст, Абунасри Форобиро аз бузургтарин файласуфи шарк эътироф кардаанд, Мухаммад ал- Хоразми асосгузори яке аз кисмхои илми рнёзи – алгебра мебошад. Хуллас, хар кадоми онхо дар илм накши бузург гузоштаанд.

АДАБИЁТ. Сардафтари адабиёти классикии форсу точик Абуабдуллохи Рудаки руйхати адибони номии давраи Сомониёнро сарвари менамояд. У саромади шеър ва барои хама шоирони форсу точик устод ба хисоб меравад. Шеърхои Рудаки равону фахмо ва пур аз панду хикматхоанд. Ба монанди:

Ин чахоиро нигар бо чашми хирад,

На бад-он чашм, к-андар у нигари,

Хамчу дарёст, в-аз накукори

Киштие соз, то бад-он бигзари.

Бузургии Рудакиро шоири асри XI Рашидии Самарканди чунин васф кардааст:

Гар сари ёбад ба олам кас ба неку шоири

 Рудакиро бар сари он шоирон зебад сари.

Шеъри уро бишумурдем сездах рах сад хазор,

Хам фузун ояд чунон ки бояд бишмири.

Шоири дигари бузурги форсу точики замони Сомониён Абулкосим Фирдавси мебошад. “Шохнома”-и безаволи у аз бехтарин асари ватанпарасти мебошад. Мисрахои алохидаи он ба ганчинаи панду хикматхои бузургони чахон ворид шудаанд. Ба монанди:

Хамон марг хуштар бо номи баланд,

Аз ин зистан бо харосу газанд.

Ё ки:

Хар к-у ба бедод чуяд набард,

Чигархаста боз ояд руйзард.

Гайр аз Рудакию Фирдавси дар давлати Сомониён шоирони зиёди дигар зиндаги ва зчод кардаанд. Дар байни онхо Шахиди Балхи. Абумансури Дакики, Абулхасани Марвази. Абушакури Балхи, Абулмасали Бухорои, Мунтаснри Сомони, Муроди, Робиаи Балхи, Хусравони, Маъруфии Балхи, Шокири Бухорои, Фаролови, Мунчики Тнрмизи ва боз даххо шоирони машхур низ хастанд, ки дар ташаккули адабиёти форсу точик сахми бузург гузоштаанд.

ЛУГАТ

Мударрис – устоди мадраса.

Олимони хамадон – он олимоне, ки хамаи илмхои замони худро дар сатхи нихоят баланд медонанд ва оид ба онхо асархо эчод кардаанд.

Забони дари – яке аз шохахои забони точики.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …